Arzon march 2024
Митинги донишҷӯёни тоҷик дар фурудгоҳи Хитой
03.02.2020
Р. Азимӣ
5613

 

Ҳоли донишҷӯёни тоҷик бо авҷ гирифтани корона вирус дар Чин торафт табоҳтар мегардад. Тибқи маълумотҳои охирини Интерфакс ин бемории марговар дар Хитой аллакай ҷони 350 нафарро рабуда, шумораи сироятёфтагон қариб ба 12000 тан мерасад.

Танҳо дар бадали як шабонарӯзи охир дар ин кишвар аз ин бемории шадид 56 нафар ҷон додаанд.

Шаҳрвандони хориҷӣ бо таҳлука кӯшиш менамоянд, ки ҳарчи зудтар аз ин сарзамин хориҷ шаванд, аммо тарк намудани ҳудуди Чин дар ин шабу рӯзҳо кори саҳлу осон нест. Дар аксари шаҳрҳои чинӣ бар асари корона вирус карантин эълон шуда, парвози тайёраҳо қатъ гаштаанд. Танҳо давлатҳои бузург ва абарқудрат бо ҷидду ҷаҳд шаҳрвандони худро аз Чин берун бурда истодаанд, сокинони дигар кишварҳо бошанд, намедонанд бо кадом роҳ ҷони худро аз ин вартаи хатарнок берун кашанд.

Радои Озодӣ дар боби эътирози як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик ва дигар ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар додааст. Ба гуфти ин манбаъи муътамад, донишҷӯён дар фурудгоҳи шаҳри Сиани Чин зери шиори “Мо ба хона баргаштан мехоҳем” намоиши эътирозӣ оростаанд. Сабаби эътирози донишҷӯён дар он буда, ки субҳи 2-юми феврал ба 25-донишҷӯи тоҷик иҷозат надоданд, ки тариқи хатсайри Сиан-Екатеринбург-Душанбе парвоз кунанд. Ҳар кадоми ин донишҷӯён бо нархи беш аз 1000 доллари Амрикоӣ чиптаи ҳавопайдо харида буданд, то сиҳату саломат ба назди падару модар ва аҳли хонаводаашон баргарданд, аммо ба гуфти маъмурони фурудгоҳ, ширкати ҳавопаймоии Русия интиқоли донишҷӯёни кишварҳои Осиёи марказиро рад намуда, танҳо шаҳрвандони Русияро ба тайёра роҳ додааст.

“Ҳарчанд, бо ҳамин хатсайр ба мо билет фурухта буданд, вале ин ҳавопаймо танҳо шаҳрвандони Русияро бурд. Мо ҳоло пули чиптаамонро ҳам гирифта наметавонем. Барои ҳамин эътироз кардем”,--гуфтааст Низомиддин Хуҷабеков, яке аз донишҷӯёни эътирозгари тоҷик бо шиква аз маъмурияти фурудгоҳ.

Аллакай беш аз як ҳафта аст, ки донишҷӯёни тоҷик бо умеди бозгашт ба Ватан шабҳоро дар фурудгоҳ саҳар мекунанд, аммо ба кам андар ками эшон муяссар гаштааст, ки ба хати парвоз роҳ ёбанд.

Ҷурабек Ёрзода, як донишҷӯи дигари тоҷик тоҷик мегӯяд:

“Ҳанӯз дар фурудгоҳ ҳастем. Барои саломатии худ бояд зудтар аз ин ҷо бароем. Ин саҳар парвоз карда натавонистем. Ҳоло боз ба самти Гуанжоу-Маскав чипта харидем...”


ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК АЗ ЧИН БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД(ВИДЕО)


Зиндагӣ барои донишҷӯёни тоҷик дар Чин баъди хурӯҷи корона вирус душвор гашта, вазъият торафт шадидтар мешавад. Акнун донишҷӯён ҳатто наметавонанд ниқоб-ин василаи одии ҳимоя аз вирусро ба осонӣ пайдо намоянд. Дар бораи баландравии нархи мол, хоса муҳсулоти хӯрока дар ин кишвар ҳоҷати гап ҳам нест. Аксари мағозаҳое, ки бо фуруши маводи ғизоӣ машғул буданд, дуруст кор намекунанд ва дастрас намудани маводи хӯрока барои донишҷӯёни камбағал амрест маҳол. Аз як тараф хавфи гирифтор шудан ба карона-вирус ва аз ҷониби дигар норасоии маводи ғизоӣ ҳоли донишҷӯёнро табоҳ месозад. Хушбахтона, як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик тавонистаанд бо воситаи дигар хатсайрҳо ба Ватан баргарданд, аммо тибқи овозаҳо ба хотири пешгирии карона-вирус донишҷӯён, тоҷирон ва дигар тоҷикони аз Чин баргашта ба мӯҳлати ду ҳафта иҷборан дар беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе дар ҳуҷраҳои махсус таҳти назорати табибон нигоҳ дошта мешаванд.

Оё дар асл тоҷикони аз Чин баргаштаро дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ нигоҳ медоранд?

Ба хотири ба ин савол ҷавоб гирифтан ва фаҳмидани асли ҳодиса хабарнигори сомонаи Оила роҳи ин беморхонаро пеш гирифт. Гузориши Рустам Азимиро аз бемористони мазкур пас аз чанд соат дар сомонаи Oila.tj интизор бошед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД