Arzon march 2024
Ишқи хитоӣ духтари тоҷикро хушбахт месозад ё бадбахт?
24.01.2020
Р. Азимӣ
4962

 

Демократия натанҳо тарзи зиндагӣ, балки хулқу хӯйи мардуми тоҷикро низ дигаргун месозад, ҳатто дар замони Шӯравӣ занону духтарони тоҷик издивоҷ намуданро бо миллатҳои бегона ба худ ор медонистанд, аммо имрӯз барои як идда ин як амали маъмули гаштааст.

Акнун натанҳо ҷавонмардони тоҷик, балки занону духтарони низ мақоли “дил дили Зайнаб”-ро ба худ шиор намуда, бо намояндагони дигар қавму миллатҳо издивоҷ менамоянд. Пештар, агар духтарони тоҷик бо эрониву афғонҳо оила барпо мекарданд, солиёни охир шавҳари хитоӣ кардан мӯд шудааст.

Оё ишқи хитоӣ ба духтари тоҷик бахт меорад?

Баои ба ин савол посух гирифтан мо бо чанд нафар ҳамсӯҳбат гаштем.

Баҳром Гулзод:

Хуни миллат бояд тоза бошад!

Ман ҷонибдори манъи никоҳи духтарҳои тоҷик бо хориҷиён ҳастам. Дар парлумон ва Кумитаи занон, агар воқеан ҳам мардон ва занони миллатдӯст нишаста бошанд, бояд ҳарчи тезтар аз паси амалӣ кардани ин пешниҳод шаванд. Ба хотири тозагии хуни миллат, агар лозим шавад, дар як рӯз қонунро таҳия ва қабул кардан мумкин аст.


Шодмон Шодмонов:

Худо ба занҳо инсоф диҳад, вагарна...

Ҳукумати Тоҷикистон аллакай қонун бароварда, шаҳрвандони хориҷиро вазифадор кардааст, ки дар сурати бо зани тоҷик издивоҷ намудан ҳамсарашонро бо манзили зист таъмин намоянд. Ин қонун ба фоидаи занҳо аст ва минбаъд мардҳои хориҷӣ наметавонанд кадом вақте ки дилашон хоҳад, зани тоҷикашонро партофта раванд. Боқӣ, шавҳари тоҷик мекунанд ё хориҷӣ, ин ихтиёри худи занҳост. Худо ба занҳо инсоф диҳад, вагарна касе никоҳи онҳоро бо чинию афғону эронӣ манъ карда наметавонад…

Фирдавс Сатторов:
                             Бачаҳои тоҷик зан мекобанду...

Халқи тоҷик дар умраш на қурбоққа хӯрдаасту на каждум, чунки мо мардуми мусалмон ҳастем. Ман ҳайронам, ки чӣ хел духтарҳои тоҷик мору сангпушт хӯрдани хитоиҳоро дидаву дониста, шавҳари хитоӣ мекунанд?! Лаънат ба касе, ки миллати худро пушти по зада, ба издивоҷ бо бегонагон розӣ мешавад! Бачаҳои тоҷик дар Ватан зан мекобанд, духтарони мо бошанд, дар фикри шавҳари аҷнабӣ. Худо ба ҳама занону духтарони тоҷик тавфиқ диҳад!

Маърифат Тиллоева:

Дили духтарҳо аз марди тоҷик мондааст

Як рӯз мешунавӣ, ки зани тоҷик худсӯзӣ кардааст, рӯзи дигар мефаҳмӣ, ки аз ҷабри шавҳар зане фарзандонашро ба дарё андохтааст, рӯзи сеюм хабари ҳамсарашро бераҳмона ба қатл расонидани марди дигар ба гӯш мерасад. Ҳар рӯз тариқи оинаи нилгун ягон куштор ё ҳодисаи дигареро намоиш медиҳанд, ки аз ҷабр дидани зани тоҷик аз дасти марди тоҷик дарак медиҳад. Магар баъди ин қадар зӯроварӣ дили духтарони тоҷик гарм мешавад, ки шавҳари тоҷик кунанд? Ҳолати руҳии занон хеле латма хӯрдааст, аз ҳамин хотир, бахти худро дар ҷойи дигар меҷӯянд. Ба онҳое, ки зидди издивоҷи занҳои тоҷик бо мардони хориҷӣ мебароянд, гуфтаниям, ки гуноҳро танҳо ба сари зан бор накарда, як бор сари рафтору кирдори худ ҳам андеша намоед.

Марҳабо:

Мардҳои тоҷик зани рус мегиранд, чаро занҳо шавҳари хитоӣ накунанд?

-Ман ҳайронам, чаро танҳо никоҳи зани тоҷик бо марди хориҷӣ ба обрӯи миллат латма мезадаасту аз мардҳо не? Магар русҳо аз ҷиҳати маданияту ахлоқу фарҳанг ба мо-тоҷикон наздиканд? Чаро вақте ки мардҳои тоҷик зани русу тотору украинӣ мегиранд, касе зиддият нишон намедиҳад, ки никоҳи онҳоро манъ кунед? Фикр накунед, ки ман тарафдори шавҳари хитоӣ кардани занону духтарони тоҷик ҳастам, вале аламовар аст, вақте ки мардҳои мо занҳои тоҷикашонро бо чанд кӯдак партофта, зани рус мегиранд. Манъ карданӣ бошанд, одилона рафтор карда, ҳам ба мардҳо ва ҳам ба занон никоҳ бо аҷнабиёнро манъ намоянд.

Ҳикматулло Раҳмонов:

Генофонди миллат вайрон мешавад

Ман қатъиян зидди шавҳари хитоӣ кардани духтарҳои тоҷик ҳастам, чунки ин ба генофонди миллат таъсири бад мерасонад. Намехоҳам, ки шумораи кӯдакони дурага дар кишварамон зиёд шавад, чунки ин ба генофонди миллат таъсири бад мерасонад.

Шуҳрат Ҳамидов:
Урфу одатҳои миллиро пушти по назанед!

Ман аз ҳукумат не, аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш дорам, ки урфу одатҳои миллии худро пушти по назананд. Фарзандҳоятонро дуруст тарбия кунед, илму дониш омӯзед, ҳурмату эҳтиром ва гӯш додан ба гапи калонсолонро ëд диҳед, аз дину имон хабардор намоед, он гоҳ бе ягон қонун на духтари тоҷик шавҳари хитоӣ мекунаду на бачаи тоҷик зани рус мегирад. Миллатдӯстӣ аз оила сар мешавад.


Фарангиси Фармон:
Айби мардон пӯшидаю айби зан ошкор- а?!

Барои чӣ зани тоҷикро бо чанд фарзанд партофта, дунболи зани рус рафтани мардҳо қаҳрамонию шавҳари хориҷӣ кардани зани тоҷик айбу шармандагӣ будааст? Чаро вақте ки мардҳои тоҷик бо кампирҳои рус хонадор мешаванд, касе онҳоро ҳайфи ту намегӯяд? Баҳсу моҷарои зангирии тоҷикон дар Русия то барномаи телевизионӣ рафта расид, вале ягон кас аз боби шармандагӣ сухан нагуфт? Барои чӣ рафтори марди тоҷик нанговар нею шавҳари хориҷӣ кардани зани тоҷик обрӯи миллатро мерезонидааст? Аввал таноби баъзе мардҳои бе нангу ори тоҷикро, ки зану кӯдаконашонро партофта, солҳои дароз суроғ намекунанд, кашед, баъд занҳоро муҳокима намоед!

Илҳом Ҳакимов:
Кӯдакони хитоӣ ҳаргиз тоҷик намешаванд

Мо миллате ҳастем камшумор, агар издивоҷи духтарони тоҷик бо шаҳрвандони хитоӣ давом кардан гирад, ин бар зарари миллат аст. Ҳама медонанд, ки фарзанд хоҳ-нохоҳ насаб ва миллати падарашро мегирад. Кӯдаконе, ки аз хитоӣ ва ё ягон марди дигари хориҷӣ ба дунё омадаанд, ҳаргиз тоҷик нахоҳанд шуд. Мо худро "ориёӣ" меҳисобем ва аз ин фахр мекунем, агар чунин дурагаҳои тоҷику-хитоӣ зиёд шудан гиранд, аз ориёӣ будани мо дигар ягон ному нишон намемонад.

Гулафзо:

Ошашон шавад!

Шумо бачаҳои тоҷик пирдухтар гуфта намегиред, духтарҳои бечора чӣ кор кунанд? Хитоиҳо ба симои зоҳирӣ не, ба ботини занҳои тоҷик аҳамият дода, онҳоро ба занӣ мегиранд. Ошашон шавад!

Дилатон ба миллат сӯзад, ҳар рӯз ҳуқуқи занҳоро поймол карда, дар болои занатон зан нагиред, ҳамсаронатонро ранҷу азоб надиҳед. Иҷозат диҳед, ки духтарҳоятон озодона хонанд, савод омӯзанд, барои онҳо шароитҳои хуби зиндагиро фароҳам биёред, он гоҳ ягон духтар ё зани тоҷик шавҳари хитоиву аҷнабӣ намекунанд!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД