Sebiston new 2024 october
Фоҷиаҳои солинавӣ дар Турсунзода, Бадахшон ва Суғд
5266

Соли нав яке аз дӯстдоштатарин идҳои мардуми тоҷик ба шумор меравад. Ҳарчанд баъзеҳо ин идро ба дини масеҳӣ ва урфу одати масеҳиён нисбат дода, ҷашн гирифтанашро барои мардуми мусалмон амали нораво меҳисобанд, вале аксари мардум бо беқарорӣ фаро расидани соли нави мелодиро интизорӣ мекашанд.

Мутаассифона, ягон ид, аз ҷумла ҷашни соли нав низ бе фоҷиа ва қурбонӣ намегузарад. Имсол низ дар арафаи соли нав дар баъзе нуқтаҳои кишварамон ҳодисаҳои нохуш ба амал омада, боиси марги одамони бегуноҳ гаштанд. Аз ҷумла рӯзи 29-уми декабри соли 2019 сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён Сафаров Сорбонҷон Комилҷонович, ронандаи автомашинаи Опел-Астра ҳангоми ҳаракат дар роҳ дар ҳудуди деҳаи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Турсунзода аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромада Аскаралӣ Худойбердиеви 40-соларо пахш намуд. Пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Худи ҳамин рӯз, тақрибан соати 22:00-и шаб ронандаи мошини тамғаи Мерседес-Бенс Ахмедов Боирҷон Раҳматович, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми рондани мошин дар ҳудуди деҳаи Обҷувози шаҳри Истаравшан ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда, бо мошин ба ҷарӣ сарозер шуд.


Нилуфар Саидова, як истифодабарандаи фаъоли фейсбук аз сар задании сӯхтор дар тарабхонаи Ҳоҷиён хабар додааст.


Дар натиҷа мусофирони мошин Ахмедова Шарофат Мамадҷоновна, соли таваллудаш 1983 ва ноболиғ Ахмедова Дилором Боирҷоновна, соли таваллудаш 2002 ҷароҳатҳои вазнин бардошта дар беморхона бистарӣ шуданд. Ахмедов Шариф Боирҷоновичи 16 сола бошад, бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ба ҳамин монанд як садамаи хунини дигар дар Бадахшон сар зада, боиси талафоти ҷонӣ гашт. Тавре ки ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи 31-уми декабри соли 2019, тахминан соатҳои 19:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «УАЗ-469», Худоназаров Ёрмамад Озодмамадович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Мурғоб, ҳангоми ҳаракат дар километри 930-юми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғоб-Қулма аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ашимов Идрис Эшбоевич, соли таваллудаш 1997, сокини деҳаи Мурғоби ноҳияи Мурғобро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Ашимов И.Э. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Мо бори дигар аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт ва ҳамчунни пиёдагардон хоҳиш менамоем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд ва ҳаёти худу дигаронро дар хатар нагузоранд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД