Formula novemver 2024
Таксисти тоҷик дар Русия бе ному нишон гашт
3508

 

Як муҳоҷири тоҷик, ки соли 2010 барои ба даст овардани қути лоямут роҳ ба Русия пеш гирифта буд, бе ному нишон гаштааст.

Тавре ки Хусрави Атовулло дар саҳифаи шахсияш дар фейсбук хабар додааст, ин ҷавон Абдураҳимов Муҳаммаднаим Муставоевич ном дошта, соли таваллудаш 1991 мебошад. Ба гуфтаи яке аз наздиконаш Муҳаммаднаим ба ҳайси таксист дар шаҳри Маскав кор мекардааст. Аввалҳо кораш хуб буд, вале як шаби наҳс ӯ ба иҷорахонааш бар намегардад ва бо ҳамин ин таксисти тоҷик бе ному нишон гум мешавад. Муддати 10 сол аст, ки наздиконаш Муҳаммаднаимро ҷӯстуҷӯ доранд, вале то ҳол аз ин ҷавони 28-сола ягон хату хабар пайдо нашудааст.


Ман ҳамчун муовини раиси ҷамоат барои аз бадмастӣ гардонидани Холматов борҳо ҳамроҳи бародараш ба хонаи ӯ рафта будем, аммо на ба ман гӯш карду на ба фарзанди падараш.

 


Пайвандони Муҳаммаднаим Абдураҳимов аз тамоми муҳоҷирони тоҷик ва касоне, ки дар бораи ин ҷавон чизе медонанд, хоҳиш ва илтимос доранд, ки ҳатман ба рақами 93-180-77-81 занг зада, хотири озурдаи онҳоро шод гардонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД