Sebiston new 2024 october
Корона вирус ба Русия гузашт
11777

 

Корона вирус-ин вабои беамон, ки мисли балои осмонӣ якбора ба сари аҳли башар фурӯ рехт, рӯз то рӯз бештар доман паҳн карда, ҷони ҳазорон-ҳазор одамонро дар гӯшаву канорҳои гуногуни олам рабуда истодааст.

Тибқи маълумотҳои охирини Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ шумораи гирифторони ин вирус то имрӯз, яъне 4-уми феврал ба 20623 нафар расидааст. Новобаста ба ҳама талошу муборизаҳои табибон дар саросари олам шумораи қурбониёни ин беморӣ соат ба соат меафзояд. Аллакай 427 нафар бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд ва ин рақам лаҳза ба лаҳза меафзояд.

Ҳукуматдорони чинӣ ва олимону табиони ин кишвар шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, майна об мекунанд, то пеши роҳи ин вируси беамонро бигиранд, аммо беморӣ ҳамоно бо суръати кайҳонӣ аз Ухан ба дигар шаҳрҳои Чин мегузарад. Айни замон дар Хитой 20438 нафар гирифторони корона-вирус расман ба қайд гирифта шудаанд.


ДАР ХИТОЙ 361-НАФАР АЗ БЕМОРИИ КОРОНА ВИРУС ҶОН БОХТАНД

 


Бадбахтона, корона вирус мушкили танҳо Чин ва чиниён нест, ин вирус мисли вабо ба Осиё, Аврупо ва Арико доман паҳн карда истодааст. Тибқи маълумотҳои расмӣ аллакай дар 153 давлати олам гирифторони корона вирус ба қайд гирифта шудаанд. Субҳи имрӯз дар Куриё як марди 39-сола, ки охири моҳи январ ба шаҳри Ухани Чин сафар карда будааст, аз ин беморӣ ҷон дод.

РБК харитаи суръати паҳншавии корона вирусро дар ҷаҳон тартиб додааст, ки тибқи он то имрӯз дар кишварҳои зерин гирифторони ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд:

Штатҳои Муттаҳидаи Амрико-11 нафар

Олмон-12 нафар

Фаронса-6 нафар

Британияи Кабир-2 нафар

Канада-4 нафар

Корея-16 нафар

Япония-20 нафар

Гонконг-15 нафар

Таиланд-19 нафар

Сингапур-18-нафар

Ветнам-9 нафар

Австралия-12 нафар

Ҳиндустон-3 нафар

Италия-2 нафар

Шведсия-1 нафар

Испания-1 нафар

Шри-ланка-1 нафар

Русия 2 нафар

Тавре ки мебинем, ин вирус аллакай то ба Русия доман паҳн намудааст. Тибқи маълумотҳои расмӣ ҳарду гирифторони корона вирус дар Русия хитоӣ ҳастанд, аммо касе кафолат дода наметавонад, ки ин вирус ба худи мардуми рус ва дигар халқу миллаҳое, ки дар ин кишвари паҳновар зиндагӣ мекунанд, сироят нахоҳад кард.


ДОНИШҶӮИ ТОҶИК АЗ КОРОНАВИРУС БА ҲАЛОКАТ РАСИД

 


Аз касе пӯшида нест, ки имрӯз дар Русия беш аз як миллион муҳоҷирони меҳнатии тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Худо кунад, ки ин беморӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ начаспад, вагарна хавфи ба Тоҷикистон низ доман паҳн кардани ин вируси хатарнок ба миён меояд.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД