Маълумотҳои мазкур дар такя ба оҷонсиҳои иттилоотӣ ва васоити ахбори оммаи ҷаҳон дар бораи паҳншавии вируси нави корона ҷамъоварӣ шудааст. Бояд гуфт, ки ин вируси маргбор охири соли гузашта аз кишвари Чин оғоз ёфта, имрӯз ба саломатии ҳамаи сокинони сайёра таҳдид мекунад.
Оморҳо дар бораи сироятёфтагону фавтидагон аз вируси корона ҳар соат тағйир меёбад. Дар бораи он, ки имрӯз дар мамлакатиҳо наздик ба мо ва дигар кишварҳо ин вирус бо кадом суръат паҳн шуда истодааст, ин ҷо хонед.
Дар маҷмӯъ, то соати 22:00-и шаби 15 март дар ҷаҳон 161 228 бемор бо сироятёбӣ ба ин вирус ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин теъдод субҳи 16-уми март иттилоъ расид, ки 76 059 нафари онҳо шифо ёфта, наздик ба 6210 нафарашон вафот кардаанд.
Тибқи ин маълумотҳо табибон тахмин мекунанд, ки тақрибан ҳар 26 нафар мубталошудаи бемории нави коронавирус (COVID-19) мемиранд. Яъне, фавт тақрибан 3,8% -ро ташкил медиҳад, аммо дар кишварҳои олам ин шумора гуногун аст. Ҳамин тавр, тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Италия тақрибан ҳар 15 нафар сироятшудаи ин беморӣ мефавтад.
Имруз нафарони гирифтори коронавирус дар зиёда аз 100 кишвари тамоми рӯи замин ошкор шудааст. Ин дар ҳолест, ки 11 марти соли ҷорӣ Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ паҳншавии сирояти коронавирусро пандемия номида буд.
РУСИЯ
Дар Русия то имрӯз 65 ҳодисаи сироятёбӣ аз коронавирус (аз рӯи маълумотҳои дигар 63 ҳолат), аз ҷумла дар шаҳрҳои бузурги Москва, Санкт-Петербург, Ленинград, Липецк, Калининград, Перм, Белгород ва Чукотка ба қайд гирифта шудааст.
Президенти Русия Владимир Путин барои пешгирии ин вирус дар бораи таъсиси гурӯҳи кориро бо номи Шӯрои давлатии Федератсияи Русия барои мубориза бо паҳншавии сирояти нави коронавирус фармон имзо кард. Ин ситодро шаҳрдори Маскав Сергей Собянин роҳбарӣ мекунад.
Дар пайи ин донишгоҳҳои Русия барои гузаронидани донишҷӯён ба таҳсили фосилавӣ ба таври муваққатӣ омодагӣ мегиранд. Ширкатҳои роҳи оҳани Русия аллакай аз қатъи сафари қатораҳо ба кишварҳои Украина, Молдова ва Латвия хабар дод. Шабакаҳои савдо ва мағозаҳои интернетӣ афзоиш ёфтани талабот ба маҳсулоти ғалладона, макарон ва дигар маводи хушки ғизоиро дар пайи гузоришҳо дар бораи паҳншавии коронавируси нав дар ҷаҳон қайд карданд.
ДИҚҚАТ! 14-РОҲИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС
Шаби гузашта чанд оҷонсии иттилоотии Русия иттилоъ доданд, ки дар Санкт-Петербург ду факулта аз Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ва Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.С. Пушкин аз 15 март интиқоли донишҷӯёнашонро ба таҳсилоти фосилавӣ эълон карданд. Гуфта мешавад, ки факултаҳои мазкур айни ҳол дар ҳолати карантинӣ қарор доранд.
Дар қисмати Москав, дар робита ба хатари паҳншавии коронавирус, ҳамарӯза тамоми даромадгоҳҳо ба шаҳр, ҷойҳои серодам ва майдонҳои умумиро бо моддаҳои химиявию тиббӣ безарар мегардонанд.
АВРУПО
Ҳадди аксари сироятшудагони коронавирус дар Италия зиндагӣ доранд, ки шумораи умумии онҳо 24 747 нафарро ташкил медиҳад. Оҷонсии иттилооти “Маяк” иттилоъ дод, ки то имрӯз наздик ба 1809 нафар мубталошудагон дар қаламрави ин кишвар мурдаанд. Русия дар пайи ин маълумотҳо эълон дошт, ки ба сокинони Италия раводид намедиҳад ва парвозҳоро бо ин кишвар, инчунин бо Испания, Фаронса ва Олмон аллакай қатъ кардааст.
Тибқи маълумотҳои охир дар Испания - 7753, Олмон - 4585, Фаронса – 4499, Швейтсария, Британияи Кабир ва Норвегия зиёда аз ҳазор нафарӣ сироят ёфтаанд. Кишвари Гурҷистон низ эжълон кард, ки бар асари коронавирус марзи худро бо Русия баст. Дар ин кишвар то ҳол ягон ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта нашудааст. Олмон бошад сарҳадҳоро бо Фаронса, Австрия ва Швейтсария бастааст. Туркия низ сарҳадҳои худро бо баъзе кишварҳои Аврупо, ки шумораи зиёдтари сироятшудаи ин вирус доранд баст, чун Австрия, Белгия, Олмон, Дания, Испания, Нидерландия, Норвегия, Фаронса ва Шветсия.
Як нафари наздик ба маликаи Бритониёи Кабир Элизабет II иттилоъ додааст, ки малика шаби гузашта аз тарси сироятёбӣ ба коронавирус Қасри Букингемро тарк намудааст. Дар пасманзари паҳншавии вируси COVID-19, Созмони ҷаҳонии савдо ва дигар ниҳодҳои байналхалқӣ низ то охири моҳи апрел ҳамаи ҷаласаҳои корӣ ва сафарҳороро манъ карданд.
АМРИКО, АВСТРАЛИЯ ВА АФРИҚО
Дар ИМА то шаби 15-уми март наздики 3111 нафар сироят ёфта, аллакай 62 нафар мурдаанд. Дар бораи навбатпойии чандсоата дар мағозаҳо дар ин кишвар низ хабар дода мешавад. Дар Канада 247 ҳолат тасдиқ шуд.
Сарвазири Австралия Скотт Моррисон бо сабаби сар задани коронавируси COVID-19 парвозҳои мустақилонаи ҳама ширкатҳои ҳавоии байналмилалӣ дар Австралияро манъ кард. Дар Миср 110 сироятёфта сабти ном шудаанд. Ҳолатҳои мубталошавӣ ба коронавирус дар бисёр кишварҳои Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ низ ба қайд гирифта шудааст.
Дар худи Чин, аз рӯи рақамҳо, эпидемия дар ҳоли коҳиш аст. Дар Вуҳон беморхонаҳои муваққатӣ пурра баста шуданд. Афзоиши рӯзафзуни ҳолатҳои шифоёбӣ дар кишвар тақрибан 20 нафарро ташкил медиҳад (ва шумораи умумии мубталошудагон беш аз сад нафар нест). То имрӯз дар кишвар аз 80 848 сироятёфта, 67 037 шифо ёфтаанд. Мутаассифона, аз ин шумора 3199 нафар ҷон бохтанд.
“Бо вуҷуди ин, хуруҷи дигарбораи коронавирус дар Чин сар шуда метавонад”,-мегӯяд роҳбари марказҳои ИМА оид ба назорати бемориҳои каронавирусӣ дар Чин Энтони Фаукӣ.
Президенти Қазоқистон Қасым-Жомарт Токаев низ бар асари пандемияи коронавирус дар кишвараш ҷорӣ намудани вазъияти фавқулоддаро эълон кард.
Дар Ҷумҳурии Узбекистон низ то субҳи имрӯз 6 нафар сироят шудааст, ки аз он як нафарашон кӯдак аст.
Барои огоҳӣ ёфтан аз ахбори нав вобаста ба ҳолатҳои паҳншавӣ ё шифоёбӣ аз ин вируси маргбор пайгири сомонаи Oila.tj бошед.