arzon replenishment
Маро ҳамроҳи писарам гӯр кунед!
3814

Бародарони гулдаст
Чанд сол боз писарони амаки Қурбон қатори дигар ҳамдеҳагону ҳамватанон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд.

Бародарон ҳунари устогӣ доштанду дар сохтмонҳои шаҳрҳои Россия кор мекарданд. Баҳору тобистону тирамоҳ кор мекарданду сардиҳои фасли зимистон, ки сар шуд, назди аҳли оилаашон омада аз паи кору бори рӯзгор мешуданд. Амаки Қурбон аз пули бо арақи ҷабин ёфтаи фарзандонаш аввал писари калонӣ, баъд дуюму сеюмашро хонадор кард. Соли 2011-ум барои писари чорум Ҳикмат арӯс фароварда, тӯйи осмонкаф оростанд. Маърака чунон зебо гузашт, ки қариб як сол дар забони мардум таърифи тӯйи Ҳикмат буд.

Муҳоҷир
Арӯси нозанини Ҳикмат Мавҷигул ҳанӯз ба муҳити хонаи хушдоман одат накарда, шавҳараш ҳамроҳи акаҳояш ба Россия мардикорӣ рафт. Мавҷигули нозанин мисли дигар духтарону ҷавонзанҳои ҳамқисматаш ба тақдир тан дода, хизмати хусуру хушдоманашро карда мегашт. Дар муддати се соли зиндагӣ ду маротиба аз шавҳари муҳоҷираш ҳомиладор шуда, вале тифлаконашро зинда ба даст гирифта натавонист. Аз чӣ бошад, ки тифлакон дар батни модар худ аз худ мемурданд. Ҳикмат ин навбат пеш аз ба Россия мардикорӣ рафтан ҳамсараш Мавҷигулро, ки моҳи охирини ҳомиладориро аз сар мегузаронд, ба оғӯш гирифта таъкид намуд, ки фарзандашонро эҳтиёт намояд, чизе ки лозим бошад, вай барои уву тифлакашон мефиристад. Ҳамин тавр зану шавҳари ҷавон хайрухуш карданд. Аз саломатии тифлаку ҳамсараш хавотир шуда, Ҳикмат тез-тез ба хона занг мезад ва ҳолу аҳволи Мавҷигулро мепурсид.

Хоби даҳшатнок
Як шаб модари Мавҷигул –Тоҷӣ хонаи духтарашу домодашро хоб дида, хавотир шуд ва сари субҳи он рӯз ба духтараш занг зада, ҳолу аҳвол ва саломатии домодашро пурсон шуд. «Ҳамааш хуб аст, ташфиш накашед очаҷон» гӯён, Мавҷигул модарашро дилпур намуду баъдан ба шавҳараш занг зада хандида гуфт:
-Ҳикмат, медонед, имшаб ба хоби модари ман даромадаед. Мулло азон нагуфта, занг заданду пурсиданд, ки саломатии домод чӣ хел аст.
Аз он тарафи гӯшӣ садои хандаи Ҳикмат ба гӯш расид:
-Аҷиб, чаро ман ба хоби модари худам неву ба хоби модари ту медаромадам?! Зану шавҳар хеле ҳазлу шӯхӣ карда хандиданд, бехабар аз он, ки ин хоб пайки сиёҳест аз фоҷиаи хунини қисмат…

Фоҷиа
Ду рӯз нагузашта ба хусуру хушдоман ва хешони наздики Ҳикмат хабари нохуш расид. Модари Мавҷигул ба хоби дидааш қоил шуда, ашк мерехт, вале аз духтари дуҷонаш ин сирри ҷигарсӯзро пинҳон мекард. Воқеаи мудҳише, ки рӯзи 20 июн дар шаҳри Санкт –Петербурги Россия ба Ҳикмат рух дод, ҳамаро ба даҳшат оварда, гирён кард. Ҳикмат ҳамроҳи акояш Амруллою амакаш Давлатёр ва як гурӯҳ ҳамдеҳагонаш аз маҳаллаи Ленинободи ноҳияи Шаҳритус дар сохтмони хонаҳои истиқоматӣ кору фаъолият мекарданд. Ҳангоми андоваи девори ҳаштуми қабат нохост пояш лағжида ба замин афтид. Вақти афтидан бо тамоми овоз дод зада, зорӣ мекард, ки ҷонашро аз марги яқин раҳонанд. Бародару амакаш аз ошёнаи ҳаштум ба замин «парвоз» кардани Ҳикматро дида, мисли мурғи посухта ба чор тараф медавиданд, вале ягон илоҷ наёфтанд. Ҳикмати паҳлавон ба замин заду хунаш дар як дам ҳавзча барин кӯл зад. Ҷавони бо аҷал даст ба гиребон аз бародараш, ки дар болои сараш ашк мерехт хоҳиш кард, ки ҳамсару фарзанди ояндаашро соҳибӣ кунад ва чашмонашро пӯшид. Ҳикматро ба мошини «Ёрии таъҷилӣ» бор карда, сӯи беморхона шитофтанд, вале ҷавони номурод ба беморхона нарасида дар роҳ ҳалок шуд.
Аҳли деҳа аз ин хабари шум огоҳ шуда, гирди хонаи Ҳикматино чарх мезаданд, вале падару модар ва ҳамсару хоҳаронаш аз фоҷиаи хунин бехабар буданд. Ҳамсараш гаштаю баргашта ба Ҳикмат занг мезад, вале телефонаш дастнорас буд. «Шояд ба ҷои дигар рафта бошад, ки гӯширо намебардорад» мегуфт худ ба худ Мавҷигули дунёбехабар. Модари зору бадбахташ Хайринисо бошад, умуман ба гӯшаи хайёлаш намеовард, ки фарзанди азизаш, ҷигарбандаш аз олам гузашт. Бечора модар аз куҷо медонист, ки Ҳикматаш ҳангоми аз чунин баландӣ ба замин афтидан чанд маротиба очаҷон гуфт, оҳ гуфт, воҳ гуфт, вақти ба ҷонофарин супурдани ҷони ҷавонаш об гуфт.

Паҳлавони ғарқи хун
Пас аз чор рӯзи воқеа ҷасади Ҳикмати номуродро ба Тоҷикистон, аниқтараш ба ноҳияи Шаҳритус оварданд. Он рӯз дар хонаи амаки Қурбон гӯё қиёмат қоил гашт. Модари аз марги ҷигарбанд бехабар баробари дидани тобути оҳанини писараш аз ҳуш рафту зани ҷавонашро аз тарсу даҳшат дарди зодан гирифт. Хайрият, ки табибон сари вақт ба имдодаш расиданд, вагарна охирин нишонаи Ҳикмати ҷавонмарг норасид ба дунё омада, шояд думболи падараш ба водии хомӯшон сафар мекард.

Маро бо писарам гӯронед
Мардум тобути хуншори Ҳикматро баланд бардошта мебурданд, модару ҳамсар ва хоҳару бародари ҷигархунаш наҳвакашон аз паси тобут давида, рӯю мӯяшонро меканданд.
-Пас аз чанд рӯз тифлаке ба дунё меояд, ки як умр дар орзуяш будӣ, чаро зану фарзандатро партофта меравӣ?! Ҳикматҷон, чароғи зиндагию бахти аввал, маро танҳо монда нарав!!!» аз паси тобут давида нола мекард Мавҷигули сиёҳбахт.

 


Ман 30-сола ва аслан аз Қазоқистон ҳастам. Пештар шавҳари қазоқ доштам, вале бо сабаби бисёр азият доданаш аз ӯ ҷудо шудам.


oSW9YBjCC2Mh7ESNNGRSRjXWzPw6egykfOnfDEmH
Модари ҷигархуни паҳлавони гулгулкафан аз қафои тобут медавиду фиғон мекашид: «Чаро маро намебаред. Бе Ҳикмат зиндагӣ ба ман чӣ даркор?! Маро ҳамроҳи писарам гӯр кунед, мардум! Дигар зистан намехоҳам, маро зинда ба зинда гӯр кунед.»
Кӯҳу дашту даман ҳамроҳи модар навҳа кашида, такрор мекарданд: «Маро ҳамроҳи писарам гӯр кунед!!!»
Худованд чунин рӯзи сиёҳро ба ягон бандааш раво набинаду ҳамаи муҳоҷирони тоҷикро нигаҳбон бошад!

Тоҷинисои Азиз

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Мухаммад 2019-10-04, 20:37
Алох Рахмат ва чояшро Чанат гардонад ва мо мардуми мухочиро аз балову офатхо ниго дорад.омин!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Мухаммад 2019-10-04, 20:37
Алох Рахмат ва чояшро Чанат гардонад ва мо мардуми мухочиро аз балову офатхо ниго дорад.омин!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД