Formula novemver 2024
Марги фоҷиабори 4 узви як оила дар Норак
7162

Тавре ки яке аз истифодабарандагони фаъоли интернет бо исми Сафари Шукур дар фейсбук хабар додааст, рӯзи 29-уми декабр дар шаҳри Норак 4 узви як оиларо ба хок супурдаанд.

“Акаи Зард ва акаи Амирбек – сокинони ҷамоати Пули Сангин рӯзи 28-уми декабр дар роҳи бозгашт аз тӯйи хешовандонашон дар мавзеи Сурхтеппа дар наздикии нақби “Хатлон” дар ағбаи Чормағзак ҷон бохтанд: омадааст дар хабар.
Дар ин садамаи хунин бар асари бархӯрди ду мошин дар Сурхтеппа ҳамчунин 4 нафари дигар, ки аз ноҳияи Мӯъминобод ба Душанбе раҳсипор буданд, ба ҳалокат расидаанд.
Марги чаҳор нафар узви як оила фоҷиаи гӯшношуниде буд. “Ду ошёнаи масҷид, долони масҷид пур аз одамони ҷанозахон буд. Дар як лаҳза 4 намози ҷаноза хондем. Баъзеҳо баъди баровардани 4 тобут аз хона касал шуданд, чунки нахустин бор фоҷиаеро бо чунин азимӣ дида буданд. Тасаввур кунед, дар як рӯз 4 нафар аз як оила, акаву додар бо занҳояшон шаҳид шуданд. Ҳама дар айни авҷи камолот, синну солашон аз 50 боло” навиштааст шоҳиди ҳодиса Сафари Шукур.


Масоҳати сӯхтор 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва оташнишонҳо тавонистанд давоми як соат бо истифода аз 9 мошин оташро хомӯш кунанд.

 


Фарзандони акаи Зард ва акаи Амирбек бо шунидани ин хабари шум ба зудӣ аз муҳоҷират омаданд, то бори охир чеҳраҳои волидони хешро бубинанд. Афсӯс ба эшон танҳо дидани ҷисмҳои бе ҷон ва дар хун ғарқи азизонашон муяссар гашту халос...
Мо ба пайвандони ҷигархуни ин хонавода дар таҳаммули ин фоҷиаи азим аз даргоҳи худованд сабри ҷамил хоста, аз тамоми ронандагон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд ва ҳаёти худу дигаронро дар хаар нагузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД