Вай ҳатто барои табобати писараш, ки ба касалии саратон гирифтор гашта, кӯр шуда буд, пул намедод
Магнати нафт Жан Пол Гетти соли 1957 сарватмантарин инсони курраи замин эълон гашта, ин унвонро то дами маргаш нигоҳ дошт, вале бо ин ҳама дороӣ Гетти чунон сахту хасис буд, ки мислашро то имрӯз инсоният надидааст. Дар бораи ин миллиардери хасис қиссаҳои воқеӣ он қадар зиёд буданд, ки коргардонҳо аз рӯйи ин нақлҳо бо унвони «Все деньги мира» филмеро ба навор гирифтанд. Дар ин филм кӯдакрабоён набераи миллиардерро медузданд, вале бобои сарватмандаш барои раҳоии кӯдак ягон тин пул намедиҳад. Бисёриҳо баъди тамошои ин филм шояд бигӯянд, ки филмсозон воҳима кардаанд, вақте ки ҷони як шахси наздикаш дар хатар аст, инсон сабру қарорро аз даст дода, тамоми дороияшро медиҳад, то ки азизи дилашро халос кунад, вале дар зиндагии реалӣ Жан Пол Гетти ҳатто аз кино ҳам хасистар буд.
Миллиардери хасис
Соли 1966 дороии Гетти 1,2 миллиард долларро ташкил медод, ки ба ҳисоби имрӯза қариб ба 9 миллиард доллар баробар аст. Ин маблағи ҳангуфтро ӯ бо шарофати ширкати нефти Getty Oil ба даст оварда буд. Бо ин ҳама давлату сарват Пол чунон одами сахт ва разил буд, ки аз хасисии ӯ ҳатто одамони наздиктаринаш зарар медиданд. Хасисии Гетти махсусан дар ҳаёти писараш Тимоти нақши фоҷиавиро бозид. Тимоти ба касалии саратон гирифтор гашта, бар асари беморӣ кӯр шуда буд, вале падари сарватмандаш барои табобати ӯ заррае кӯшиш накард. Бо марг даст ба гиребон будани фарзандашро дидаву дониста Пол Гетии миллиардер дар муддати 4 сол ягон бор аз дари беморхона надаромад, то табибон барои табобати писараш пул талаб накунанд ё овардани ягон доруро нафармоянд.
Ҳамин тавр Тимоти дар синни 12-солагӣ бо дили пур аз дарду алам ин олами бевафоро падруд гуфт...
Падар ба ҷанозаи писар наомад
Тимоти аз зани панҷум ва охирини Жан Пол Гетти-Тедди Гетти Гастон (Луизы Дадли) ба дунё омада, ҳамагӣ 12 сол умр дид. Дар ёддоштҳои хеш зани собиқи магнати нефтӣ дар бораи хасисиву пастии шавҳари миллиардераш чунин навиштааст:
“Пока Тимми боролся за жизнь, отец не видел его четыре года. Тимоти умер в возрасте 12 лет, Гетти даже не пришел на его похороны, но тем не менее Тимми обожал отца…»
Чуноне ки аз навиштаҳои ҳамсараш бармеояд, Гетти натанҳо барои табобати фарзандаш талош накардааст, вай боре ҳам ба аёдати ӯ ба беморхона нарафта, ҳатто дар ҷанозаи писараш иштирок накардааст.
Моҷарои пули аспак
Ин зани ҷигарсӯхта дар идомаи ёддоштҳояш менависад, ки шавҳари миллиардераш ҳангоми суҳбатҳои телефонӣ аз гарон будани нархи табобат шикоят мекард, ҳол он, ки Тимоти аз саратони мағзи сар ранҷ мекашиду аз таъсири ин дарди беамон чашмонаш кӯр шуда буданд. “Умедворам, ки Тимми минбаъд аз беморхона ва духтурон дуртар мегардад, ба истиснои муоинаҳои 10 доллари. Гумон намекунам, ки дигар давоҳои қиматбаҳо ба ӯ ёрӣ расонида тавонанд, бинобар ин Тимми бояд танҳо аз муоинаҳои умумие, ки нархаш аз 25 доллар боло нест, гузарад. “ навиштааст Жан Пол Гетии миллиардер ба занаш ва таъкид кардааст, ки пули аспчаи понии барои Тимми харидаашро худаш диҳад.
Ғуломи пул
Ба сангдилию бепарвоии Пол нигоҳ накарда Тимати падарашро аз ҷонаш бештар дӯст медошт. Бачаи бечора ҳатто намедонист, ки падари вай одами одӣ не, миллиардер ва сарватмандтарин инсони рӯйи замин аст. Тимоти ҳеҷ гоҳ аз падараш ягон чиз талаб намекард, ягона орзуи ин кӯдаки бемор дидани рӯйи падар буд, вале падари бе меҳраш имрӯзу фардо мегуфту ваъдахилофӣ карда намеомад.
Тедди дар мактубҳояш аз шавҳараш тавалло мекард, ки ақаллан як бор ба беморхона ба аёдати писараш биёяд, чунки ҳоли Тимоти рӯз то рӯз бадтар шуда, аз умраш рӯзҳои башумор боқӣ мондаанду дар ин лаҳзаҳои душвор ба навозишу меҳрубонии падар сахт ниёз дорад, вале падари пулдӯстдор барои хабаргирии писараш ҳеҷ вақт намеёфт. Пол Гетти ҳамон шабу рӯзҳо дар Англия буд ва мехост бо Арабистони Саудию Кувайт қарордодеро ба имзо расонад, ки ӯро аввалин миллиардери амрикоӣ мегардонд. Фикру хаёли ин марди ғуломи пул гашта, чунон ба ин қарордод банд буд, ки ҳатто як соат вақташро ба аёдати фарзанди бемораш сарф кардан намехост.
Дар ҳасрати дидор
Тедди Гастон рӯзҳои охирини ҳаёти фарзанди аз дидаи бино маҳрум гаштаашро ба ёд оварда навиштааст: “Тимоти падарашро сахт пазмон шуда буд, вале Пол мудом ваъдаи ба аёдат омадан медоду намеомад. Боре Тимми бо ҳасрат гуфт: Афсӯс, ки падари ман мисли падари дигар бачаҳо нест! Дилам зиёд мехоҳад ҳамроҳаш гап занам, овозашро шунавам, вале вай ҳамеша кореро баҳона карда намеояд...”
Пушаймонӣ надорад суд
“Ман ҳамеша ҳайрон мешудам, ки чаро Пол ба дидани Тими намеояд. Ин чиз маро сахт азоб медод. Ин дард аз дарун маро мехӯрд. Ва маҳз ҳамин рафтори нобахшиданиаш боиси ҷудогии мо гашт. Пас аз марги Тими Пол дар пеши пойи ман афтида зорию таваллокунон гуфт: “Тедди, аз ман марав, ман туро ҳатто аз худи малика ҳам сарватмантар мегардонам”, аммо ман ӯро бахшида натавонистам”-бо чунин суханон ҳамсари миллиардер Жан Пол Гетти китоби хотираҳояшро ба поён расонидааст.
Бахти деромада
Баъди аз миллиардери хасис Жан Пол Гетти ҷудо шудан Тедди ба дӯсташ Уильям Гастон ба шавҳар баромад ва дере нагузашта онҳо соҳиби духтарчаи заркокуле гаштанд.
Тедди 8-уми апрели соли 2007 дар синни 103- солагӣ аз олам даргузашт, вале духтараш Луиза, ки аз шавҳари дуюмаш Уилям аст, то ҳол зиндаву саломат буда, айни замон дар шаҳри Лос-Анджелес Амрико умр ба сар мебарад. Луиза дар Голливуд ба ҳайси режиссёр кор мекунад ва филмҳои диданӣ меофарад...