arzon replenishment
Тоҷикбачаи ғарқи хун дар морги Маскав
10703


Тавре ки як муҳоҷирзани тоҷик бо исми Гулрух Алифбекова хабар медиҳад, субҳи рӯзи 28-уми октябр тахминан соатҳои 7-и пагоҳӣ, ҳангоми ба кор рафтан муҳоҷири тоҷик Назаров Маҳмадназар Фураймнович ба садамаи нақлиётӣ гирифтор гашта, дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурдааст.

Ҷасади ин ҷавони 18-сола айни замон дар морг-сардхонаи наздикии метрои шаҳри Маскав қарор дорад.

Марҳум зодаи шаҳри Душанбе буда, ҳамин сол мактаби миёнаро хатм намудааст. Маҳмадназар дар оила писари ягона буд ва бо умеди пайдо кардани ризқу рӯзии волидону пайвандонаш баъди хатми мактаб рӯ ба муҳоҷират овард. Ин ҷавони ормонӣ дар дил як ҷаҳон умеду орзуҳои ширин мепарварид, аммо марги беамон ҷони ҷавонашро дар мулки ғурбат ба сахтӣ рабуд.


Мо соҳиби хонаю дари обод ва ду писари нозанин ҳастем. Зиндагиамон ширу қаймоқ барин ширин аст, вале як чиз маро...


Аз касоне, ки ин ҷавонро мешиносанд, эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки ба падару модар ва хешу табораш хабар диҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Ёдгор Умаров 2019-10-29, 11:18
Худовандо ба рахматат гирифтор кун .
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Ёдгор Умаров 2019-10-29, 11:18
Худовандо ба рахматат гирифтор кун .
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД