arzon replenishment
Холаи Солеҳа дар арафаи иди саиди Фитр дар рӯи ҷойнамоз ҷон дод
5358

 

Дар арафаи иди саиди фитр дар Сарбанд як зани солеҳаю покдомони тоҷик ҳангоми хондани намози шом дар ҳоли роз гуфтан бо худованд, дар рӯйи ҷойнамоз ҷон ба ҷонофарин супурдааст.Мегӯяд ин модари 60-сола сар ба саҷда бурда, дигар бар нахостааст.

Ба гуфти ҳамдеҳагонаш холаи Солеҳа чанд сол инҷониб аз бемории диабети қанд ва фишори хун азият мекашид. Табибон таъкид карда буданд, ки рӯза доштан барояш мамнуъ аст, аммо ин зани биҳиштӣ ҳамасола рӯзаи моҳи шарифи рамазонро медошт ва ҳаргиз панҷ вақт намозашро тарк намекард.

Саломат, яке аз ҳамдеҳагони марҳум мегӯяд, рӯзи 3-юми июн қарибиҳои пешин холаи Солеҳа ба хонааш омада буд ва шиква намуд, ки аз саҳар боз дилаш ким-чихел сиёҳӣ оварда истодааст. Азбаски ду писараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ҳастанд, дили модар дар изтироб буд, ки мабодо бо фарзандонаш ягон нохушӣ рӯй надиҳад, аммо намози шом хабари марги худи холаи Солеҳа барқсон паҳн гашта, хурду калони деҳаро гирён кард.

Ҳамсояи дигари холаи Солеҳа-Марзия низ аз марги ин зани порсо афсӯс хӯрда, мегӯяд марҳум зан не, як фариштаи заминӣ буд, ҳеҷ гоҳ касеро ғайбат намекард, бад намегуфт ва дили ягон бандаи мӯъминро озор намедод.

Касоне, ки марҳумро мешинохтанд, мегӯяд бо шунидани хабари марги холаи Солеҳа хӯроки шом дар даҳонашон заҳр гашт, зеро ин зани биҳиштӣ дар ҳама кор маслиҳатгару роҳнамояшон буд.

Ҷасади марҳум субҳи 4-уми июн дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд. Писарони муҳоҷири Солеҳа Давлатмуродова ба ҷанозаи модар расида натавонистанд, аммо 4 фарзанди дигараш бо кӯмаки аҳли деҳа ва хешу ақрабо модарро бо обрӯю иззат дафъ намуда, аз худованд тақозои онро намуданд, ки ҷояшро ҷаннат гардонад...

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД