Шумораи занҳои соҳибкор дар ҳудуди Тоҷикистон ба зиёда аз 400 нафар мерасад. Бизнес-ледиҳои тоҷик хело меваффақ буданду ҳастанд.
Муассиси занони соҳибкор дар Тоҷикистон Санавбар Шарипова мегӯяд, ки барои шиносои бо «Бизнес леди»-ҳои тоҷик мо ҳар сол озмуни «Занони соҳибкори тоҷик»-ро мегузаронем, ки дар он аз тамоми шаҳру навоии ҷумҳурӣ ширкат мевазанд.
Инак, шуморо бо 5- нафар «бизнес-леди»-ҳои муваффақи тоҷик шинос мекунем.
№1. Зулайхо Тиллозода. Сокини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон. Соли 2018 дар озмуни «Занони соҳибкори тоҷик» ширкат варзида, унвони беҳтарин занро дар соҳаи «Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ» соҳиб гаштааст. Бону Зулайхоро бо сертификат, тӯҳфаҳо ва 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ карданд.
№2.Умеда Дадобоева. Сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд. Соли 2018 дар озмуни номбурда ширкат варзида, унвони беҳтарин занро дар соҳаи Тандурустӣ ва маориф соҳиб гаштааст.
№3. Лутфия Мадкаримова.Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Суғд. Ин бонуро бошад ба унвони беҳтарин зани гулпарвар мешиносанду қадр мекунанд.
№4.Каромат Ашурмадова. Сокини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон буда соли равон ба панҷгонаи беҳтарини занҳои соҳибкори тоҷик ворид шуд. Номбурда дар шохаи «Ҳунарҳои мардуми»-и озмуни «Беҳтарин соҳибкорзан» ба ҳайси чевар ширкат варзида, соҳиби ҷои аввал гашт.
№5. Ин панҷгонара ошпази беҳтарин аз ноҳияи Шаҳринав Муборак Фатҳуллоевна пурра мекунад. Номбурда дар якчанд озмунҳо ширкат варзида, исми “Бизнес- леди”-ро ба худ гирифт.