Чанде пеш дар сомонаҳои иҷтимоӣ хабаре пайдо шуда буд, ки филмсозони Туркия ҳунарпешаи ҷавон ва муваффақи тоҷик Моҳпайкар Ёроваро барои бозидани нақши малика дар як филми навашон даъват намудаанд.
Интизор мерафт, ки дар ин филм Моҳпайкар бо ситораи синамои турк Бурак Озчивит нақш мебозад, аммо баъдан наворгирии филм ба таъхир афтод. Дар байни мухлисони синамо овозае паҳн гашт, ки гӯё Бурак Озчивит эътироз кардааст, ки агар нақши маликаи форсро актрисаи тоҷик бозӣ кунад, ӯ аз иштирок дар ин филм ба пуррагӣ даст мекашад. Барои фаҳмидани асли моҷаро мо бо ҳунарпешаи фариштарӯю фариштахӯйи тоҷик Моҳпайкар Ёрова ҳамсуҳбат гаштем.