arzon replenishment
Муслимаро гургҳо пора-пора карданд
2924

Муслима духтари зебою зираке буд ва гули сари сабади хонадон ҳисоб мешуд.

Духтари хурдӣ буду ба қавле эркаи хона. Онҳо дар як деҳае бо номи Шаршара, ки доманакуҳ буду аз паҳлуяш шаршарае ҷорӣ буд, зиндагӣ мекарданд. Дар баҳорон ин деҳа арӯси оростаро мемонд, зебою рангин мешуд, ба деҳа наздик шуда, аз бӯи гулу растаниҳои шифобахшаш масту ошиқи манзараҳои дилкашаш мешавӣ, духтарони шух мисли бузичаҳои кӯҳӣ аз баландиҳо натарсида, растаниҳои шифобахшро ҷамъоварӣ намуда, ба савдогарон фурӯхта, барои худ чизҳои зарурӣ ва зару зевари арзонбаҳо мехариданд. Духтарони ин деҳа бисёр чусту чолок буданд, ҳанӯз мактабро хатм накарда, хостгорҳо дари хонаҳояшонро охурча мекарданду мисли кана маҳкам мечаспиданд. Муслима ҳам яке аз онҳо буд. Занги охир садо доду пас аз баромади директори мактаб, духтараке шеъри “Хайр мактаб”-ро хонд, ҳама дар гиря шуданд. Шаб ҳама аъзоёни оилаи Муслима гирди мизи хӯрокхӯрӣ нишаста, хӯрок мехӯрданд. Ӯ ба ҳамаи аҳли оила эълон кард: “Ман хонданамро давом медиҳам. Духтур мешаваму ба аҳли деҳа кӯмак мерасонам. Худ ҳам соҳиби касбу кор шуда, гарданкаҷи ҳеҷ кас намешавам”. Муслима ин суханашро махсус ба апаҳояш гушрас кард. Ҳар норасоие, ки дар зиндагиашон мешуд, ҷони модари бечораро ба лаб меоварданд. Ҳама аз хӯрдану нӯшидан бозистоданду бо чашмони интизор сӯи падар нигоҳ мекарданд, ки ӯ чӣ мегӯяд. Дар дили модар тӯфон туғён мекард: “Худоё, моро аз хашми падараш эмин нигаҳ дор”. Ӯ аз тарс ба шавҳараш нигоҳ намекард. ”Оҳ, ин духтари беақл, аввал бо ман маслиҳат намекунӣ, ки ман оромона ва дар як вақти муносиб аз ниятат ба падарат гӯшрас мекардам. Оҳ Худоҷон, моро аз ин ҳолати ногувор раҳо кун.” Падар як табассум карду “Ту шайтонча, кадом касбро дӯст медорӣ?”-гуфта пурсид. Муслима аз хандаи падар шердил шуда:

-Ман духтур шудан мехоҳам ва пас аз хатми мактаб ба деҳаи худамон бармегардам,- гуфт.

-Майлаш, ҳуҷҷатҳоятро омода кун, саҳар меравем,-гуфт падар ва ҳама ҳайратзада буданд, ки Муслима чӣ хел дили падарро ёфтааст.

Саҳар дар тамоми деҳа овоза шуд ва ин як инқилобе буд, дар Шаршара, зеро то ба ҳол духтаре аз ин деҳа барои хондан ба шаҳр нарафта буд. Ӯ аз ҳама имтиҳонҳо бо сари баланд, бо баҳои аъло гузашт. Аз байн ду сол гузашт, ҳам мехонду ҳам дар бемористоне коромӯз шуда, чун ҳамшира кор мекард. Ҳар гоҳ, ки Муслима барои таътил ба деҳа меомад, хурсандии калоне барпо мешуд...

Муслима бо азму талошҳои зиёде мактабашро мехонд. Ҳатто дугонаҳояш борҳо исрор мекарданд, ки ба тӯй ё тамошо равем, вале баҳонае пеш оварда намерафт, то он даме, ки дари дилашро ишқ куфт ва ҷавони зебое бо як нигоҳ ӯро пойбанди худ карда, бе завлонаю банд сӯи худ кашид. Дар аввал Муслима инро ишқи даргузар пиндошта, ба он ҷавон таваҷҷуҳе намекард, аммо ишқ кори худро кард. Гоҳу – ногоҳ симои он ҷавон пеши назараш меомад, гоҳе худро дар либоси арӯсӣ медиду он ҷавонро гулдаста дар даст тасаввур мекард. “ Худоё, ба ман чӣ шудааст, ки аз хоби ширинам монда, хаёли он ҷавонро мекунам? Не! Ман бояд ҳар фикру хаёлро як сӯ монда, фақат хонаму ба ваъдаи додаам вафо кунам.

Ошиқ, ки шудӣ, зи ақл бегона машав,

Ҳар булҳавасро дида, афсона машав.

Хоҳӣ, ки моли дунё насибат гардад,

Илм омӯз, ҳунар омӯз, афсона машав.

Моҳе гузашту онҳо ба таътил баромаданд, модараш занг зада, ба Муслима гуфт:

-Агар ба деҳа омаданӣ шавӣ, занг зан, бародарат ба сари роҳат барояд.

-Майлаш модарҷон, то боздид.

Муслима пас аз анҷоми корҳояш бору буғчаашро бардошта, ба истгоҳ рафт. Дар роҳ ҳис кард, ки суробе аз қафояш меояд. Муслима тарсида, дав- давон назди ронандаҳое, ки мусофиронро интизор буданд, рафт. Вақте ба қафо баргашта нигоҳ кард, он ҷавон бо табассуми зебояш меистод:

-Чунон дав-давон омадӣ, ки аз давидан нафасгардон шудам, -гуфт ӯ.

-Шумо маро тарсондед, ба ман коре доштед?

-Ҳа, суроғаатро мегирифтаму падару модарамро ба хонаатон ба хосторӣ мефиристодам...

Гунаҳои Муслима сурх шуда, ба зӯр хайр гуфт ва ҷавон низ то боздид гуфта, то нопадид шудани мошин даст афшонд...

Садҳо дареғо аз ҷаҳон ширинзабонон мераванд,

Нашкуфта он гулҳои бахту навҷавонон мераванд.

Бишкуфта вақти навбаҳор гулдастаҳои бешумор,

Аз ин ҷаҳони бевафо садбаргу райҳон мераванд.

Ҳеҷ гоҳ дар гӯшаи хаёли ин навошиқон намеомад, ки ин вохӯрии аввалин ва видои охирин аст...

...Муслима чунон хурсанд буд, мехост парвоз кунаду ба деҳаи худ бирасад ва аз комёбиҳояш, ки ҳамаи имтиҳонҳояшро бо баҳои аъло супорида буд, ба аҳли оилааш нақл кунад. Ӯ раҳораҳ дар бораи он ҷавон фикр мекард. “Агар ба хонаи мо хостгор равон кунад, ҳама фикр накунанд, ки ман ба он ҷавон ошиқ шудааму рӯзи дароз бо ӯ будам? Хайр, ҳар чӣ бодо бод....” Онҳо ба деҳа наздик шуданд ва ронанда назди теппае истоду: «Хоҳарак, ин тарафашро пойи пиёда рав, роҳ вазнин гуфт”.

-Акаҷон, мегӯянд, ки дар гирду атроф гург пайдо шудааст, чандто гову моли мардумро дар пуштаҳо дарондаанд.

-Ҳамаи ин дурӯғ аст, духтари ҷавон ду-се қадам мезанию ба деҳа медароӣ...

Муслима аз якравии ронанда ҳайрон шуд, вале ба умеди ӯ нашуда, роҳашро давом додан гирифт. Ӯ ба модараш занг зада гуфт:

-Модарҷон, ман омадам, ҳарчанд ронандаро зорию илтиҷо кардам, то деҳа маро наовард. Оҳиста-оҳиста омада истодаам.

Модар бо талвоса:

- Духтарам, набиё, дар ҳамон ҷои омадаат ист, ҳозир бародаратро равон мекунам, -гуфт.

-Акнун дер шуд, ман роҳро нисф кардам.

-Духтарам исто, танҳо набиё...

–Барои чӣ ин қадар исрор доред, ҳозир ним соат нашуда, ман дар назди шумо мешавам,- гуфт Муслима.

-Натарс духтарам , Худо гуфта биё, ҳозир акаат мерасад.

Ин дам овози духтар ба гӯши модар таҳлукаомез расид:

-Модарҷон, ман гургҳоро мебинам, ана якто, ана дигараш...

-Духтарам натарс, ягон дарахт дар пешат нест?

-Не.

-Натарсида, дар ҷоят шин, ҳозир акаат мерасад. Оҳ духтараме, гуфтам дар ҳамон роҳ интизор шав.

Ларза дар бадани Муслима даромад, дилаш сиёҳ шуд, сар то по дарақ-дарақ меларзид. Ногоҳ аз чор тараф ҳайвонҳои бераҳм ӯро ба ҳалқаи худ гирифтанд. Муслима:

-Модарҷон, ман метарсам...

- Натарс, натарс духтарам, ҳозиракак акаат мерасад.

-Модарҷон, онҳо чунон ғуррос мезананду аз чашмонашон оташ меборад, ки...

Гургони гурусна болои сари Муслима ҷамъ шуданд, модар овози гургҳоро шунида: “Оҳ духтарам, оҳ духтаракам” гӯён, аз ҳуш рафт...

Сайр мекардам миёни кӯҳу дашт,

Дар дилам ногоҳ сиёҳӣ даргузашт.

Чун расидам бар сари як ҷой ман,

Ларзае афтод сар то пои ман.

-Алло модарҷон, модарҷон, онҳо ғуррос доранд. Модарҷон, ман ҳар гуноҳе карда бошам, бубахш!

Муслима бори дигар ба ин дунё назар афканд, ҳама ҷой торик, мисли рӯзи сиёҳаш буду танҳо тӯдаи гургон, ки то зону дар барфи чилла ғӯтида буданд, ба назар менамуд . Ӯ охирин бор “модарҷон!” гуфту аз ҳуш рафт. Гургҳои бераҳм ҳар кадоме як узви Муслимаро меканданд ва байни худ кашмакаш доштанд... Онҳо ҷисми наҳифи ӯро бо чанголу дандон канда, дар як лаҳза титу пора карданд. Вақте ки бародари Муслима расид, дар он макон ба ҷуз пораҳои ҷасад ва либоси хоҳараш дигар чизе наёфт... Бародар куртаи пора-пораи пур аз хун, узвҳои ҷудо-ҷудо ва сари мӯяш дарози хоҳарашро нимбеҳуш ҷамъ оварда, ҳамроҳи рафиқаш онро ба халтае ҷо карда, нола мекард:

-Куҷои ман мард? Оҳ ман ба модарам чӣ хел устухонпораҳоро дода, ин хоҳарам аст гӯям? Лаънат ба ман барин бародар.

Ҳама аҳли деҳа дар интизори Муслима буданд, ҳама дуо мекарданд, ки ӯ зинда бошад, маъюб шуда бошад ҳам, зинда бошад. Вақте ки бародар бо халтае, ки дар он устухонҳои Муслимаро баста буд, аз мошин фаромад, ҳама бо як овоз “Муслима канӣ?” гуфтанд.

Ӯ бастаро рӯи ҳавлӣ гузошту мисли девонаҳо фарёд кашид:

-Ана ҳамин баста Муслима аст, оҳ хоҳаракам, маро бубахш.

Модар ҳар гоҳ ба он баста нигоҳ мекарду фиғон мекашид ва дубора аз ҳуш мерафт...

Чӣ рӯзи даҳшат буд он рӯз. Агар он ронандаи номард дар он шаби тор Муслимаро дар нимароҳ танҳо намегузошт, ин ҳодисаи талху даҳшатбор рӯй намедод. Худо ҷазояшро диҳад.

Дар рӯзи худоӣ мошини навбаромади сафеде назди дари падари Муслима истод. Аз даруни мошин ду зану як мард берун баромаданд. Онҳоро ба хона дароварда, ба пешашон обу нон оварданд. Меҳмонҳо одамони зиёдеро дида, ҳайрон шуданд.

-Агар мумкин бошад, падари Муслимаро ҷеғ мезадед,-хоҳиш намуд яке аз меҳмонон. Мо аз шаҳр барои Муслима хостгорӣ омадем, писарам бо як дидан ошиқ шудаасту ду пойро дар як мӯза андохтааст, ки танҳо Муслимаро ба занӣ мегирам.

Ба ҷои падар, модари сияҳпӯши Муслима баромад ва бо дидаи аз гиря варамида гуфт:

- Садқаи қадаматон, аммо дер кардед ...

Ӯ куртаи пора-пораи хунолуди Муслимаро ба оғӯш кашида, дигарбора аз ҳуш рафт.

Вақте ба ҳуш омад, ба нафароне, ки ӯ бояд қудо мешуд, бо ҳасрат гуфт:

-Дер кардед, Муслима арӯси гургони гурусна шуд. Духтари ҷасурамро он ронандаи беинсоф дар роҳ партофт. Илоҳо рӯзи хушро набинад... Агар чунин намешуд, мо ҳоло бо шумо маслиҳати тӯйро мекардем...

Аз нақли Раҷабмоҳ, сокини деҳаи Шаршара.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Шайхтемур 2019-08-07, 10:17
Бар падарот наълат касифи беинсоф. Худо хаму мошинкати чапа шави дар чари тухам пора пора шави мисли хамон духтарак. Ман хозир хис кардаистодаам мордаи хунуку чиркиниву пашминии хаму таксиро. Рузи хуша набини
Посух
Хусейн 2019-08-07, 21:10
Худо чазои шофера тияд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Шайхтемур 2019-08-07, 10:17
Бар падарот наълат касифи беинсоф. Худо хаму мошинкати чапа шави дар чари тухам пора пора шави мисли хамон духтарак. Ман хозир хис кардаистодаам мордаи хунуку чиркиниву пашминии хаму таксиро. Рузи хуша набини
Посух
Хусейн 2019-08-07, 21:10
Худо чазои шофера тияд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД