Sebiston new 2024 october
Суқути ҳавопаймо боиси марги 7-нафар гашт
3938

Ҳавопаймои ширкати Bek Air, ки ба самти Алма-Ато-Нурсултон парвоз мекард, ба садамаи фалокатбор дучор шудааст.

Бино ба иттилои tengrinews.kz, 27 декабри соли 2019 соати 07:22 ҳавопаймои рейси № Z2100 ширкати ҳавопаймоии Bek Air, ҳангоми парвоз ба самти Алма-Ато-Нурсултан баландиро аз даст дода, бо девори бетонии бинои дуошёна бархӯрд. Корҳои наҷотдиҳӣ сари вақт оғоз ёфт ва ҳавопаймо оташ нагирифт.
Гуфта мешавад, ки айни ҳол шумораи фавтидагон 7-нафарро ташкил медиҳад. То муайян шудани сабаби суқути ногаҳонӣ, ҳаракати ҳавопаймоҳои ширкати мазкур муваққатан мавқуф гузошта мешаванд. Дар ҳавопаймо 95 мусофир ва 5 аъзои экипаж ҳузур доштанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД