Ман бачаи 13- сола ва зодаи шаҳри Қӯрғонтеппаам. Дарди бедаво дорам. Гирифтори саратон шудаам.
Падарам худро ба сад дар зада, азм карданд, ки маро барои табобат ба Русия мебаранд. Чипта харида ба тайёра нишастем. Мани ташнаи ҳаёт ин рӯзро бесаброна интизор будам, чунки мехостам аз ин дарди қатол ҳарчи зудтар халос шуда, лаззати зиндагиро бичашам. Дар фурудгоҳ аз самолёт фаромадему баъди гузаштан аз назорати гумрукӣ падарам аз ман хоҳиш карданд, ки 10 дақиқа интизор шавам ва худашон ба ташноб даромаданд. Розӣ шудам. 10, 20, 30 дақиқа ва ҳатто 1 соат аз байн гузашту аз он кас дарак нашуд. Хавотир шуда ба ҳоҷатхона даромадам, вале аз падарам дар он ҷо ному нишон набуд. Ба ҷустуҷӯ афтида ба кӯча баромадам. Дар мулки бегона сарсону саргардон то фурӯ рафтани офтоб падарамро кофтам, вале ягон нишонашро наёфтам. Аз чанд кас пурсидам, ки оё чунин мардро надидаанд, вале на онҳо забони маро мефаҳмиданду на ман забони онҳоро ва ҳамаашон даст афшонда гузашта мерафтанд. Хостам ба фурудгоҳ баргардам, вале роҳгум задам. Мани роҳгумзадаю бемор гирёну нолон то саҳар падар кофта, аз гушнагию ташнагӣ қариб мемурдам. Пул надоштам, ки ақалан якто нон харида хӯрам. Маҷбур шуда гадоӣ кардам. Дар назди бозори серодам гаштугузор намуда, дастамро сӯйи одамони сару либосашон шинам дароз мекардаму бо чашмони ашкбор садақа мепурсидам. Нав чанд рубл ҷамъ карда будам, ки милисаҳо пайдо шуданд. Тарсида ру ба гурез ниходам ва умедамро аз гадоӣ ҳам канда, зор-зор гиристам. Гириста-гириста хабам бурдааст, хоб дидам, ки дар хонаамон ҳастам ва модарам як тал нони гарми нав аз танӯр кандаашро пешам гузошта табассумкунон «Бачаҷон, гурусна мондӣ, гир нони ширмол хӯр» мегӯяд.
Ҳамин дам касе як шатта зад. Чашм кушода кампири русеро дидам, ки аз чашмонаш гӯё алав мерехт. «Эй чурка, вставай с моего газона!» гӯён аз китфам кашид. Ночор бархостам ва либосҳоямро афшонда боз ба самте равон шудам, ки ба куҷо бурданашро намедонистам. Дар роҳ бо марди сабзинае рӯ ба рӯ шудам ва таваккалан салом додам. Хушбахтона тахминам рост баромад, мард тоҷик будааст ва ба саломам ҷавоб гардонда, пурсид, ки дар ин мулки ғарибӣ чи мекунам. Қиссаи гум шуданамро нақл кардам. Дилаш ба ҳолам сӯхт ва маро ба хонааш бурд. Ҳоло ҳамроҳи фарзандонаш дар хонаи ин марди нек зиндагӣ карда истодаам. Мақсади нома навиштанам он аст, ки падарам аз ҳоли ман огоҳ шуда ба суроғи фарзандаш барояд. Маро аз бинои 12 ошёнаи назди бозори Садавод, аз хонаи акаи Шамсулло, ки зодаи ноҳияи Ҳисор аст, ёфта метавонед дадаҷон!
Сулаймон, аз Федератсияи Русия