Formula september
Арӯсро аз хона пеш кунам?
3414


Ҳангоми дар донишгоҳ хонданам рӯзе бо бачаҳои ҳамкурсам ба истироҳат рафтем. Вақти хӯрокхӯрӣ тасодуфан чашмам ба манзараи нангине афтид ва касеро огоҳ накарда, оҳиста ба ҳамон тараф рафтам. Духтаре ба чанги як марди буққамонанд афтида, гирёну нолон имдод металабид. Бо дидани ҳоли зори духтарак хун ба сарам зад, чӣ хел он ҷавонмарди ҳузарбро тела дода, духтарро халос кардам, намедонам. Баъд аз ин ҳодиса мо бо ҳам дӯст шуда мондем. Аввалҳо танҳо дӯстона гап мезадем, вале рафта-рафта чунон он духтарро дӯст доштам, ки ба ғайр аз ҳамон зебосанам дигар дар назарам касеву чизе наменамуд. Дар курси чорум мехондам, ки волидонам дар тараддуди хонадор кардани ман шуданд. Дӯстдоштаамро пешниҳод кардам, вале модарам қабул накард.
Хулоса, падару модарам маро зӯран бо дигар кас хонадор карданд. Маҳбубаам хабари зангириамро шунида, дигар бо ман гап назад, вале дили ман то имрӯз ба ӯ кашол аст. Намехоҳам як духтари дигарро беҳуда бадбахт намоям, аз ҳамин сабаб шабҳо дер ба хона меоям ва ҷогаҳамро алоҳида партофта хоб меравам. Занам чизе нагуфта хоб меравад. Падару модарам намедонанд, ки ман то ҳол бо ҳамсарам ҳамболин нашудаам ва келинашон ҳанӯз духтар аст. Мехоҳам талоқи занамро дода, ба хонаашон гусел намояму баъд тӯй карда, духтари дӯстдоштаамро ба занӣ бигирам. Занҳо дар зиндагӣ таҷрибаи бештар доранд ва ман умед дорам, ки модарону хоҳарони азиз маслиҳатҳои судманди худро аз як ҷавони дар дуроҳаи ҳаёт зору ҳайронмонда дареғ намедоранд.
С, -и ошиқи зор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД