"Ҷавондухтар худро ба дарё партофтан мехост" Наҷотдиҳанда қадрдонӣ шуд
Сокини шаҳри Душанбе Хайруллозода Самиалло ҷавондухтареро, ки мехост худро аз баландӣ ба дарёи Душанбе ҳаво диҳад, аз марг наҷот дод.
Ҳодиса дар назди Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе рух додааст. Самиалло бо амали саривақтӣ ва ҷасорати худ пеши роҳи фоҷиаи эҳтимолиро гирифта, ҷони ҷавондухтарро наҷот додааст.
Бо мақсади қадршиносӣ аз ин амали ҷавонмардона, роҳбарияти милитсияи пойтахт ӯро дар вазъияти тантанавӣ бо Сипоснома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ кардааст.
Ин иқдом намунаи масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва инсондӯстӣ арзёбӣ мешавад. Наҷоти ҷони инсон яке аз бузургтарин амалҳои нек ба шумор меравад.