Имрӯзҳо бемории коронавирус ҷомеаи ҷаҳониро дар ҳарос гузоштааст. Аллакай наздики 400 нафар дар Хитой аз ин беморӣ даргузаштанд. Тамоми расонаҳои хабарӣ дар ин бора ҳарф мезананду мутахассисон сари ин масъала андешаронӣ менамоянд.
Дар кишвари мо низ тарсу ҳарос дар дили мардум рӯз ба рӯз зиёд мешавад. Нафарони зиёде бо мақсади пешгирӣ намудан аз коронавирус аз маскаҳои муҳофизаткунанда истифода бурда, барои фаҳмидани нишонаҳои беморӣ ва худро ҳифз намудан ҳар лаҳза ба идораи сомонаи Oila.tj занг зада, оиди ин бемории хатарнок пурсон мешаванд.
Хабарнигори сомона Рустам Азимӣ ба кӯчаҳои шаҳр баромада, назари мардумро оиди пешгирии ин беморӣ пурсон гашт ва бо сардори Сарраёсати назорати давлатӣ –санитарӣ-эпидемиологӣ хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Иброҳим Бобоназаров оиди бемории коронавирус ҳамсӯҳбат гашт. (ВИДЕО)