Паҳншавии вируси тоҷдор-корона вирус дар кишвари Чин ба мавзӯи марказии матбуот ва дигар васоити ахбори оммаи ҷаҳон табдил ёфтааст. Тамоми шабакаҳои машҳури радиову телевизион ва сомонаҳои иҷтимоӣ имрӯз дар боби ин бемории хатарнок ва гирифторону қурбониёи карона вирус ҳарф мезананд. Албатта ин бемории қотил, ки аллакай ҷони беш аз 100 нафарро рабудаву ҳазорон нафари дигар ба он гирифтор гаштаанд, тоҷикону тоҷикистониёнро низ бетараф гузошта наметавонад. Айни замон ҳудуди 3000 донишҷӯёни тоҷик дар Чин таҳсил карда истодаанд, ҳамчунин шумораи шахсоне, ки бо дигар корҳо ба ин кишвар сафар намудаанд ва ё он ҷо зиндагӣ мекунанд, кам нест. Албатта падару модар ва пайвандони эшон дар изтиробанд, ки фарзандонашон дар он ҷо чӣ ҳолу аҳвол доранд. Ба хотири фаҳмидани вазъият дар Хитой мухбири сомонаи Оила. ТҶ Дурахшони Ортиқ бо Фарзона ном ҷавонзани тоҷик, ки дар ин кишвар иқомат мекунад, ҳамсӯҳбат гашт. (Видео)