Чанд лаҳза қабл Хосиятхон Комилова дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод, ки дар шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи нави панҷситорадор воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 127 сӯхтор ба амал омадааст.
Хадамоти оташнишонии ВКД сабаби сӯхторро ҳанӯз шарҳ надодаанд. Тибқи манбаъ ҳамаи мошинҳои оташнишонӣ сари вақт ба ҷойи ҳодиса фиристода шуданд.
Сохтмони иншоот, ки фармоишгари он Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ аст, ширкати холдингии “Исмоили Сомонӣ — асри 21” мебошад.
Маросими оғози бунёди меҳмонхонаи мазкур 15-уми марти соли 2006 баргузор шуд. Он замон буҷаи умумии сохтмон 30 миллион доллар ҳисоб карда шуд.
Иншооти панҷситорадор дар хиёбони Рӯдакӣ 127-и пойтахт ҷойгир буда, масоҳати он 1,5 гектар аст. Интизор меравад, ки бинои меҳмонхона аз 350 ҳуҷра бо масоҳати умумии 20 ҳазор метри мураббаъ иборат хоҳад буд.