Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта хонадор шуда будем, вале ин ишқ ба ман хушбахтӣ наовард.
Зиндагии пурсаодати мо ҳамагӣ як ҳафта давом карда, баъдан ҷангу ҷанҷол ва моҷароҳо сар шуданд. Ҳамааш аз он оғоз ёфт, ки 10 рӯз пас аз тӯй ман ба худаш сӯзандорӯ гузаронидани шавҳарамро дидам. Азбаски хеле ҷавон будам, сарфаҳм нарафтам, ки чаро шавҳарам худашро укол мекунад ва бо ҳайрат пурсидам:
-Бемор шудед? Чаро ба худатон сӯзандору мегузаронед, наход дар деҳаатон ягон ҳамшираи тиббӣ набошад?!
Ин гапро гуфтаму ба бало мондам. Шавҳарам маро чунон ба зери шаттаву шалоқ кашид, ки дар баданам ягон ҷои ободе намонд. Хушдоманам маро аз зери лагади шавҳарам кашида гирифту сабаб пурсид. Базӯр гуфтам, ки ман аз он кас ҳамин қадар гап пурсидаму ба бало мондам:
- Чаро пурсидӣ! - ба сарам дод зад, хушдоманам, - магар намедонистӣ, ки шавҳарат наркаман аст.
Ман, ки то он рӯз дар бораи наркаманҳо тасавуроти дурусте надоштам, не гуфта ҷавоб додам. Хушдоманам ҷавоби маро шунида:
-Худатро уболак нишон надеҳ, ба писарам ҳам кордор нашав, - гуфту баромада рафт.
Ҳамин тавр талхиҳои зиндагии ман оғоз ёфт. Бовар мекунед, хушдоманам ҳатто ба намозхонии ман кордор аст ва ҳар гоҳ, ки болои ҷойнамоз бишинам, ғур-ғур мекунад:
- Кори хона мондагӣ, ин духтар рӯзи дароз намоз мехонад, мо келин не монашка овардем. Тақдири пешонии писарам шӯр будааст…
Ҷанҷолу бадбиниҳои хушдоман ва шаттаву шалоқи шавҳар маро аз зиндагӣ дилгир крадааст. Ба модарам шикоят кунам, насиҳат карда мегӯяд, ки сабр кун, ҳамааш хуб мешавад.
Дар байни як сол соҳиби духтарча гаштем. Умед доштам, ки меҳри фарзанд зиндагии моро нуру сафо мебахшад, аммо ин тавр нашуд. Шавҳарам заррае парвои ману фарзандамро надорад, аз хона баромада мераваду ҳафтаҳо бедарак мешавад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, хушдоманам маро гунаҳкор карда мегӯяд:
- Ту омадиву бо пою қадами наҳсат бачаамро аз роҳ баровардӣ, хуни гул барин бачаамро макидӣ...
Суханҳои модаршӯям ҷигари бе ҳамин ҳам хунгаштаи маро бештар хун месозад. Ягона роздону розшунави ман Худованди карим аст. Шабҳо то саҳар рӯи ҷойнамоз нишаста ба офаридгор нола мекунам: "Парвардигоро, ман чӣ гуноҳ кардам, ки маро ба ин ситам гирифтор кардӣ! Дуздӣ накардам, ғарӣ накардам, ғайбат накардам, намозамро ҳам тарк накардам…"
Ростӣ, пеш аз он, ки модари ҳамин шавҳарам ба хостгорӣ биёяд, қорибачае ба ман хостгор фиристода буд, вале мани кӯтоҳандеш ба васвасаи шайтон гирифтор шуда ӯро рад кардам. Фикр мекунам, ки ҳамон вақт Худо дари бахти маро кушода буд, аммо мани сода бо дасти худам онро ба рӯям бастам. Акнун хатоямро фаҳмидам, вале дер шудааст, хеле дер.
Намедонам чӣ кор кунам, сарҳисоби зиндагиамро гум кардаам. Хонандагони азиз шумо ба ман чи маслихат медихед: аз шавҳарам ҷудо шуда ба хонаи волидонам баргардаму духтарчаи ягонаамро ятим кунам ё сабр пеша созаму аз Худо ба шавҳар тавфик талаб намоям?
Ганҷина аз маҳалаи Чортут