Arzon march 2024
Диққат! 14-роҳи пешгирӣ аз коронавирус
4719

ХОНАНДАГОНИ АЗИЗ! Хушбахтона вируси корона ба кишвари азизи мо наомада аст, вале боз ҳам ба шумо тавсияҳои охирини Созмонии ҷаҳонии беҳдоштро (WHO) барои пешгирӣ аз вируси корона пешниҳод мекунем.


1. Вируси корона аз пӯсти солим намегузарад ва то 10 дақиқа рӯи пӯст зинда боқӣ мемонад. Пас агар дастпӯш надоред, нигарон набошед. Фақат набояд дастҳои худро ба бинӣ ва даҳонатон бизанед ва лутфан пайваста дастҳоятонро бо собун ва оби гарм бишӯед. Барои пешгирӣ аз хушкшавии пӯсти дастон метавонед аз крем ва вазелин истифода кунед.

2. Вируси корона дар рӯи матоъ аз 6 то 12 соат, дар рӯи ашёи филизӣ аз 12 то 20 cоат ва дар рӯи пӯлод то 20 соат зинда мемонад.

3. Ин вирус то 60 дараҷаи сонтигрод дар бадан зинда аст, вале дар ҳавои кушод дар дамои болои 30 дараҷа мемирад. Пас беҳтар аст, шустушӯҳо ва назофатҳоро бо оби гарм анҷом диҳед.

4. Коронавирус бо оби гарм ва маводи шӯяндаи хонагӣ аз байн меравад.

5. Либосҳоро зери нури офтоб ё руи гармкунакҳо хушк кунед.

6. Бо оби гарм ҳаммом кунед.

7. Ба ҳеҷ ваҷҳ оби сард ва ғизои сард нахӯред. Оби гарм, чойи гарм, қаҳваи гарм ва нӯшокиҳои гарм бинӯшед.

8. Ҷои ҷамъшавии аслии ин вирус дар бинӣ аст, пас мураттаб биниатонро бо оби гарм шустушӯ кунед.

9. Агар ба нӯшидании гарм дастрасӣ надоред, сақич бихоед, то гулӯятон мураттаб бо оби даҳонатон тар ва шустушӯ шавад.

10. Кӯшиш кунед ҳавои маҳалли зиндагӣ ва коратон тоза бошад.

11. Дар тӯли рӯз чандин маротиба ба муддати 10-15 сония нафасатонро нигаҳ доред ва сипас хориҷ кунед. Агар сулфа ё тангии нафас пайдо кардед, ҳатман ба маркази дармонӣ муроҷиат кунед. Қабл аз пайдоиши мушкили танаффусӣ ба табиб муроҷиат кунед, то дер нашуда бошад.

12. Агар берун аз хона ба кор, мағоза, бозор ва ғайра меравед:
- аввалан, фосилаи 1,5 метрӣ аз дигаронро риоят кунед;
- дуввум, ба сабаби ин ки ин вирус сангин аст (ҳудуди 400 то 500 ноно метр), ва ба замин меуфтад, кафшҳоятон манбаи муҳими олудагӣ ҳастанд, ба ҳеҷ ваҷҳ онҳоро дохили хона наоред, доим онҳоро тоза кунед.

13. Вақти атса задан то ҷое, ки имкон дорад аз дигарон фосила гиред ва бо дастмол пеши даҳон ва бинии худро пӯшед ва барои чанд сония онро раҳо накунед, то тамоми моеъот ба он ҷазб шавад ва пароканда нагардад.

14. Агар шуғли шумо дар фазои серодам аст, лутфан, аз моск ( МАСКА )истифода кунед, зеро ба иллати дурушт будани ин вирус он аз моск намегузарад. Вале москро доим бояд хушк нигоҳ дошт. Яъне онро зуд-зуд бояд иваз кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД