Formula novemver 2024
МИЛЛИОНЕРИ 7-ЗАНА ҲАЁТАМРО СӮХТ (Қисми 2)
16.10.2019
Назира
3054

(Идомааш)

Найрангҳои мӯйсафед

Се моҳа ҳомиладор будам, ки рафтори шавҳари мӯйсафеди пулдори ман тағйир ёфт. Беҳуда дағалӣ мекард, ҳафт пуштамро дашном медод.

Сабаб пурсам, девона шуда ба сарам мушт мебардошт. Гумон доштам, ки дар корхонааш ягон мушкилот дорад ва борони қаҳру ғазабашро ба сари кӣ рехтанашро надониста бо ман дӯғу пӯписа мекунад, вале баъдтар фаҳмидам, ки зери коса нимкосаи дигаре ниҳон будааст. Оиладориамонро шаш моҳ нашуда шавҳарам ба болои мани 18- сола зани дигар гирифт. Арӯси нави ин мӯйсафеди пулмаст духтараки 16 солаи зебое буд.

Шарти арӯси нав
Ниҳоят ҷавон бошад ҳам, ин духтари шаттоҳ аз рӯзи аввали ба хонаи шавҳар қадам ниҳоданаш чунон корҳое кард, ки аз дидану шуниданаш даҳони кас воз мемонад. Вай аз мардакаш, яъне аз шавҳари мо талаб намуд, ки ҳавлиро ба номи ӯ гузаронад ва барояш мошини ҶИП харида диҳад. Аз афташ мӯйсафед ӯро сахт дӯст дошта будааст, ки талабашро бе чуну чаро иҷро намуда, хонаро расман ба номаш ҳуҷҷат карда дод ва барояш мошини бадвоҳимаи сиёҳшиша тақдим намуд. Талаби кундоши навам агар танҳо ҳамин мебуд, шояд чандон намесӯхтам, вале он аҷиначаи гӯрсӯхта дар байни палонҷҳояш маро рақиби асосӣ дониста назди мардакамон шарт гузошт: Аз ҳардуямон якеро интихоб мекунӣ: ман ё ҳамин занат!
Шавҳарам, ки аллакай ғуломи ҳалқабаргӯши зани наваш гашта буд, мани ҳомиладорро ба кулбаи нимвайронаи модарам оварда монд. Гиристам, зориву тавалло намудам, ки маро бо шиками дамида дар миёни чорсӯи зиндагӣ танҳою зор партофта наравад, вале шавҳарам аз ман сабру тоқат тақозо намуда, гуфт:
-Пас аз таваллуд карданат ман омада туро мебарам. Худо хоҳад, боз дар шароити хуб зиндагӣ мекунӣ, ба шарте, ки пурбардошт бошӣ!
Инро гуфта шавҳарам рафту ман мисли қаҳрамони афсонаи “Моҳичаи тиллоӣ ” боз дар кулбаи вайрона бо карсони шикастаю чашмони гирён мондам.


Мошинҳои орододашуда, ки дар яке аз онҳо Мавзунаи гуларӯсак менишаст, гӯё нафасгир шуда теппаи куҳиро бо азоб боло шуданд.

dnqLgrxpvgbD52htSFJ5E28wuLWQ1j3V2EFONoTT


 Тасалло

Албатта, осон набуд таҳаммули ба болоям зан гирифтани шавҳари мӯйсафедам, вале бо умеди он, ки бо мурури вақт ба худ омада маро боз ба хонааш мебарад, тоқат мекардам. Бесаброна поёни шаби сиёҳро интизор будам ва гоҳо бо тифлаки батнам гуфтугӯ карда, худро чунин тасалло медодам: “Зиқ нашав бачаҷон, дадаҷонат ману туро намепартояд. Медонӣ, ки падари ту чи қадар марди сарватманд аст. Вай туро хору зор шудан намемонад. Ба дунё, ки омадӣ, албатта дар ҳавлии қасрмонанди падарат шоҳзодаҳо барин зиндагӣ мекунӣ...”

Байни маргу зиндагӣ
Моҳҳо сипарӣ гардида, фурсати зоданам фаро расид. Модарам ба шавҳарам занг зад, то омада маро ба таваллудхона барад, аммо телефонаш ҷавоб надод. Илоҷи дигар наёфта маро бо мошини бачаи ҳамсоя ба зоишгоҳ бурданд. Ҳолатам бисёр вазнин буд. Ду рӯз дард кашида, таваллуд карда натавонистам. “Ҳамин хел давом кардан гирад, ҳам худаш мемираду ҳам бачааш ” гуфтанд духтурҳо ба модарам ва таъкид намуданд, ки роҳи ягонаи наҷот додани ману фарзандам ҷарроҳии чоки қайсар аст. Модарам боз ба шавҳарам занг зад, вале мӯйсафеди гӯрсӯхтаам ҳатто гапашро то охир гӯш накарда, телефонашро хомӯш кардааст. Бечора кампир домоди сарватманд, вале хасисашро дуоҳои бад карда, назди ким-кадом шиносҳояш рафту пул қарз гирифта омад, то ҷони мани беақлро аз марг раҳонад.

Шодию ғам
Бо роҳи ҷарроҳӣ писарчаи дӯстрӯяке ба дунё овардам, аммо шодиам бо ғам омехта гашт. Духтурон афсӯс хурда гуфтанд, ки ҳамроҳак ба бачадон часпидаасту илоҷи дигар наёфта, онро бурида гирифтаанд ва ман дигар фарзанддор намешавам. Дилам хиҷил шуд, вале модарам ба ҳаминаш ҳам шукр мегуфт, ки намурда фарзандамро ба дунё овардам.

“Шоҳзода ”-и харсавор
Як ҳафта пас маро аз таваллудхона ҷавоб доданд. Қариб ҳама ҷавонзанҳои бори аввал модаршуда ва тифлаконашонро шавҳарҳояшон бо мошинҳои зебои бо хирсаку харгӯшакҳо ородода ва гулу гулдастаю карнаю сурнай аз таваллудхона мебароварданд, вале мардаки ман ҳатто ҳавсала накард, ки як бор барои дидани писарчааш биёяд. Ҳамин тавр маро мисли бевазанҳои бесоҳиб модарам хоксорона аз таваллудхона бароварда бо такси ба кулбаи вайронааш бурд.

Чашм ба роҳ
Гумон доштам, ки фарзанд дили шавҳарамро ба зиндагӣ гарм мекунад, аммо баръакс, баъди писардор шудан ин мӯйсафеди фарзандбезор батамом дилхунук шуда монд. Хешу табор ба хонаамон кӯдакбинӣ омада, афсӯсхӯрон мегуфтанд, ки беҳуда ба як марди калонсол ба шавҳар баромада, худамро ҳайф кардам, вале суханони онҳо ба назарам бадхоҳӣ менамуданд. Гумон мекардам, ки зани миллионер шуданамро дида, аз рашку ҳасад чунин гапҳоро мегӯянд. Бахт аҷаб чизи ширин будааст, шавҳарат маймун бошад ҳам, баъди никоҳ дар чашмат беҳтарин марди олам менамудааст. Мӯйсафедамро бо ҷону дил дӯст медоштам ва шабу рӯз чашмам ба дар интизорӣ мекашидам, ки кай меояду маро ба хонааш мебарад. Шавҳарам ягон бор ба аёдати ману писарчааш наомада бошад ҳам, ҳанӯз боварам намеомад, ки падари фарзандам моро партофтааст. Модарам насиҳат мекард, ки шабу рӯз ёди он пирхари занҷаллоб карда, худамро ҷигархун насозам, вале ба гӯши ман панду андарз намедаромад.

Талоқ
Чиллаи писарчаам баромаду аз падараш дарак нашуд. Косаи сабрам лабрез гашта, рӯзе аз модарам пинҳонӣ кӯдаки парпечамро гирифта ба хонааш рафтам. Шавҳарам маро бо қошу қавоқи овезон пешвоз гирифт ва ҳатто мурооти ба хона даромадан накарда, гуфт:
-Ман ҷавоби туро кайҳо додам, барои чӣ омадӣ?!
Бо шунидани ин сухан дунё дар назарам тираю тор гашт. Хостам худро дар пеши чашмаш оташ зада кушам, вале мӯйсафеди гӯрсӯхта “хонаи ман ҷойи маймунбозии ту нест, камбағалдухтари пойлуч ” гӯён, ба яке аз хизматгоронаш фармуд, ки ману кӯдакамро ба мошин шинонда хонаи модарам барад. Зорӣ намудам, ки ақаллан хотири фарзандаш маро ба хона роҳ диҳад ва кӯдакро сӯяш дароз кардам. Падараш бо кароҳат тифлаки парпечамро бо дасташ тела зада аз худ дур кард, гӯё кӯдаки ман ягон мараз ё махав дошта бошад.

Поёни салтанати миллионер
Оҳи зани ба шир мегирад мегӯянд, намедонам дуои мани бадбахт ӯро гирифт ё найрангҳояш фош шуданд, ки баъди се рӯзи ману фарзандамро аз дар берун карданаш шавҳарамро ба ҳабс гирифтанд. Ин хабарро аз забони як ҳамсояи шавҳарам шунида модарам худоро шукр гуфт, ки мӯйсафеди пулмаст бе ҷазо намонд. Миллионери номдори мо бо хариду фурӯши нашъа сару кор доштааст. Салтанаташ сар омада, тамоми молу мулкашро мусодира намуданд. Танҳо хонае, ки ба зани наваш туҳфа карда буд, монду халос. Аз маҳбас ба занаш занг зада, хоҳиш кардааст, ки хонаро фурӯхта ҷонашро харад, вале арӯси азизаш ӯро ҳатто шунидан нахоста, телефонро хомӯш кардааст. Ҳамин тавр миллионер ба муҳлати дурудароз зиндонӣ шуд. Модарҷонам ману фарзандамро парасторӣ карда истодааст. Кӯдакам калонтар шавад, дар ягон ҷо ба кор медароям, чунки фаҳмидам, инсон дар ин дунё бояд танҳо ба дасту бозуи худаш эътимод намояду халос.
Ба духтарон маслиҳат медиҳам, ки ҳеҷ гоҳ ба хотири пулу мол шуда, зани марди ба худашон номуносиб нашаванд. Беҳтараш хонанд, илму ҳунар омӯзанд. Донишу ҳунар бошад, пул худаш меояд!

Сайфиддинова Назира, омӯзгори мактаб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД