Толеъномаи 12 ноябр
Ҳамал
Имрӯз барои вохӯрӣ бо дӯстону наздикон ва суҳбатҳои самимӣ вақти муносиб аст. Ин ба шахсони оиладор низ дахл дорад. Нимаи дуюми рӯзро метавонед ба корҳои хона ва ободонии манзил бахшед. Қобилияти эҷодии шумо меафзояд ва дар корҳои ҳунарӣ муваффақ шуданатон мумкин аст. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед, хароҷоти беҳуда накунед. Кӯшиш кунед, ки рӯҳияи худро болида нигоҳ доред.
Савр
Агар ҳанӯз ҳамсафари зиндагӣ надошта бошед, бештар ба ҷойҳои ҷамъиятӣ равед ва аз нишастан дар хона худдорӣ кунед. Имкони шиносоӣ бо шахси муносиб зиёд аст. Нимаи дуюми рӯз барои барқарор кардани муносибат бо хешовандон ва ислоҳи нофаҳмиҳои гузашта мусоид мебошад. Аммо имрӯз неруи шумо камтар буда, корҳои расмӣ метавонанд натиҷаи дилхоҳ надиҳанд. Дар баробари ин, барои омӯзиш, сафар ва иштирок дар мусобиқаҳо рӯзи хуб аст.
Ҷавзо
Имрӯз шахсони муҷаррад аз таваҷҷуҳи дӯстдорони худ бенасиб намемонанд. Дар масъалаҳои ошиқона беҳтараш ба эҳсоси худ такя кунед ва ба маслиҳати атрофиён гӯш надиҳед. Ҳамзамон, ба аҳли оила ва наздикон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоед. Агар дар ҷустуҷӯи кори нав бошед ё хоҳед соҳаи фаъолиятатонро дигар кунед, имрӯз барои суҳбати корӣ ва мусоҳиба вақти муносиб аст. Дар касбу кор низ муваффақият ба даст оварда, даромадатонро зиёд карда метавонед. Ба фишори хун диққат диҳед.
Саратон
Агар дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон мушкилӣ пеш омада бошад, сабаби онро танҳо дар рафтори ӯ ҷустуҷӯ накунед. Шояд талабу интизориҳои аз ҳад зиёди худи шумо низ боиси нофаҳмӣ шуда бошанд. Мушкилоти шахсиро бо хешовандон дар миён нагузоред, то баҳсу мунозира сар назанад. Имрӯз барои корҳои нав, бастани шартнома ва имзои ҳуҷҷатҳои муҳим вақти муносиб нест. Аз кори зиёд хаста нашавед, сари вақт истироҳат кунед ва ба саломатии худ аҳамият диҳед.
Асад
Имрӯз метавонад воқеаи хуше рух диҳад: орзуи деринаатон амалӣ шавад ё ба ҳадафи муҳим бирасед. Барои мустаҳкам кардани муносибатҳои оилавӣ бо ҳамсаратон бештар вақт гузаронед ва корҳои рӯзгорро якҷоя анҷом диҳед. Агар ҳамаи вазифаҳоро сари вақт иҷро карда натавонед, худро сарзаниш накунед. Дар харид низ сарфакор бошед ва ба ҷойи техникаи гаронбаҳо моделҳои арзонтарро интихоб кунед. Пеш аз хоб аз истифодаи телефон худдорӣ намоед, то чашмонатон хаста нашаванд.
Сунбула
Шумо барои беҳтар кардани муносибат бо ҳамсафари зиндагӣ тамоми кӯшишро ба харҷ додаед. Акнун аз натиҷаи заҳматҳоятон баҳра баред. Дар муносибат бо аҳли оила ҳамеша ба хоҳишҳои онҳо розӣ нашавед. Баъзан қатъӣ будан низ зарур аст. Имрӯз манфиатҳои шахсии шумо метавонанд бо манфиатҳои дигарон мувофиқат накунанд. Беҳтараш инро ошкоро нишон надиҳед ва аз пешниҳоди ташаббусҳои нав худдорӣ кунед. Ҳангоми харид саросема нашавед ва пулро беҳуда сарф накунед.
Мизон
Агар хоҳед, ки зиндагии ошиқонаи худро тағйир диҳед, шитоб накунед. Вазъиятро дуруст арзёбӣ карда, ба ҳисси ботинии худ гӯш диҳед. Дар масъалаҳои молиявии оила дурандешона амал кунед, зеро қарорҳои шумо ба вазъи иқтисодии наздикон таъсир мерасонанд. Корҳои нотамомро ба таъхир нагузоред ва ҳарчи зудтар анҷом диҳед. Имрӯз масъалаҳои вобаста ба манзил низ метавонанд бомуваффақият ҳал шаванд. Барои ҳифзи чашм ба ғизои солим аҳамият диҳед ва доруро бе зарурат истеъмол накунед.
Ақраб
Имрӯз беҳтараш шомро берун аз хона гузаронед. Агар ҳанӯз ҳамсафари зиндагӣ надошта бошед, эҳтимоли шиносоӣ бо шахси муносиб зиёд аст. Аз танҳоӣ дурӣ ҷӯед ва бештар бо дӯстону наздикон муошират кунед. Дар кор шояд маҷбур шавед қарорҳои ҷиддӣ ва хатарнок қабул намоед. Кӯшиш кунед, ки масъулиятро танҳо ба дӯш нагиред. Агар касе аз шумо пул қарз пурсад, пешакӣ фикр кунед, зеро баргардонидани он метавонад тӯл кашад. Дар ҳама корҳо меъёрро риоя намоед.
Қавс
Ба зудӣ дар зиндагии шумо шахси ҷолибе пайдо шуда, ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Ин шиносоӣ метавонад ба муносибати самимӣ ва давомдор табдил ёбад. Дар муносибатҳои оилавӣ ба рӯҳия ва рафтори худ диққат диҳед, то боиси баҳсу мунозира нашавед. Дар ҷойи кор эҳтимоли нофаҳмӣ бо ҳамкорон зиёд аст. Аз асабоният худдорӣ карда, худро ба даст гиред. Вазъи молиявии шумо метавонад тадриҷан беҳтар шавад, аммо ҳоло ҳам сарфакориро фаромӯш накунед. Ба ғизо, хоб ва истироҳати худ низ аҳамият диҳед.
Ҷаддӣ
Имрӯз эҳтимол дорад баъзе намояндагони ин мучал ба барқарор кардани муносибатҳои қатъшудаи гузашта майл пайдо кунанд. Аммо пеш аз чунин иқдом хуб андеша кунед, зеро ин қарор метавонад иштибоҳ бошад. Бо шахси дӯстдоштаатон шӯхиҳои ноҷо накунед, то сабаби ранҷишу нофаҳмӣ нашавед. Дар масъалаҳои корӣ имкониятҳои хуб пайдо мешаванд. Агар пешниҳоди судманде гиред, ҳатто дар сурати зарурати иваз кардани ҷойи кор аз он истифода баред. Дар хароҷот оқилона бошед ва барои истироҳату хоби кофӣ вақт ҷудо кунед.
Далв
Имрӯз неруи зиёд доред ва метавонед муносибатҳои ошиқонаи худро беҳтар созед, ба зиндагии оилавӣ гармӣ бахшед ё саҳифаи наверо дар ҳаёт оғоз кунед. Аммо аз якравӣ ва исрор бар фикри худ худдорӣ намоед. Баъзан беҳтараш каме сабр кунед ва вақти муносибро интизор шавед. Кӯшишу заҳматҳои имрӯзаатон дар оянда натиҷаи хуб медиҳанд ва вазъи молиявиятон беҳтар мешавад. Агар соҳибкор бошед, ҳуҷҷатҳои кориро ба тартиб дароред ва ба санҷишҳои эҳтимолӣ омода бошед. Аз муноқиша ва ҳолатҳои хатарнок дурӣ ҷӯед.
Ҳут (Моҳӣ)
Агар нисбат ба шахси дӯстдоштаатон шубҳае дошта бошед, беҳтараш онро ошкоро ва самимона баён кунед. Пинҳон доштани масъалаҳо метавонад муносибатро сард созад. Имрӯз барои андешидани воқеаҳои гузашта ва ҳалли нофаҳмиҳо вақти муносиб аст, махсусан субҳ. Корҳои муҳим ва масъулиятнокро ба рӯзи дигар гузоред, эҳтимоли хато карданатон зиёд аст. Аз муомилоти молиявӣ, хариди калон ва қарз додани пул худдорӣ намоед. Ба саломатӣ аҳамият дода, бештар дар ҳавои тоза сайругашт кунед.