Нав ба 25 қадам гузоштаам, вале ба назарам чунин мерасад, ки беш аз сад сол зиндагӣ кардам.
Аз ҳаёт барвақт хаста шуданам сабаб дорад. Дар умри кӯтоҳам ман он қадар пастиву баландиҳоро дидам, ки шояд дигарон дар 80-90 соли умрашон намебинанд. Духтарчаи 12- сола будам, ки падарам зани дигар гирифт. Аниқтараш як тоҷирзани аз падарам 10-сол калон бо пули мол дили ӯро ба худ чунон гарм кард, ки аз баҳри хонаю дари ҳалол ва зану фарзандаш гузашта, домони ҳамон кампирро гирифт. Модарам мегуфт, ки падарам ӯро партофта бошад ҳам, бачаҳояшро намепартояд, аммо хаёлаш хом баромад. Падарам то рӯзи ба Русия кӯч бастанаш гоҳ-гоҳ моро хабар мегирифт ва кӯмаки ночизе мерасонид, вале баъди аз Тоҷикистон рафтан дигар ёдамон накард.
Алами духтари камбағал
Замони бо мо будани падарам ҳам чандон зиндагии серу пур надоштем, баъди зан гирифта рафтанаш ҳоламон боз ҳам бадтар шуда, ба як пора нон зор шудем. Модари бечораам дар ба дари хонаи ҳамсояҳо хизматгорӣ карда, қути лоямуте пайдо мекард. Танамон либоси наву шикамамон хӯроки сериро намедид. Хайрият, ки дар полези назди ҳавлигиамон картошкаю пиёз доштем, вагарна ҳамон як коса шӯрбои бе гӯштро ҳам шояд дар шаби хобамон медидем. Зиндагии қашшоқона чунон ба дилам зада буд, ки маргро аз чунин ҳаёти бемаънӣ авло медонистам.
Додарам ба таънаю маломати ҳамсояҳо тоб наоварда, мактабро партофту аробакаш шуд, ман бошам, ҳамроҳи модарам ба саҳро баромадам. Аз саҳар то бегоҳ дар саҳро кор кардан барои мани наврас душворӣ мекард. Дастонам торс-торс кафида хуншор мешуданд, дарди миён бошад, шаб то саҳар маро мижа таҳ кардан намемонд. Ҳамаамон кор кунем ҳам, рӯзгорамон қашшоқона буд. Аксаран бо модари зорам моҷаро бардошта мегуфтам: “Аз уҳдаи хӯрондану пӯшондани фарзанд, ки намебаромадед, чаро моро зоидед ?!” Бечора модарам дар ҷавоб чӣ гуфтанашро надониста ашк мерехт. Медонистам, ки вай гуноҳ надорад, вале аламам меомад, ки модарам ба зиндагии қашшоқонаи падарам ин қадар сол тоқат карда гаштаасту оқибат вай думболи як зани бойро гирифта, моро партофта рафт.
Туҳфаи марди ношинос
Ба занон ва духтарони мошинсавор, ки гоҳ-гоҳ мисли бод аз пеши роҳи мо гузашта мерафтанд, бо ҳавас нигариста орзу мекардам, ки мисли онҳо зани сарватманд шавам. Намедонам Худованд оҳи диламро шунид ё аз азал тақдирамро тақдирнавис чунин навишта будааст, ки ин орзуям амалӣ гашт.
Як саҳар аз модарам қафо монда, ҳамроҳи ҳамсоядухтар ба саҳро шитоб доштам, ки ногоҳ мошини сиёҳшишае ба шаст гузашту бозистода қафо омад ва дуртар аз мо қарор гирифт. Аз мошини бадвоҳима якбора се кас фаромаданд. Ду нафарашон ҷавони паҳлавонҷусса, сеюмӣ бошад, марди умраш ба ҷое расида, аммо чашмонаш бозингар буд. Вай ба ман наздик шуда аз зери манаҳам бардошт ва «калонакак шудаӣ» гӯён, абрӯ паронд.
Ҳамроҳонаш маънидорона табассум намуданд. Мард ба яке аз онҳо ишорат кард ва он ҷавон, ки аз афташ зердасташ буд, чолокона аз бордони мошин як сумкаи сиёҳро баровард. Марди ношинос аз сумка қуттичаеро бароварда ба ман дароз карду гуфт:
-Ин аз ман ба ту туҳфа! Худатро эҳтиёт кун, кабӯтаракам! Бегоҳ ман бо модарат гап мезанам!
Онҳо боз ба мошин нишаста, чангу хоки кӯчаро ба ҳаво хезонда рафтанду ману духтари ҳамсоя лолу ҳайрон мондем.
-Биё, канӣ бубинем дар ин қуттича чист?-Кунҷковӣ намуд дугонаам.
Туҳфаи марди ношиносро кушода ҳарду якбора воҳ гуфтем. Дар даруни қуттича ангуштарини тиллоие буд ва нигинаш ялт-ялт ҷило дода, чашми касро мебурд.
-Аз афташ бриллиант барин,-тахмин намуд ҳамсоядухтар, ки чашмонаш аз ҳасад мош барин кушода шуда буданд.
-Бриллиант аст ё тилло, ҳар чӣ набошад, инро ба ман туҳфа карданд,-Инро гуфта чанг зада ангуштаринро аз дасти дугонаам гирифтам.
Ҳар рӯз поямро базӯр аз по кашида бо дили нохоҳам ба саҳро мерафтам, имрӯз бошад, туҳфаи марди ношинос маро чунон ҷаққон карда буд, ки гӯё бе бол парвоз мекардам.
Хостгории ғайриодӣ
Аз байн ду рӯз гузашту шоме модарам маро наздаш шинонда гуфт:
-Духтарам, ба ту хостгор баромадааст.
Дарҳол аз хусуси кӣ гап задани модарамро фаҳмида бошам ҳам, худро ба нодонӣ зада пурсидам, ки он талабгор кист.
-Дар вақташ вай «боевик» буд.-Фаҳмонд модарам,-Ҳамаи боевикҳои хонасӯзро чида-чида гирифтанд, вале намедонам, чи кораш писанд афтодааст, ки вай ҳанӯз ҳам дар озодӣ гаштааст.
Ба миёни гапи модарам лагад зада гуфтам:
-Одами зӯр будааст-ку! Хурсанд шавед, ки чунин одами бообрӯ духтари шумо барин фақирро талабгор шудааст.
Модарам фаҳмонданд, ки домодшаванда аз ман қариб 40-сол калон аст, вале он замон синну соли мард бароям заррае аҳамият надошт. Умре дар хонадони камбағал зиста ҳамеша чою чапотӣ хӯрдан ба дилам зада буд ва мехостам шавҳари сарватманд карда, одам барин зиндагӣ кунам ва мудом дар зару зевар ғӯта зада, фахр карда гардам. Бароям муҳим набуд, ки мард чандсола аст ва чанд зан дорад, ошкоро гуфтам:
-Такка барин бошад ҳам, пул дошта бошад, бо ҷону дил занаш мешавам!
Модарам чанд зани дигар доштани хостгорро ошкоро гуфта, хеле кӯшиш карданд, ки ақли маро ба сарам оранду не бигӯям, вале орзуи аз қашшоқӣ ва хорию зорӣ баромадан чашмамро он қадар кӯр карда буд, ки ба ҷуз пул дигар чизеро дидан намехостам. Дидаю дониста мани 18-сола тақдирамро бо ҳамон миллионери пир пайвастам.
Тӯйи бе рақсу бозӣ
Тӯйи мо дар хонаи сеошёнаи домод серу пур, вале бе рақсу суруд ва тантанаю шукуҳ гузашт.
Пас аз тӯй фаҳмидам, ки ман зани дуюм не, зани ҳафтуми шавҳарам будаам. Занҳои калонии шавҳарам дар назди мардакамон аз тарс бо ман муносибати хуб мекарданд, вале ҳамин ки вай аз паси кору бораш мерафт, рӯзи маро аз шаби тор сиёҳтар мекарданд. Занҳои шавҳарам аз рашку ҳасад маро мезаданд, мепучиданд ва ҳатто мегазиданд, чунки бо омадани ман ба ин даргоҳ чашми марҳамати миллионер аз онҳо дур гашта буд.
Кӯзаи наву оби хунук
Шавҳарам мани ба қавли худаш “гулғунча ”-ро эрка карда, қариб ҳар рӯз бароям ягон туҳфаи олиҷаноб тақдим менамуд. Ангуштарин, ҳалқа, гарданбандҳои тиллоие, ки шавҳарам барои ман мехарид, аксарашон нигини бриллиант доштанд ва ин зару зевари гаронбаҳоро дида, занҳои дигараш бе дуд месӯхтанду рӯзи дигар маро мурданивор мекӯфтанд. Намедонам аз ҳирси зару зевар буд ё таъсири тарбияи тоҷикона, ки мани аз сад гул як гулам ҳанӯз нашукуфта шавҳари мӯйсафед, вале Ҳотами Той барин саховатмандамро сахт дӯст доштам. Бо шарофати ин мард ман бо зиндагии вазнине, ки дар хонаи падар доштам, падруд гуфта, зани доро гашта будам ва дигар аз дунё чизе намехостам, аммо ба бахтам чашми бад расид.
Дил-гувоҳи ҳақ
Рӯзе модарам ба хонаам меҳмонӣ омад ва парешонхотирона гуфт:
-Шунидам, ки шавҳарат зани якумашро талоқ кардааст. Ин занак каму ғам не, барои вай шаш бача зоидааст. Хотири шаш фарзандашро, ки надида ӯро талоқ дода бошад, пас дар бораи ту ҳоҷати гап ҳам нест. Метарсам, ки ин мӯйсафед баъди паст шудани тасфи дилаш туро ҳам талоқ дода, ба ҷое мефиристад, ки аз он ҷо омада будӣ, духтарам!
Ҳавобаландӣ карда гуфтам:
-Шавҳарам барои ман ҷонашро ҳам дареғ намедорад. Хавотир нашавед оча, ҳамаи занҳояшро талоқ диҳад ҳам, маро намепартояд!
Аз байн шаш моҳ нагузашта исбот шуд, ки хавотирии модарам беҳуда набудааст. Семоҳа ҳомиладор будам, ки рафтори шавҳари мӯйсафеди пулдорам тағйир ёфт...
(Давоми саргузаши ин зани миллионерро пагоҳ, соати 12.00 интизор бошед)
Сайфидинова Назира,
омӯзгори мактаби №56-и
ноҳияи Ҳисор