Arzon march 2024
Ё чаро бе иҷозати раиси шаҳр наметавон беморро аёдат кард?
29.01.2020
 
9578

Ё чаро бе иҷозати раиси шаҳр наметавон беморро аёдат кард?

Шоми 22-юми январ дар деҳаи Шодмони ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор фоҷиаи хунин сар зад. Абдунаими Элмурод ном ҷавонмарди 35-соларо Исомиддин ва Саидҷаъфар ном ҳамдеҳагонаш 11 корд заданд. Ин ҳодисаи хунин дар пеши назари зану фарзандони ҷабрдида руй дода буд ва онҳо шоҳиди ин манзараи пурфоҷиа гаштанд. Чанде пеш аз деҳа ба идораи сомонаи “Оила” занг зада, хоҳиш намуданд, ки ин фоҷиаи дар муҳити оила сурат гирифтаро сомонаи “Оила” пайгирӣ намояд.

Субҳи рӯзи 28-уми январ, маро ҳамчун хабарнигор “Оила” барои тадқиқи ин қазия сафарбар кард. Қаблан маълумот гирифтам, ки ҷабрдидаро дар беморхонаи Марказии шаҳри Ҳисор бистарӣ кардаанд. Ба ин хотир роҳи ин беморхонаро пеш гирифтам.

Дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи мазкур гуфтанд, ки Абдунаими Элмуродро аллакай аз ин бахш ба шӯъбаи ҷарроҳӣ ва осебшиносӣ гузаронидаанд. Банда роҳи ин шӯъбаро пеш гирфта, ба утоқе, ки Абдунаими ҷароҳатбардошта мехобид, ворид гаштам. Падар ва бародари ҷарбрдида дар болои сари ӯ нишаста буданд. Одоби саломро ба ҷо оварда, худро муаррифӣ намудам ва мақсади ташриф оварданамро фаҳмондам. Пайвандони бемор ба сӯҳбат розӣ шуданд, аммо нав бародари Абдунаим ба нақли ҳодиса сар карда буд, ки як гурӯҳ хилъати сафедпӯшон маро иҳота карданд ва дастур доданд, ки палатаро тарк кунам. Ман худро муаррафӣ кардам ва изҳор намудам, ки ҳадафам дар мисоли ин ҳодисаи нангин омода сохтани маводи ахлоқист. Аммо онҳо исроркорона маро барои берун баромадан водор месохтанд. Оқибат як нафари онҳо изҳор намуд, ки ин дастури сардухтур аст, танҳо дар сурати иҷозат додани ӯ онҳо метавонанд монеи сӯҳбати рӯзноманигор нагарданд. Оқибат маро аз палата ронданд. Дахолат нокардан ба фаъолияти рӯзноманигор, ки Қонуни матбуот ва дигар асноди ҳуқуқии байналхалқӣ инро талаб менамояд, барояшон моҳият надошт.

Дар қабулгоҳи сардухтур ба ғайр аз котиба дигар ягон пашша пар намезад. Дар қабулгоҳаш ӯро чор соат интизорӣ кашидам. Аммо сардухтур ҷаноби Маҷидов пайдо нагашт.   Ҳар гоҳ аз котиба кай баргаштани сардухтурро пурсон шавам, мегуфт, ки он кас “обед” рафтагӣ!

Сардухтур будан чи кайфияте доштааст, агар обедаш чор соат бошад! Агар бемореро оранду беиҷозати сардухтур қабул накунанд, ҳолаш чи мешуда бошад! Агар ҷарроҳии оҷиле зарур бошаду бе иҷозати сардухтур сурат нагирад! Ба ин савол шояд мақомоти болотар ҷавоб гӯянд! Вой бар ҳоли беморхонаю беморон, агар сардухтур чунин “масъулиятшинос” бошад!

Хулласи калом, пас аз чор соати интизорӣ ниҳоят ҷаноби Маҷидов пайдо шуд, вале шояд ба хотири гурехтан аз сӯҳбат бо журналист дар саҳни беморхона ин тарафу он тараф равуо намуда, чунон вонамуд мекард, ки гӯё сахт серкор асту вақти сархорӣ надорад. Ҳар чи бодо бод гуфтаму ба саҳни бемористон баромадам ва боодобона ба сардухтур салом дода, мақсади ташрифамро фаҳмонидам. Ҷаноби Маҷидов сароғоз иҷозати Вазорати тандурустӣ ва Вазорати корҳои дохилиро талаб намуд. Ин хоҳиши сардухтурро дар замин нагузошта, мо фавран ба ин ду вазорат занг задем. Аз ин ду дастгоҳ ба мо иттилоъ доданд, ки мо ба фаъолияти рӯзноманигории шумо наметавонем мамониат кунем. Журналист метавонад мустақилона тадқиқот барад. Гузашта аз ин низоми корӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ чунон хуб ба роҳ монда шудааст, ки ҳеҷ кас аз ин мақомот ба фаъолияти рӯзноманигорон мамониат намекунад. Баръакс, ёрӣ мерасонанд. Вазири мӯҳтарам Олимзода Насим Хоҷа дар мавриди мусоидат ба дастрас намудани иттилои дуруст ба зерсохторҳои вазорат ҳамеша дастурҳо медиҳад, ҳатто дар нишастҳои матбуотӣ ин нуктаро такрор ба такрор мегӯяд. Оё ин суханон ба гӯши сардухтури беморхонаи шаҳри Ҳисор ҷаноби Маҷидов расида бошанд?!

- ДОДАР, ТО РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР ИҶОЗАТ НАДИҲАД, ДАР БЕМОРХОНАИ МАН БО ЯГОН КАС СӮҲБАТ НАМЕКУНӢ! “- ин буд сухани охирини сардухтур.


ЧАРО ИСОМИДДИН НАИМРО КОРДБОРОН КАРД?


 Мо чандин бор ба раиси дастгоҳи шаҳр занг зандем. Аммо ӯ ҳам телефонро намебардошт. Сипас ба қабулгоҳи раиси шаҳр Шарифҷон Ҷуъмазода занг задем. Ба телефон ёрдамчии ӯ Убайд Бобокалонзода ҷавоб дод. Мо қазияро барояш гуфтем ва хоҳиш намудем, ки ба сардухтури беморхона дастур диҳанд, ки ба мо иҷозати сӯҳбат бо беморрро диҳад. Билхоса, ки вазъи бемор муътадил аст ва мо қаблан бо наздикони ӯ сӯҳбатро оғоз карда будем. Ӯ ҳам изҳор намуд, ки танҳо бо иҷозати раис ва раис алҳол ҳузур надоранд.

-Кай метавонем иҷозати раисро гирем? пурсидем аз ӯ.

-Он кас банди корҳои муҳим ҳастанд, меҳмонони воломақом рӯзҳои наздик меояд, омодагӣ мегиранд,- гуфт.

-Охир раис банди корҳои муҳим бошанд, чаро банди корҳои кӯчак ҳам мешаванд, ки бе иҷозати он кас ҳатто наметавон беморро аёдат кард,-гуфтем мо.

Ёрдамчӣ ҳам, аз лаҳни гапаш маълум буд, ки вақти бо мо сӯҳбат кардан надорад. “Омаданд, ман ба шумо ҷавобашро медиҳам ” гуфт. Дирӯз то шом ва имрӯз то чошт ҳануз аст, ки интизори ҷавоби ёрдамчии раиси шаҳри Ҳисор ҳастем..

Ҳарчӣ бодо бод гӯён, ман бори дуюм вориди шуъбаи ҷарроҳӣ ва осебшиносӣ гаштам. Баробари ба ҳуҷраи Абдунаими Элмурод хобида ворид гаштанам боз гурӯҳи сафедҷомагони беморхонаи марказии Ҳисор ба ҳуҷум гузаштанд. Ман гӯё одамкуш ё ягон ҷинояткори хавфнок бошам, боз ба ҳуҷум гузашта онҳо телефонамро бо зӯрӣ аз дастам кашида гирифтан мехостанд. Азбаски телефон бо изи ангуштон кушода мешуд, онро бо ягон роҳ боз карда наметавонистанд. Диданд, ки намешавад, табибон ва ҳамишираҳои шафқат мисли кормандони пулис ба истинтоқ гузашта, талаб мекарданд, ки фавран аксҳои гирифтаамро аз телефон тоза кунам. Қариб монда буд, ки духтурҳо ва ҳамшираҳои шафқати ин беморхона мани журналистро лату кӯб намоянд, вале...

 

Ман ҳам паст наомада, бародари беморро аз беморхона ба ҳавлии бемористон баровардам ва ҳамроҳаш сӯҳбат оростам, то сабаби ин моҷарои хунинро аниқ намоям.

АЗ НАҚЛИ БАРОДАРИ ҶАБРДИДА:

Бародарам ронандаи таксӣ шуда кор мекард. Дар кадом як маърака гапи Абдунаим бо Исомиддин, ки дӯст ва ҳамдеҳааш аст, мегурезад. Исомиддин аз ҳамон вақт дар дил кина гирифта, барои аз бародарам қасос гирифтан, пайти муносиб поида мегаштааст. Бегоҳи рӯзи 22-январ Исомиддин ҳамроҳи як рафиқи дигараш ба хонаи бародарам омада, дар пеши назари се фарзанди хурдсолаш Абдунаимро кордборон мекунад. Ҳамсари додарам ҳамон бегоҳ дар ҷои кораш навбатдор буд. Кӯдакони хурдсолаш бо дидани ин манзараи хунин ба даҳшат афтида, доду фиғон мебардоранд. Ҳамсояҳо бо шунидани фарёди ҷонкоҳи бачаҳои бародарам ба ташвиш афтода, ба хонаи онҳо меоянд. Дар ин миён ҷинояткорон аллакай кори худро карда, баромада рафта буданд. Ҳамсояҳо Абдунаими ғарқи хунро ба беморхона оварда, ҷонашро аз марги яқин наҷот додаанд. Вақте, ки ин шумхабар ба мо расид, осемасар ба сӯи беморхона шитофтем. Аҳволи бародарам ниҳоят вазнин буд, маҷбур шудем, ки аз шаҳри Душанбе табибони таҷрибадорро биёрем. Онҳо дар ҳамин беморхонаи Ҳисор бародарамро ҷарроҳӣ намуданд, вале таъкид карданд, ки яке аз кордҳои задаи Исомиддин ба гардани бародарам расидааст ва дар сурати зинда мондан низ аз садо маҳрум гашта метавонад. Бародарам пас аз 7-шабонарӯзи сар задани ин фоҷиаи хунин чашмонашро кушод, лекин то ҳол пурра ба худ наомадааст”-гуфт зимни сӯҳбат бародари Абдунаим.

Вақте, ки мо бо пайвандони бемор сӯҳбат мекардем, табибони бемористон аз тиреза чунон ба нафрат ба ман менигаристанд, ки нигоҳашон чун тир ба бадан мерасид. Аммо бадани журналист хушбахтона ҷавшан дорад.

Аҷабо, шояд беморхонаи Марказии шаҳри Ҳисор ягона бемористоне бошад, ки дастурҳои Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро риоя намекунад!

Шояд шаҳри Ҳисор ягона шаҳре бошад, ки бе иҷозати раиси он аёдати бемор ғайри имкон аст!

Шояд ин ҷо зери парда асроре ниҳон аст?


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД