Arzon march 2024
Аз ҷабри шавҳар худамро оташ занам?
2376

Ятимдухтарам. Модарамро дар ёд надорам, зери шаттаю шаллоқи модарандари бераҳм ба воя расида, дар зиндагӣ ягон рӯзи хушро надидам. Умед доштам, ки шавҳар карда,аз ғамхонаи падар халос мешавам, аммо...

Самад ном ҷавони қоматбаланди зебо ба хонаи холааш-Сайрамбӣ, ки дар ҳамсоягии мо зиндагӣ мекард, меҳмонӣ омада, маро ба дарди ишқ гирифтор намуд. Бо як нигоҳ ошиқи шайдои ин ҷавони бой бадавлат гашта, мисли мӯйи дар оташ афтида, сабру қарор аз даст додам. Аз ғаим ҳиҷрон ашк мерехтаму ба холаи Сайрамбӣ, ки дугонаи наздики модари раҳматиаам будааст, рози дил мегуфтам. Дили ин зани поктинат ба мани ятим сӯхту миёнаравӣ карда, барои ба висол расидани ману Самад ёрӣ расонд. Гумон доштам, ки акнун тамоми азобу ранҷу дардам ба поён расид ва зиндагиам мисли асал ширин мешавад, аммо хаёлам хом баромад.
Хушдоманам Майрамбӣ аз рӯзи аввал маро бад дид. Номи мани сарсахти аз ҳаёт наосуда дар ин хона арӯс ё келин не, кафангадо, пойлуч ва сағераи сархӯр буд. Холаи Сайрамбӣ апаашро ба раҳму шафқат мехонд, вале хушдоманам бо ӯ низ ҷангу ҷанҷол мекард, ки ту як сағераи бекафанро ёфта ба писари ман бор кардию ин арӯси бе кафан ягон чизи дуруст наовард.
Аввалҳои муносибати шавҳарам бо ман хуб буд, вале рафта-рафта бадгӯиҳои модараш ба ӯ низ асар карданд ва душмани ҷонам гашт. Акнну шавҳари хушкардаам маро аз бало ҳам бадтар медид ва ба қавле ҷойи куштанамро намеёфт. Вай дигар ба ман рӯи хуш намедод, дар паҳлӯям намехобид, ҳамроҳи модараш маро масхара карда ба ҳолам механдид. Боре аз таҳқири ин очаю бачаи пулмаст ба дод омада, қаҳр карда ба хонаамон рафтам. Моиндарам дар пеши чашми падарам маро носазо гуфта девонавор дод зад:
-Дар вақташ ба хонаи беваи Сайрамак хостгорӣ намерафтӣ, ин рӯз ба сарат намеомад. Акнун тоқат карда шин. Ман бевабон нестам!
Базӯр як шаб истода рӯзи дигар баробари дамидани субҳ ба хонаи шавҳарам рафтам. Хушдоманам аллакай ба кор рафта буд, шавҳарам Самад бошад, маъшуқаашро ба хона оварда, дар рӯйи рахти хобамон бо он зани беҳаё оғӯш ба оғӯш мехобид.
Бо дидани ин манзара оташи рашк тамоми вуҷудамро ба сӯзиш оварда бошад ҳам, лаб газида, чизе нагуфтам, чунки аз талоқ шудан бештар аз марг метарсидам. Онҳо фориғболона аз хоб хестанд ва гӯё ман аслан вуҷуд надошта бошам, нимнигоҳе ҳам ҷнибам наафканда ба ҳамом даромаданд ва оббозӣ карданду ба мошин нишаста рафтанд... Акнун ман ғуломи ин модару писарам. Дар як ҳавлии боҳашамат то бегоҳ меҷунбаму шаб баъди хоб рафтани хушдоману шавҳарам косаю табақро шӯста дар айвон мехобам. Самад ҳар шаб ба хона арӯс меорад ва дар пеши назари ман то саҳар бо фоҳишаҳо айшу ишрат мекунад. Вай заррае парвои маро надорад ва мурда ё зинда буданам барояш фарқ надорад. Борҳо ба мамлакатҳои хориҷа сафар кард, аммо бароям як рӯймолча ҳам ҳадя наовард. Ду сол боз ман ғуломам, ғукломи шавҳару хушдоман. Касе надорам, ки дарди диламро пурсад. Чанд маротиба хостам худамро оташ занам, аммо ҷон ширинӣ кард.
Чанд рӯз пеш сару рӯямро шӯста, куртаи сафеди шабпӯшиамро ба бар намудам ва худро дар оина тамошо кардам. Аз чизе камбудӣ надорам, чашму абрӯи сиёҳи мушкин, андоми сафеди беҷурм...
Ба ҳамом даромада обозӣ кардам ва аз атри хушбӯйи хушдоманам ба рӯю мӯям пошида, хонаи хобамон даромадам. Самад бедор буд, овози поямро шунида аз ҷояш хест. Мақсади омадани маро фаҳмида баланд хандид. Ин хандаи таҳқиромез мисли корд аз устухонам гузашт. Қафо гашта хостам берун бароям, вале банди дастамро дошт. Чанд моҳ боз мардро надида будам, ин ҳаракати шавҳарам диламро обу адо кард. Бо умед қафо гаштам, то дастонамро ба гардани шавҳарам ҳалқа кунам, аммо Самад лабханди тамасхӯромез дар лаб гуфт:
-Буқахоҳ шудаӣ? Назди ман не, назди ханҷар (саг дар назар дошт) рав, тасфатро паст мекунад!
Ин таҳқири шавҳар мисли гурзи оҳанин маро ба замин мехкӯб кард. Дигар зистан намехоҳам. Эҳсос намудам, ки ман дар ин дунё ба касе даркор нестам, на ба падарам ва на ба Самад. Мехоҳам худро оташ зада аз ин зиндагии сагона халос шавам, вале аз азоби дӯзах сахт метарсам.
Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
Гулрухсори бадбахт

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Панчакенти 2019-08-03, 22:18
Салом апачон зик нашавед худатонро ба даст гиред. Худоро шукр аз инхел марди паст фарзанд надоред. Холо чавонед бахтатонро меёбед.. бузургон бехуда нагуфтаанд поёни шаби сиях сафед аст умри худро бо ин гуна марду модаршуи пулпарасти худобехабар сарф накунед. Корхонахо бисёранд кор кунед то модарандаратон норохататон накунад. Бахти худро албата меёбед. Зан агар ошик шавад як умр пушаймон мешавад?. Мард агар ошик шавад олам гулистон мешавад?. Аз хотир набароред хохари азиз. Бахти худро дар чунин зиндаги асло умедвор нашавед.?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Панчакенти 2019-08-03, 22:18
Салом апачон зик нашавед худатонро ба даст гиред. Худоро шукр аз инхел марди паст фарзанд надоред. Холо чавонед бахтатонро меёбед.. бузургон бехуда нагуфтаанд поёни шаби сиях сафед аст умри худро бо ин гуна марду модаршуи пулпарасти худобехабар сарф накунед. Корхонахо бисёранд кор кунед то модарандаратон норохататон накунад. Бахти худро албата меёбед. Зан агар ошик шавад як умр пушаймон мешавад?. Мард агар ошик шавад олам гулистон мешавад?. Аз хотир набароред хохари азиз. Бахти худро дар чунин зиндаги асло умедвор нашавед.?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД