Навраси 10-солаи тоҷик Бахтиёр Усмонов натанҳо дар Маскав, балки дар тамоми Русия машҳур гаштааст.
Ин писарак дар шаҳри Хабаровск зиндагӣ мекунад ва рафиқашро, ки ба даруни коллектори ҷӯшон афтида буд, аз марг наҷот додааст.
"Оилаи мо аз Бахтиёр беҳад миннатдор аст, зеро бо шарофати ҷасорати ӯ писарам зинда монд ",-мегӯяд падари писараки наҷотёфта.
Барои ин қаҳрамонияш номи писарбачаи тоҷик, ки дар синфи сеюм мехонад, ба қатори 20 нафар бачаҳое дохил гардид, ки аз ҷониби Валентина Матвиенко ва Виктор Золотов мукофотонида мешаванд. Бахтиёр дар мактаби кадетӣ таҳсил мекунад, шуғли дӯстдоштааш футбол буда, орзуи офитсер шуданро дорад.
Мо мутмаинем, ки дигар муҳоҷирони тоҷик низ бо ҷасорат ва кӯмаку дастгириҳояшон дар олатҳои фавқулода ном бароварда, миёни дигар халқу миллатҳо номи миллати тоҷикро баланд мебардоранд.