35 years of independency
Муҳоҷирони ӯзбек дар зинаи аввалу муҳоҷирони тоҷик дар ҷойи дуюм
71

Муҳоҷирони ӯзбек дар зинаи аввалу муҳоҷирони тоҷик дар ҷойи дуюм
Дар 9 моҳи соли 2026 зиёда аз 3,2 миллион шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади кор ба қаламрави Русия ворид гаштаанд, ки бештарашон муҳоҷирони меҳнатии ӯзбек ва тоҷик мебошанд. Тавре ки расонаҳои русӣ наивштаанд, аз моҳи январ то сентябри соли равон шаҳрвандони Ӯзбекистон 1,5 миллион маротиба бо мақсади кор ба Русия ворид шуда, дар зинаи аввали толибони кор дар ин кишвар қарор доранд. Зодагони Тоҷикистон 665 ҳазору 892 маротиба барои кор ба Русия ворид шуда, дар ҷойи дуюм қарор доранд.
Гуфта мешавад, ки вуруди муҳоҷирони тоҷик бо мақсади кор ба Русия қариб 18% кам шудааст.
дар миёни кишварҳое, ки дар 9 моҳи соли равон шаҳрвандонаш бо мақсади дарёфти ҷойи кор ба Русия сафар кардаанд, Қирғизистон дар зинаи сеюм (беш аз 385 ҳазор), Қазоқистон дар ҷойи чорум (беш аз 176 ҳазор) ва Чин дар зинаи панҷум (беш аз 127 ҳазор) қарор доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД