Модарам келини «ситора» намехоҳад…
(Қисми 1)
Мо дар асри бисту як зиндагӣ мекунем, вале андешарониҳои бархе аз волидайни мо дар асри понздаҳ қарор доранд. Якеаш модари ман, духтури номдор, зани донишманд, бомаърифату фарҳангӣ, аммо як фикрҳое дорад, ки… Ман маҷбур шудам, ки қалам гирифта, ба ҳафтаномаи «Оила», ки модарам хеле дӯсташ медорад ва ман ҳам дар пайравии модарам муштарияш шудаам, нома нависам. Пешакӣ мегӯям, ки ин кори мардона нест, баъд аз рӯйи модари худ шикоят кардан ҳам гуноҳ аст, аммо намедонам чӣ кор кунам?!
Писари эрка
Падару модари ман ҳар ду духтуранд, онҳоро мардум мешиносанд ва ҳурмату эҳтиром мекунанд. Онҳо бо ризоияти волидайни хеш, ки бо ҳам дӯсту рафиқ будаанд, хонадор шуда, зиндагии орому осудае доранд. Дар оилаи мо ману бародарам ба дунё омада, ба воя расидем. Бародарам пайи касби волидайн рафта, имрӯз духтур аст, ӯ бо ҳамсабақаш хонадор шуда, имсол соҳиби писарча гаштаанд. Ман бо дониши худам ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Амрико дохил шудаму онро бо тахассуси иқтисоддон хатм намудам. Чун ба падару модарам гуфтам, ки мехоҳам дар Амрико монам, онҳо розӣ шуданд. Дар Амрико рафиқе дорам, ки падараш бонки шахсӣ дорад. Бояд бигӯям, ки он ҷо рафиқбозӣ кор намеравад ва падари Ҷеймс дид, ки ман дониши хуб дорам, маро ба кор гирифт. Оҳиста-оҳиста зиндагиам хуб шуд, чун компютерро аъло медонам, як тиҷорати хурд ҳам дорам. Ҳамин тавр, роҳи худро дар ин кишвари бузург ёфтам. Волидайнам доим таъкидам мекарданд, ки ба Ватан омада, зани тоҷик гираму баъд ҳамсарамро ҳамроҳам ба Амрико барам. Ҳарчанд дӯстдухтари ҳинду доштам, аммо гапи волидонам бароям гап буду ин хоҳиши онҳоро ба инобат гирифтам. Ба модарам гуфтам, ки дар рухсатии меҳнатӣ ба Ватан меравам ва ягон келини хуб хуш карда монад, аммо беҳуда нагуфтаанд, ки мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл?
Ишқи «ситора»
Як рӯзи шанбе хостам барои худам пойафзол харам. Вориди мағоза шудаму он ҷо чашмам ба як ҳофизаи ҷавони тоҷик, ки ҳамеша сурудҳояшро гӯш мекунам, афтод. Бе ягон фикру андеша рост наздаш рафта, саломаш додам, ӯ ҳам бо табассуми малеҳ ҷавоб гирифт. Ба ӯ гуфтам, ки ман ҳамеша сурудҳои шуморо гӯш мекунаму хеле суҳбат кардем. Ҳофиза барои додараш пойафзол мехаридааст.
- Як нафар ба Ватан меравад, барои хонагиҳо савғо мефиристам, - кӯтоҳакак гуфт ӯ.
Мо якҷоя аввал барои ман, баъд барои додари ӯ пойафзол гирифтем ва ман ӯро ба қаҳвахона даъват кардам. Ӯ он ситораи саҳнаи дар орову торо таркардаи мағрур не, балки як духтараки сабзинаи оддияки хушсухану ниҳоят меҳрубон буд. Бо забони англисӣ озод суҳбат мекард. Ман шеърро дӯст медораму ба вай барои интихоби матнҳои олӣ офарин гуфтам. Ҳофиза барои сабти як клипаш ба ин ҷо омада будааст.
- Маро як дӯсти эрониам ба ин сафар маҷбур кард, вагарна ман дар манзараҳои Ватан сабт намудани клипро дӯст медорам, - гуфт ӯ ҳангоми суҳбат.
Чун аз ӯ пурсидам, ки дилаш банд нест, бо ханда посух дод, ки вақти ошиқӣ надорам. Мо ба ҳам сахт унс гирифтем, чанд бор ба хонаам даъваташ кардаму ҳамроҳ оши палав пухтем. Ман ошиқ шудам, ӯ низ…
Паймон
То рухсатии ман чор моҳи дигар буд, маҳбубаам баъди якуним моҳи бо ҳам буданҳо ба Ватан баргашт. Пеш аз баргаштан ман бо ӯ аҳду паймони оиладорӣ бастам. Барои ёри ситораи ман саҳна муқаддас буду касбашро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошт ва ӯ пеш аз он ки ризоияташро барои хонадоршавӣ диҳад, шарт монд, ки аз саҳна дураш намекунам. Ман қавл додам, зеро барои ман, ки дар оилаи зиёӣ ба воя расидааму панҷ соли умри худро дар Амрико сипарӣ намудаам, ин ягон ҷойи нангу номус набуд. Ман низ дар навбати худ шарти худро гузоштам, ки ӯ тӯйгардӣ намекунад, дар таҳияи клипу барпо намудани барномаҳои консертиаш ман ёрияш мерасонам. Ҳофизаи ман худаш ба тӯйгардӣ он қадар завқ надошт, аз ин рӯ, мо аҳду паймон бастем. Ман бо дӯсти эрониаш низ вохӯрдам, ӯ маро дилпур сохт, ки духтари хушкардаам хушдоману боақлу порсост. Ман худам низ тӯли рӯзҳои бо ҳам будан ӯро омӯхтам...
(Давом дорад)