Formula september
Вилояти Суғд: Абдумавлон занашро бӯғӣ карда кушт
4338


Аз ин ҳодисаи нохуш қариб як моҳ гузашта бошад ҳам, сару садоҳо дар бораи куштори зан ба дасти шавҳар то ҳол хомӯш нагаштаанд.

Яке қотилро гунаҳкор намуда, мегӯяд, ки наход мард ҳамсарагш, модари фарзандонашро бо чунин бераҳмӣ ба қатл расонад дуввумӣ гуноҳро ба гардани мардум бор карда “занаки каппа калон шарм надошта арақ мехӯрд, оқибат худо ҷазошро дода, бо дасти шавҳараш кушта шуд” мегӯяд, саввумӣ фарзандони ин оиларо гунаҳкор месозад, ки аз ҳоли падару модар хабар намегирифтанд ва пиру кампир танҳо монда, оқибат зиндагиашон бо фоҷиа анҷом ёфт...

Барои фаҳмидани асли гап мо роҳи деҳаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро пеш гирифтем.

Раис чӣ мегӯяд?
Абдуқодир Ҷӯраев, муовини раиси ҷамоат баъди воқиф гаштан аз мақсади мо лаҳзае сар ба ҷайби андеша кашид ва пасон оҳи сард кашида гуфт:
-Оилаи Холматов Абдумавлон оилаи ноустувор ба шумор мерафт, чунки зану шавҳар ҳарду бекорчӣ ва майзада буданд. Ин оила аз ӯҳдаи тарбияи фарзанд низ баромада натавонистанд, писару духтари калониашон соҳиби зиндагии обод бошанд ҳам, писари хурдиашон душвортарбия баромад. Мақсуд Холматов дар сари дуздӣ ба даст афтида ба мӯҳлати 5 сол ҳабс шуда буд, аммо баъди қонуни авф баромаду ӯро озод намуданд. Ба ҷойи худоро шукр гуфтан ин бачаи беақл боз даст ба дуздӣ зад. Айни замон дар СИЗО аст. Алами ба маҳбас афтидани писари эркаашон барои ин зану шавҳар баҳона шуд ва қасдашонро аз арақ мегирифтагӣ шуданд. Ман ҳамчун муовини раиси ҷамоат барои аз бадмастӣ гардонидани Холматов борҳо ҳамроҳи бародараш ба хонаи ӯ рафта будем, аммо на ба ман гӯш карду на ба фарзанди падараш.


Ситораи №1-и эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё рӯзҳои 24-25-уми август дар доираи барномаи мубориза алайҳи бемории сил дар амфитеатр консерти хайриявӣ баргузор намуд.


-Ин фоҷиа чӣ гуна сар зад ва сабаби куштори зан чист?
-Рӯзи 6-уми декабр дар деҳа шумхабари занашро куштани Абдулмавлон барқсон паҳн гашт. Бо шунидани ин хабари нохуш мо зуд роҳи хонаи ӯро пеш гирифтем. Занаш дар рӯи хона беҳуду беёд хобида буд. Ростӣ, аввал гумон кардем, ки дарди дилаш хурӯҷ намудааст ва зуд ба “Ёрии таъҷилӣ” занг задем. Духтурон омаданд ва набзашро санҷида гуфтанд, ки дар натиҷаи баста шудани роҳҳои нафас, яъне буғӣ кардан зан кайҳо фавтидааст. Азбаски дар гардани Холматова изи ангуштони шавҳараш боқӣ монда, гарданаш каб-кабуд шуда буд, кормандони милиса Абдумавлон Холматовро ҳамчун гумонбар дар куштори ҳамсараш дастгир карда бурданд. Дар шӯъбаи корҳои дохилӣ вай ба гунҳаш иқрор шуда гуфтааст, ки занашро маст дида, дар сари қаҳру ғазаб бӯғӣ карда куштааст.
-Шумо гуфтед, ки зану шавҳар ҳарду бе кор ва писари хурдиашон дар маҳбас буд. Пас онҳо зиндагиашонро аз кадои ҳисоб пеш мебурданд?
-Писари калониашон аз ноҳияи Ашт зан гирифта дар ҳамон ҷо кору зиндагӣ мекунад, аниқтараш хонадомод аст. Падару модарашро асосан ӯ нигоҳубин мекард. Духтарашон низ гоҳ-гоҳ ба вёдат омада, кам-кам ёрӣ мерасонд.

Хона не, лонаи чуғз
Пас аз сӯҳбат бо муовини раиси ҷамоат мо хостем бо пайвандони марҳум ҳамсӯҳбат гардем, вале дару дарвоза маҳкам буд ва манзили бе соҳиб мондаи Холматовҳо лонаи чуғзро ба ёд меовард. Писари калонӣ баъди гузарониди маъракаи дафн ба ноҳияи Ашт баргаштаасту духтарашон аз паси зиндагии худ оворааст, зан дар зери хоку падару писар СИЗО. Худо чунин рӯзи сиёҳро ба ҳеҷ кас нишон надиҳад!
Фарзона Муродӣ
Хуҷанд-Б. Ғафуров-Хуҷанд

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД