Arzon march 2024
Занозанӣ барои Шабнами Сурайё?! (ВИДЕО)
4744

 Ситораи №1-и эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё рӯзҳои 24-25-уми август дар доираи барномаи мубориза алайҳи бемории сил дар амфитеатр консерти хайриявӣ баргузор намуд.

Пас аз консерт дар саросари шаҳр овозаҳо пайдо шуданд, ки гӯё барномаи ҳунарии ин сарояндаи машҳури тоҷик бо занзанӣ анҷом ёфтааст. 


Мегӯянд байни чанд нафар мардон, ки мухлиси ашадии Шабнами Сурайё будаанд, баҳс бархоста, билохира гапгузаронӣ ва талошҳои лафзӣ ба ҷанги тан ба тан печидааст. Мегӯянд чанд нафар дар натиҷаи ин ҷанҷол захмӣ шуда, айни замон дар бемористон қарор доранд...

Барои фаҳмидани ҳақиқати ин овозаҳо мо ба модари Шабнам-ҳунарманди беназир ва устоди санъати тоҷик Сурайё Қосимова занг задем.

-Салом Апаи Сурайё! Ман Шабнам аз сомонаи Оила шуморо ташвиш медиҳам. Метавонед бигӯед, ки консерти хайриявии Шабнам чигуна гузашт?

-Салом! Консерт хеле хуб гузашт.

-Мегӯянд, ки байни мухлисон ҷангу ҷидол бархоста, кор то занозанӣ расидааст ва чанд нафар маҷруҳ шудаанд...?

амошобинон хеле зиёд буданд ва ба баъзеҳо ҷой нарасид, аммо ҷангу ҷанчол нашудааст.

-Мегӯянд, ки нархи чиптаҳои консерт хеле гарон буд, ҳатто нархи чиптаи қаторҳои охирин 150-180 сомонӣ арзиш доштааст...

-Албатта чиптаи консерти Шабнам 20 сомонӣ намешавад, вале нарх ба инандоза баланд набуд. Ногуфта намонад, ки маблағи аз ин консерт ба даст омада пурра ба табобати одамони бемории сил дошта сарф мешавад.


Шояд нисбати чунин бону эҳтиром пайдо намоед, вале ҳеҷ гоҳ бо духтаре, ки ҳар замон босавод буданашро нишон медиҳад, оила бунёд намекунад.


-Шумо ҳам баромад кардед?

-Бале, ду суруд хондам. Бубахшед, ки сӯҳбатро бо шумо идома дода наметавонам. Маро ба телевизиони Сафина даъват кардаанд. Барнома пас аз чанд лаҳза оғоз меёбад, метарсам, ки дер намонам.

-Ташаккури зиёд, ки вақти қиммати худро дареғ надошта, ба саволҳои мо ҷавоб додед. Салому паёми моро ба Шабнам расонед!

-Ҳатман мерасонам! Саломат бошед!

alt

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД