Sebiston new 2024 october
Фаврӣ: Боз як тоҷир хонасалот шуд
6111


Нилуфар Саидова, як истифодабарандаи фаъоли фейсбук аз сар задании сӯхтор дар тарабхонаи Ҳоҷиён хабар додааст.

Ба қавли Нилуфар сӯхтор тахминан соатҳои 1-30-и шаб сар зада, тарабхонаи Сафо, ки бо дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, аниқтараш дар назди бозори Саховат воқеъ гаштааст ва пештар бо номи Ҳоҷиён машҳур буд, ба коми оташ рафтааст.

Ба қавли ин шоҳиди ҳодиса ҳангоми расиши ноқилҳо пардаи тиреза оташ гирифта, сӯхтори азиме сар задааст, ки бар асари он ошхона, долон, дару тереза ва мизу курсиҳои тарабхона пурра сӯхта хокистар гаштаанд.
Азбаски сӯхтор нимашаб сар зада буд, соҳибону кормандони тарабхона ва сокинони биноҳои гирду ароф дар ин вақт масти хоб хоб буданд ва аз сар задани сӯхторбехабар монданд. Танҳо баъди аланга задани оташ муҳофизони бозор ба хадамоти сухторхомушкунӣ хабар додаанд, аммо то расида омадани эшон тарабхона пурра ба коми оташ рафтааст.


Дигар ҳатто рӯйи шавҳари золимамро дидан намехоҳам, вале тақдири ду фарзандам маро ба андеша мебарад, ки агар аз падари кӯдаконам ҷудо шавам, ҳоли ин ду тифлаки бегуноҳ чӣ мешуда бошад.


Ин бори аввал нест, ки чунин сӯхтори азим дар шаҳри Душанбе сар мезананд, қаблан низ ду-се маротиба бозори Корвон ва дигар нуқтаҳои бузурги тиҷоратӣ ба коми оташ рафта, тоҷирон зарари калони иқтисодӣ дида буданд, бинобар ин, мо аз тамоми сокинони кишвар хоҳиш менамоем, ки бо қувваи барқ эҳтиёткорона муносибат намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД