Паҳншавии корона-вирус дар Чин имрӯз тамоми оламро ба даҳшат овардааст. Ин бемории маргзо, ки аллакай ҷони 170 нафар сокинони сайёраро рабуда, ҳазорон нафари дигарро ба гирдоби бало гирифор кардааст, мардуми тоҷикро низ бетараф гузошта наметавонад.
Тоҷиконе, ки ҳамсар, фарзанд ё шахси дигари наздикашон дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, дар ҳаросанд, ки бо ҷиграбандонашон чӣ ҳодиса рӯй дода бошад. Барои огоҳ шудан аз ҳоли тоҷиконе, ки айни ҳол дар Чин қарор доранд, хабарнигори сомонаи Оила Шабнам Тоҳирӣ тариқи ИМО бо Муинҷом Давлатов ном донишҷӯи тоҷик, ки дар яке аз донишкадаҳои Хитой таҳсил мекунад, ҳамсӯҳбат гашт.