Arzon march 2024
Чиниҳо барои табобати коронавирус ба Ӯзбекистон меоянд
4028

 

Сомонаи UZA хабар медиҳад, ки Ӯзбекистон омадани табибони баландихтисоси Чиниро, ки барои мубориза бо эпидемияи пайдошудаи сироятии коронавирус даъват шудаанд, интизор аст.

Бино ба гуфтаи хабарнигорон,табибони мазкурро бо ду тайёраи махсус ба Ӯзбекистон хоҳанд овард.

Аз 16 март телефони махсус доир ба коронавирус ташкил карда мешавад. Мардум метавонанд ба рақами 1003 занг зада ба саволҳои марбут ба коронавирус ҷавоб гиранд.

Дар қатори дигар чораҳои фавқулодда, Ҳукумати Ӯзбекистон тасмим гирифт, баргузор кардани чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла ҷашни Наврӯзро қатъ кунад ва дарвозаи ҳама муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ҳам хусусиро барои чанд муддат бандад.

Пажӯҳишгоҳи вирусологияи Ӯзбекистон то кунун чаҳор нафари гирифтори коронавирусро муайян кардааст: инҳо яке марди аз Фаронса баргашта ва ду аъзои оилаи ӯ ва дигаре марди мусофире, ки ба наздикӣ аз Туркия баргашта буд, мебошанд.

Ӯзбекистон ҳамчунин роҳҳои ҳавоӣ ва роҳи оҳану нақлиётҳоро бо дигар кишварҳо, аз ҷумла Русия, муваққатан бастааст. Усмон Баротов, президенти Иттиҳодияи байниминтақавии ӯзбекии Ватандош дар эфир тавассути радиои Маскав ҳушдор додааст, ки агар ин вазъ муддати тӯлонӣ идома ёбад, таркиши иҷтимоӣ таҳдид мекунад, зеро муҳоҷирони кории сершумор имкони бозгашт ба ватан ва музди меҳнаташанро аз даст медиҳанд. Баротов илова кард, ки Русия метавонад то ду миллион муҳоҷирони кориро аз даст диҳад, ки ба вазъи иқтисодиёт таъсири бад хоҳад расонд.


КОРОНАВИРУС: МАЪЛУМОТҲОИ ОХИР ДАР ҶАҲОН

 


Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар давоми 24 соати охир 10, 982 нафар ба бемории COVID-19 гирифтор шуда, 343 нафар ҷон додаанд.

Манбаъ: Straitstimes.com

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД