Tayron Test For
Ҷасади ҷавони тоҷикро бо гардани шикаста аз ҷангал ёфтанд
2489

 

Тафсилоти куштори бераҳмонаи муҳоҷири тоҷик Қутбиддини Садриддин аз забони шоҳиди ҳодиса

Куштори бераҳмонаи муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар Тотористон боиси сару садоҳои зиёде гашт. Пас аз нашри мавод дар ин мавзуъ яке аз шоҳидони ҳодиса ба “oila.tj” занг зада, бо шарти пинҳон доштани ному насабаш тафсилоти марги Қутбиддини Садриддинро қисса кард. Ба гуфти ин мард, ки ҳам марҳум ва ҳам қотилонро хуб мешинохтааст, Фирдавс Оймаҳмадов муҳоҷири меҳнатӣ буда, шаш сол инҷониб дар шаҳри Қазони Тотористон дар заводи фанеристеҳсолкунӣ кор мекард. Моҳи феврали соли равон Фирдавс зан ва додарарӯсашро бо оилааш ба назди худ мехонад.

«13-уми май овозае пайдо шуд, ки Қутбиддин бо ҳамсари Фирдавс муносибатҳои ошиқона доштаасту байни ин ду ҷавонмард аз сари рашк ва нангу номус ҷанҷоли хунин ба миён омадааст. Пас аз чор-панҷ соат кормандони пулис ҷасади Қутбиддинро аз ҷангал пайдо карданд. Рӯю баданаш пур аз доғҳои сиёҳу кабуд ва гарданаш шикастагӣ буд, аммо овозаҳо дар бораи он ки гӯшу биниашро бурида, чашмонашро кофтаанд, асос надоранд»-мегӯяд ин шоҳиди ҳол, ки ҷасади Қутбиддини Садриддинро бо чашмони худ дидааст.

Фирдавс Оймаҳмадов ва додарарӯсаш дар содир намудани ин ҷинояти вазнин гумонбар дониста шуда, айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Ба қавли намояндагони мақомоти тафтишот Оймаҳмадов ва додарарӯсаш ин куштори бераҳмонаро дар ҳолати мастӣ содир намудаанд. Ҷавонон ба маркази шаҳр дамгарӣ мераванд ва дар бозгашт байнашон баҳсу мунозира ба миён омада, бар асари ин муноқиша Фирдавс ва додарарӯсаш Қутбиддинро бӯғӣ мекунанд ва гарданашро шикаста, ҷасади ӯро дар ҷангалзор мепартоянд.

Аз рӯйи ин ду нафар парвандаи ҷиноӣ оғоз гашта, тафтишоти ин қазияи хунин идома дорад, аммо ҳамсари Фирдавс аллакай бо ҳамсари бародараш ба Тоҷикистон баргаштааст. Ба қавли ин манбаъ, марҳум ва қотилон ҳамшаҳр ва ҳамагӣ аз Вилояти Суғ мебошанд. Марҳум Қутбиддини Садриддин сокини деҳаи Зери- Ҳисор, Фирдавс Оймаҳмадов бошад аз Марғедари Панҷакент аст. Ҳамсари Фирдавс аз аҳли Хӯҷанд ё Конибодом будааст.

Ҷасади Қутбиддини Садриддин баъди гузаронидани амалиётҳои тафтишотӣ рӯзи 14-уми май ба Ватан интиқол дода шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Tayron Test For 2