Ба наздикӣ дар бозори машҳури Смитфилди Лондон дӯкони нави гӯштфурӯшӣ кушода шуда, сару садоҳои зиёдеро ба миён овард. Дар ин дӯкон ба мизоҷон гӯшти инсон пешниҳод карда мешавад.
Ин дӯкони булаҷаб бо иқдоми таҳиягарони бозии “Resident Evil Capcom” сохта шудааст...
Растаи нави гӯштфурӯштӣ ба филми ужас монандӣ дорад. Дасту пойҳои буридаи одамизод, дилу ҷигар, шушу гурда ва дигар узвҳои инсониро дар мехҳо овезон дида, кас ба даҳшат меафтад, аммо новобаста ба ин ҳама ваҳшатангезию ваҳшатзоияш мизоҷони дӯкони нав дар Лондон хеле зиёданд. Ҳар як дасти одамиро дар ин ҷо бо нархи 5,99 фунт харидан мумкин аст, пойҳо каме қиматтар буда 6,00 фунт арзиш доранд. Ростӣ, харидорон минбаъд бо гӯшти инсон чӣ кор хоҳанд кард, ман тасаввур карда наметавонам.
Масъулони бозор мегӯянд, дасту пой ва дигар узвҳои одамӣ, ки дар ин дӯкон ба савдо гузошта мешаванд, дар асл аз гӯшти ҳайвонот омода шудаанд ва танҳо намуди зоҳириашон ба узвҳои инсон монандӣ дорад, аммо ин гап то куҷо ҳақиқат дорад, маълум нест.
Суқути ҳавопаймо боиси марги 7-нафар гашт
Ин дӯкони ғайриодӣ барои рекламаи бозии нав ҳамагӣ барои чанд рӯз боз карда шуда буд, аммо дар мӯддати кӯтоҳ ҳазорон харидоронро ба худ ҷалб намуда, фоидаи калони тиҷоратӣ овард. Аз ҳисоби фурӯши гӯшти одам баъзеҳо миллионеру миллиордер шуданд, аммо ин масъала паҳлӯи дигар низ дорад.
Маъмулан сокинони давлатҳои аврупоӣ худро хеле бомаданият ва пешрафта ҳисобида ба дигар қавму миллатҳо аз баландии кӯҳӣ ғурур менигаранд. Аз назари эшон мардумони дигар кишварҳо, хоса минтақаҳои мусалмоннишин “ваҳшӣ” менамоянд ва ҳатто дар асри ХХ1зиндагии “ҷангалӣ” доранд. Англия яке аз мамлакатҳои пешрафтаи авропоӣ ба шумор меравад. Дар пойтахти ин кишвар, шаҳри овозадори Лондон кушода шудани дӯкони гӯшти одамро шунида кас ба андеша меравад, ки магар чунин иқдоми ваҳшиёна нишонаи маданияти баланд аст? Ба харидорон пешниҳод кардани дасту пой ва гӯшу бинии буридаи одамӣ (бигзор, ки он танҳо шаклан ба узвҳои одам монандӣ дошта бошад) магар тарғиби одамхӯрӣ нест?
Ситора аз тӯҳфаи мухлисаш "шок " шуд!
Саволе ба миён меояд, ки чунин бозию чунин иқдомҳои бемаънӣ магар боиси авҷ гирифтани бераҳмӣ ва ҳисси ваҳшоният дар ҷомеа намегарданд?
Узвҳои инсониро ба савдо гузошта, бо ин амалашон ташкилкунандагони ин дӯкони нафратангез чиро тарғиб менамоянд?
манбаъ: http://www.sdelanounih.ru/magazin-chelovecheskogo-myasa-v-londone/