sebiston july new
Қиёмат дар Австралия қоим шуд?
3626

 

 Тасвири ин офати табиӣ ба як филми даҳшатнок монанд аст. Дар Австралия ҷангал чунон оташ гирифт, ки натанҳо дарахтон, балки тамоми ҳайвонот ва ҳатто хонаву дару молу мулки одамон несту нобуд гашт.

Дар ин сӯхтори даҳшанангез, ки назираш дар 50-соли охир рӯй надода буд, ҳудуди 500 000000 ҳайвон сӯхта хокистар шуданд!

Одамон натавонистанд пеши роҳи оташро, ки мисли аждар якбора ба ҳуҷум гузашта буд, бигиранд ва ҳазорон гектар замини кишту манзилҳои обод бар боди фано рафтанд. Аз хонаҳои истиқоматӣ имрӯз танҳо деворҳои пур аз хокистар боқӣ мондаанду халос. Мардум аз тарси ҷон молу амвол ва манзилҳои худро партофта рӯ ба гурез ниҳодаанд ва бархе то ҳол дар даруни об мунтазири наҷотдиҳандагон ҳастанд.

Дар пойтахти Австарлия, шаҳри Канберра бар асари ин сӯхтор ифлосшавии ҳаво якбора 26 маротиба зиёдтар гаштааст. Дӯди ғализи ин сӯхтори ба оташи дӯзах монанд аллакай то Зеландияи Нав расидааст. Одамони зиёде бо нишонаи заҳролудшавӣ аз дуди сӯхтор дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Сӯхторхомушкунандаҳо вазъро таҳти назорат гирифта наметавонанд. Тамоми соҳилҳои шарқӣ сӯхта истодаанд. Дар қитъаҳои сӯхтаистода ҳарорати гармӣ то ба 50 дараҷа мерасад. Ҳамаи дарё ва кӯлҳо хушк шудаанд,-хабар медиҳад РИА Новости.







Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД