Sebiston new 2024 october
Ҷавони ваҳдатӣ дар шаҳри Петербург қурбон шуд 
3251

 

Дар тӯли як ҳафта бори дуввум аст, ки наврасони ноболиғи тоҷик тӯьмаи оби хуношоми дарё мегарданд.

Ин навбат Фаррухҷони Фатҳиддин, ки ҳамагӣ 16-сол дошт, ҳангоми оббозӣ дар кули Бухарестская-Дмитровои шаҳри Санкт- Петербург ҷон ба ҷонофарин супурд. Фарухҷон дирӯз ҳамроҳи ҳамсинфонаш ба ин кӯл оббозикунӣ рафта, ғарқ шудааст. Шоҳидони ҳодиса дарҳол ба имдод шитофтанд, аммо вақте ки Фаррухҷонро аз об бароварданд, дили пурозруяш аллакай аз тапидан боз монда буд.

Фаррухҷони Фатҳиддин дар шаҳри Питер муҳоҷир буд. Аниқтараш падараш Фатхиддин Суфиев дар Питер ронандаи таксӣ шуда кор мекард ва Фаррухҷон бо нияти тамошои ин шаҳри бостонӣ, ки яке аз зеботарин шаҳрҳои Русия ба шумор меравад, роҳи Петербургро пеш гирифт, бехабар аз он ки марг маҳз дар ҳамин шаҳри қаҳрамон ба гиребони ӯ панҷа дароз хоҳад кард.

Волидони ин ҷавони ормонӣ аслан аз деҳаи Фириштӣ, ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат будаанд. Пагоҳ бо кӯмаки муҳоҷирони меҳнатии мавзеи Сенной ва Софийский ҷасади Фаррухҷони ғуррамарг ба Ватан фиристода мешавад. Равонат шод бод, Фаррухҷони ноком!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД