Корманди бонкам. Рўзе ҳамкорам Резвон ба ман дарди дил карда гуфт, ки бо зани калонсоле як-ду бор чақ-чақ карда дар бало мондааст.
Акнун он бева ҳар рӯз занг зада, ҷонашро ба лабаш мерасонад. Шӯхиам гирифт ва «рақамҳояшро деҳ, сарҳисоби арўси кампиратро дар як дам меравам» гуфта, ҳазл кардам. Резвон чизе нагуфта, рақами маъшуқааашро ба ман дод. Ҳамон лаҳза занг задам. Занак маътали ишорат будааст, дарҳол лутфу меҳрубониро сар кард. Аз ҳанги гуфтораш маълум буд, ки зани айшпарасти ташнаи мард аст. Шӯхӣ-шӯхӣ хеле гап дода, занро ба худ моил намудам, вале баъдтар аз кори кардаам сад бор пушаймон шудам. Минбаъд занаки хира тез-тез занг зада, маро лаҳзае осуда зистан намемонд. Аз тарси зангҳои пай дар пайи вай бегоҳ телефонамро хомӯш мекардам. Дӯстонам маро сарзаниш мекарданд, ки чаро мудом телефонат хомӯш аст, дар ҷавоб чизе намегуфтам, чунки аз фош гаштани сирам метарсидам. Рӯзе хомӯш кардани телефонро фаромӯш намуда, ба хона даромадам.
Дар ҳавлӣ бо фарзандонам саргарми сӯҳбат будам, ки занам бо қошу қавоқи гирифта, телефон дар даст пайдо шуд. Аз ваҷоҳаташ аён буд, ки сахт ғазаболуд аст. Телефонро бо қаҳр сӯям партофту рафт. Бинам Ситораи маккора занг задааст. Аз ҳамсарам пурсидам, ки чӣ гап шуд. Гириста-гириста ҳодисаро нақл кард. Занам гӯшакро бардошта оромона кӣ буданашро пурсидааст, Ситораи бешарм бошад, тамасхӯромез «ман арӯси шавҳарат, мардаки ту ҷигарҷонам мешавад» гуфта, ба болои оташи ғазаби ҳамсарам равған рехтааст. Дукаса хеле ҷанҷол кардаанд.
Хулоса, занам «ман туро марди худотарс гумон мекардам , вале бевабозу хиёнаткор будаӣ» гуфта, писари хурдиямонро гирифта, қаҳр карда рафт. Шарм медорам, ки назди хусуру хушдоманам рафта узр пурсаму занамро ба хона баргардонам. Барои як кампири аҳмақ зиндагиам вайрон шуда истодааст. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, занамро чӣ гуна баргардонам?
Ҳафиз, корманди бонк