Вазорати Корҳои дохлии Тоҷикистон аз сар задани фоҷиаи хунин дар шаҳри Ҳисор хабар додааст. Ба гуфти ин манбаъд як зани 35-солаи сокини деҳаи Ҳоҷа Мӯсо (Партсеъезд) аз Мӯсо ном шахс, ки шавҳари ӯро 3 корд зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст, шикоят намудааст.
Мухбири сомонаи Oila.tj Рустам Азимӣ барои фаҳмидани асли ҳодиса ба мақомотҳои қудратии шаҳри Ҳисор занг зад. Як корманди шӯъбаи ташхиси тиббӣ-судии шаҳри Ҳисор бо шарти пинҳон доштани ному насабаш ба хабарнигори мо ин ҳодисаи нохушро чунин шарҳ дод:
-Ин рӯйдоди хунин дар ҳақиқат дар деҳаи Шодмони ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор ба амал омада, сабабаш хусумати шахсӣ мебошад. Ҷабрдида Наими Эмурод ва гумонбарон Исомиддин ва Саидҷаъфар дӯстони ҷонӣ буданд. Ҷӯраҳо як мавизро бо ҳамдигар мечашиданд, аммо баъдан байнашон нофаҳмӣ ва ҷангу ҷанҷол ба вуҷуд меояд. Ҳамин хусуматҳои шахсӣ боиси он мегарданд, ки Исомиддин дар дил нисбати дӯсташ кина бигирад.
Чаро Исомиддин Наимро кордборон кард?
Шоми 22-юми январ ӯ бахонаи Наими Элмурод омада, дар манзили зисташ, дар пеши чашми зану фарзандонаш ҳамсинфашро 12-корд мезанад ва мисли қассоб бепарвоёна баромада меравад. Аҳли хонавода бо дидани ин манзара ба даҳшат афтида, Наими дар хуни худ ғарқро ба беморхона мебаранд. Айни замон ҷабрдида бо ҷароҳатҳои ниҳоят вазнин дар бахши эҳёгарии бемористон қарор дорад ва табибон вазъи саломатии ӯро ташвишовар арзёбӣ менамоянд.
Ногуфта намонад,ки гумонбар аллакайаз ҷониби кормандони милиса дастгир карда шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Тафтишоти ин ҳодисаи хунин аз ҷониби прокуратураи шаҳри Ҳисор идома дорад.
Кормадони сомонаи Oila.tj ният доранд, ки ба аёдати ҷабрида рафта, тафсилоти дигари ҳодисаро муайян созанд. Гузориши видеоии моро аз шаҳри Ҳисор дар ютуб-канали Оила интизор бошед!