goodwell
Толеъномаи 26 ноябри соли 2026
309

 

Ҳамал (Овен)

Дар муносибат бо шахси дӯстдошта ва наздикон эҳтиёткор бошед. Имрӯз баҳсу мунозира метавонад боиси ранҷишу нофаҳмӣ гардад. Дар кор низ аз масъулиятҳои иловагӣ дурӣ ҷӯед. Агар мушкили молӣ доред, эҳтимол роҳи ҳалли онро пайдо мекунед. Беҳуда худро ба ташвиш наандозед, зеро вазъият тадриҷан беҳтар мешавад ва фурсати ором гирифтан фаро мерасад.

Савр (Телец)

Имрӯз эҳтимоли шиносоӣ бо шахси дилхоҳатон зиёд аст, аммо барои оғози муносибати нав шитоб накунед. Дар оила аз танқиду сарзаниши беасос худдорӣ намоед, то нофаҳмӣ пеш наояд. Дар муносибат бо ҳамкорон низ таҳаммулпазир бошед. Вазъи молиятон тадриҷан беҳтар мешавад ва корҳо бароятон осонтар пеш мераванд. Ҳоло неруи худро беҳуда сарф накунед.

Ҷавзо (Близнецы)

Ба шахси дӯстдоштаатон эътимод кунед ва бо гумону шубҳа муносибатро душвор насозед. Имрӯз вақти хубест, ки корҳои нотамоматонро ба анҷом расонед. Аз баҳсу ҷанҷол бо наздикон худдорӣ кунед. Ҳоло барои тағйир додани вазъият шитоб кардан лозим нест, зеро мушкилот ба зудӣ рафъ мешаванд. Дар масъалаҳои молӣ эҳтиёткор бошед ва аз хароҷоту таваккали беҳуда худдорӣ намоед.

Саратон (Рак)

Дар масъалаҳои ошиқона шитоб накунед ва пеш аз оғози муносибати ҷиддӣ шахси интихобкардаатонро хубтар бишиносед. Имрӯз вақти муносибест, ки бо дӯстони дерина вохӯред ва аз суҳбати онҳо лаззат баред. Дар масъалаҳои корӣ бо боварӣ амал кунед. Эҳтимоли бастани шартнома ё анҷом додани муомилаи судманд вуҷуд дорад. Аммо қонун ва қоидаҳои кориро риоя намоед. Дар хӯроку нӯшокӣ низ аз ҳад нагузаронед.

Асад (Лев)

Имрӯз эҳсосоти худро идора кунед, зеро асабоният метавонад шуморо ба хатогиҳо водор созад. Ба аҳли оила ва шахси дӯстдоштаатон бештар вақт ҷудо кунед. Субҳ каме истироҳат карда, баъд ба корҳои нотамом баргардед. Аз пешниҳодҳои шубҳанок ва саргузаштҳои хатарнок, махсусан бо иштироки одамони ношинос, дурӣ ҷӯед. Хушбахтона, табъи болидаатон тамоми рӯз ҳамроҳатон хоҳад буд.

Сунбула (Дева)

Имрӯз барои беҳтар кардани муносибат бо шахси дӯстдошта ва мустаҳкам кардани робитаҳои дӯстона рӯзи мусоид аст. Наздикон ба таваҷҷуҳи шумо ниёз доранд. Ба корҳои хона машғул шавед ва муҳити атрофро ободу зебо гардонед. Корҳои майдаи таъҷилиро ба дигарон вогузоред, то ба масъалаҳои муҳимтар расидагӣ кунед. Аз хароҷоти калон ва шитобкорона худдорӣ намоед. Ҳангоми истифодаи асбобу таҷҳизот эҳтиёткор бошед.

Мизон (Весы)

Дар масъалаҳои ошиқона ба эҳсосот дода нашавед ва бештар ба ақлу мантиқ такя кунед. Дар муносибатҳои оилавӣ эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад, бинобар ин аз ҳар гуна баҳсу ҷанҷол худдорӣ намоед. Барои муваффақ шудан дар кор танбаливу бепарвоиро канор гузоред. Агар тиҷорат дошта бошед, имкони беҳтар кардани вазъи молиятон вуҷуд дорад. Аммо ҳатман барои рӯзҳои душвор каме маблағ захира кунед ва ба хӯрокхӯрӣ низ диққат диҳед.

Ақраб (Скорпион)

Агар аз самимияти шахси дӯстдоштаатон мутмаин набошед, ба ҷойи шубҳа кардан бо ӯ ошкоро суҳбат намоед. Оила ва хона такягоҳи асосии шумо ҳастанд. Ба наздикон бештар меҳрубонӣ кунед. Имрӯз барои омӯзиш ва рушди шахсӣ низ вақти хуб аст. Аз рафтори ноодилона ва муошират бо одамони нолоиқ худдорӣ намоед. Ба тартибу тозагии хона аҳамият диҳед ва барои беҳтар шудани вазъи молӣ бештар фаъол бошед. Машқи ҷисмонӣ низ ба шумо фоида меорад.

Қавс (Стрелец)

Имрӯз меҳрубонӣ ва таваҷҷуҳи шумо ба шахси дӯстдоштаатон муносибатҳоро боз ҳам беҳтар мекунад. Аммо кӯшиш кунед, ки дар ҷамъомаду вохӯриҳо рафтори худро назорат намоед. Дар кор аз ҳад зиёд худро хаста накунед ва дар мавриди маош бо роҳбарият суҳбат кунед. Аз қарз гирифтан ва хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед. Ба саломатии худ диққат диҳед, бештар истироҳат кунед ва аз кори вазнин худро эҳтиёт намоед.

Ҷаддӣ (Козерог)

Шоми имрӯз метавонад барои шумо ва шахси дӯстдоштаатон хеле гуворо гузарад. Барои якҷоя истироҳат кардан вақт ҷудо кунед. Кӯшиш намоед, ки асабониятатон ба муносибат бо наздикон таъсир нарасонад. Дар кор бояд зуд ва бо диққат амал кунед. Музокироту бастани шартномаҳо метавонанд натиҷаи хуб диҳанд. Агар дар саратон дард ҳис кунед, онро нодида нагиред ва барои истироҳат вақт ҷудо намоед.

Далв (Водолей)

Имрӯз муваффақият метавонад шуморо дур аз хона интизор бошад. Барои шахсони муҷаррад эҳтимоли шиносоии ошиқона вуҷуд дорад. Агар дилатон истироҳату фароғат мехоҳад, каме ба худ вақт ҷудо кунед. Дар корҳои касбӣ бо сабру таҳаммул ва ҷиддият амал намоед. Эҳтимол корҳое, ки муддати зиёд пеш намерафтанд, ниҳоят аз ҷой ҷунбанд. Аз пешниҳодҳои ҷолиб, вале шубҳанок эҳтиёт шавед. Барои муоинаи пешгирикунандаи саломатӣ низ вақт ёбед.

Ҳут (Рыбы)

Имрӯз ба хоҳишҳои қалби худ гӯш диҳед ва муайян кунед, ки дар ҳақиқат чӣ мехоҳед. Дар муносибатҳои оилавӣ нофаҳмиҳои хурдро сари вақт ҳал кунед, то ба ҷанҷол табдил наёбанд. Рӯзатонро пешакӣ ба нақша гиред ва ба корҳои муҳимтар диққат диҳед. Ҳангоми муошират бо дигарон чандир бошед, зеро вазъият метавонад ногаҳон тағйир ёбад. Хушбахтона, эҳтимоли пайдо шудани мушкилоти ҷиддии саломатӣ кам аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД