Formula novemver 2024
Донишҷӯдухтари хитоӣ дар назди маркази савдои Цум аз ҳуш рафт
7776

 

Субҳи имруз як сокини шаҳри Душанбе ба идораи сомонаи Oila.tj занг зад ва бо шарти пинҳон доштани ному насабаш дар бораи дар назди маркази савдои ТOҶИКИСТОН аз ҳуш рафтани як донишҷӯдухтари чинӣ маълумот дода, чунин гуфт:

"Чанд дақиқа пеш як донишҷӯдухтари хитоӣ, ки донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои кишвари мо будааст, дар чорроҳаи назди бинои маркази савдои Цум яку якбора ҳолаташ бад шуда, дар гирду атроф одамони зиёде бошанд ҳам, аз тарси он ки мабодо ин духтараки чинӣ гирифтори корона-вирус набошад, касе ба ӯ наздик намешуд.


ЧАРО ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ТО ҲОЛ ХОМӮШ АСТ?


Ба ҷойи он ки ба бемор ёрӣ расонанд, одамон рӯяшонро гардонда бо роҳи худ мерафтанд ва кӯшиш мекарданд, ки ҳарчи зудтар аз ин ҷо дур шаванд. Дар ҳамин лаҳзаҳои ҳасос аз куҷое ду зани дигари ба мардуми Куриё ва Чин монанд пайдо шуданд ва аҳволи духтаракро дида, ба “Ёрии таъҷилӣ” занг заданд. Хайрият, ки табибон ба зудӣ расида омаданд. Вақте ки духтурҳо беморро муоина мекарданд, ман аз рӯйи ҳисси кунҷковӣ пурсидам, ки ин духтар карона-вирус дорад ё не? Онҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки аз рӯйи аломатҳое, ки ба назар мерасанд, духтарак   эпилепсия дорад, на ягон хел бемории вируси”

Дар идомаи суҳбат ин мусоҳиби мо афзуд, ки ӯ низ дар оғоз афтидани хитоидухтарро дида, ба ҳарос афтодааст, ки карона-вирус ба Тоҷикистони мо низ расид, аммо баъди шунидани сухани табибон дилаш ором гирифта, қарор медиҳад, ки ин ҳодисаро ба сомонаи Оила нақл кунад.


ТОҶИКОН ДАР ХИТОЙ АЗ КАРОНА-ВИРУС СИРОЯТ ЁФТАНД Ё...?

 


Ҷои пӯшида нест , ки имрӯз корона-вирус тамоми дунёро ба таҳлука овардааст. Ҳарчанд ин беморӣ дар кишвари мо то имрӯз ба қайд гирифта нашудааст, ба ҳар ҳол мо ба муштариёни сомонаи Оила маслиҳат медиҳем, ки барои бехатарии худ ва наздиконашон аз хӯрдани меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти хӯрока, ки аз кишвари Чин ворид гаштаанд, худдорӣ намуда, дар ҷойҳои серодам бо ниқобҳои махсус бигарданд.

Рустам Азимӣ, махсус барои сомонаи Oila.tj

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД