Sebiston new 2024 october
Тоҷикон дар Маскав сӯхта хокистар шуданд
9613

Субҳи имрӯз дар ноҳияи Ременскии Маскав сӯхтор ба амал омада, боиси талафоти ҷонӣ гашт.

Фағонаи оташ 6 нафар муҳоҷиронро ба коми худ кашидааст.
Ҳамаи қурбониёни сӯхтор шаҳрвандони Тоҷикистон буданд ,-хабар медиҳад Sputnik.
Тавре ки ин манбаъ менависад, сӯхтор субҳи содиқ дар деҳаи Нестерево ба амал омада, гармхона оташ гирифтааст. Сабаби сар задани ин фоҷиа то ҳол муаян нагаштааст, вале мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия сӯхтор дар масоҳати 240 метри квадратӣ паҳн гашта, сӯхторхомӯшкунандагон бо азобҳои алим пас аз чанд соат онро хомӯш намудаанд.


Муддати 10 сол аст, ки наздиконаш Муҳаммаднаимро ҷӯстуҷӯ доранд, вале то ҳол аз ин ҷавони 28-сола ягон хату хабар пайдо нашудааст.


Аз 7 нафар зарардидагони ин сӯхтор танҳо як нафар зинда монда, айни замон дар беморхона дар ҳолати вазнин мехобад.
Дар ин сӯхтори даҳшатангез беш аз ҳама муҳоҷирони тоҷик зарар дидаанд. Ҳамаи 6 нафар қурбониёни алангаи оташ дар деҳаи Нестерево шаҳрвандони Тоҷикистон буданд ва ҷони ширини худро дар байни шӯълаҳои пурсӯзи оташ, ки ҷаҳаннамро ба ёд меовард, аз даст доданд.

Ба ин монанд боз як фоҷиаи дигар дар шаҳри Тюмени Русия рӯй дода, мошини калони боркаш ба автобусе, ки мусофиронаш асосан муҳоҷирони меҳнатии тоҷик буданд, бар хӯрд. Ин садама низ талафоти ҷонӣ ба бор оварда, чанд нафар тоҷикон дар натиҷаи бархӯрди ду мошин ҷон ба ҷонофарин супурданд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД