Sebiston new 2024 october
Роҳи хонаро фаромӯш кардӣ, ота?
1787

Салом падарҷон! Боз бароят мактуб менависам, боз дарди дили худу бародаронамро рӯи авроқи сафед рангрезӣ мекунам, то сатрҳои пуралами мо, писаронатро бихониву ба хонаву дарамон баргардӣ.

Муддати панҷ сол мешавад, ки аз дидорат бенасибем. Вақтҳое, ки хурд будем, тез-тез аз Русия занг зада, ҳолу аҳволамонро мепурсидӣ ва мегуфтӣ, ки дилат барои мо гум мезанад. Бо мурури замон мо калон шуда дастёри бе миннат гаштем, вале шуълаи меҳру муҳаббати падарӣ дар қалбат якбора хомӯш гашту дигар ёдамон накардӣ, падар! Пою қадаматро аз хонаву дарамон канда, дигар суроғамон накардӣ. Магар роҳи хонаатро фаромӯш кардӣ, дадаҷон?!
Модарамон ба беморияш нигоҳ накарда аз сари субҳ ба бозор медавад, то мо, фарзандонаш хору зори дари мардум нашавем. “Бачаҳоям аз гуруснагӣ намуранд” гуфта, рӯзи дароз ҷон мекоҳонад. Хайрият, ки ҳамин модарамон будааст, вагарна кайҳо гадои дар ба дару пеши пойи мардум мешудем. Модарам зан бошад ҳам, нангу номуси мардона дорад, аз ин хотир ҳама мушкилиро бар дӯши худ гирифта, нагузошт хориву зорӣ бубинем. Модарам мегӯянд, ки падаратон ҳамеша орзуи писар дошту Худованд оҳашро шунид. Падарҷон, ҳоло, ки мо, чор гулписари нозанинро Худованд бароят ҳадя намудааст, чаро ба ин неъмати Офаридгор ношукрӣ мекунӣ?! Ашкҳои модарам мисли борони баҳорӣ шашқатор ҷорӣ мешаванд, ҳар гоҳе, ки додарчаи хурдиам Диловар “падарам кай меояд?” гуфта, инҷиқӣ мекунад. Ба мо пулу пайса, велику мошинча ва хирсакҳои пашмини чандин сол пеш ваъдакардаат дигар лозим нестанд падар, вале ба дидори рӯят сахт муҳтоҷем, чунки фақат бегонаҳо не, имрӯз ҳатто худиҳо ҳам моро “Бепадар” гӯён, таънаю неш мезананд.

 


Ҳамасола дар қатори дигар муҳоҷирон ҳазорон нафар ронандагони тоҷик роҳи Русияро пеш мегиранд, то ризқу рӯзии фарзандонашро аз ин кишвари сард, вале паҳновар пайдо намоянд.

 


XMPv9Ugn6LLAQCBOTU9QfiyScwxeKDEe1jP1mMay

 
Отаҷон, чаро мо, бачаҳои падардор бояд таънаи бепадарӣ шунавем?! Дар ҳамон Русия чи ёфтаӣ, ки ба наздамон барнамегардӣ?!
Аз муҳоҷирони шаҳри Барнаули Русия хоҳиш мекунем, ки агар падари мо Сафарбекро бубинанд, албатта ба ӯ расонанд, ки дар деҳаи Лолазори Файзобод зану фарзандонаш бесаброна ӯро интизоранд!
Амирбек ва додаронаш: Дамирбек, Ёсинҷон, Диловар.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД