goodwell
МАРО БА ҶОДУГАРӢ ТУҲМАТ КАРДАНД...
01.11.2026
Оила
47
no-img

МАРО БА ҶОДУГАРӢ ТУҲМАТ КАРДАНД...
 Ассалом ба ҳамаи хонандагон.
Мехоҳам саргузашти худро нависам. Ҳарчанд аз он рӯзҳои талх солҳо гузаштаанд ва имрӯз зиндагии орому хушбахт дорам, баъзан як туҳмати ноҳақ тамоми хотираҳои кӯҳнаро пеши чашмам меорад.
Ман дар оилаи омӯзгор ба воя расидаам. Падару модарам моро ҳамеша ба ростгӯӣ, ҳалолкорӣ ва эҳтироми дигарон тарбия мекарданд. Баъди ба шавҳар баромадан ҳам кӯшиш мекардам, ки дар хонаи шавҳарам бо ҳама муносибати хуб дошта бошам.
Аммо рӯзе хонаводаи шавҳарам маро ба коре муттаҳам карданд, ки ҳатто тасаввураш бароям даҳшатовар буд.
Гуфтанд, ки гӯё ман ба хоҳари шавҳарам ҷоду кардаам. Ба қавли онҳо, аз зери болишту кӯрпаи ман тумор ва лӯхтакҳои бо сӯзан сӯрохкардашударо ёфтаанд.
Ман дар ҳайрат мондам. На чунин корро медонистам ва на ба ин чизҳо бовар доштам. Аммо ҳар қадар қасам мехӯрдам, касе ба суханам гӯш намедод.
Хоҳаршӯям пайваста назди модару бародараш гиря мекард: «Янгаам маро чашми дидан надорад. Маро ҷоду кардааст, то бемор шавам ва дигар касе ба хостгориам наояд».
Хулоса, маро бо дашному таҳқир аз хона берун карданд.
Он вақт ҳомиладор будам. Дар шикамам духтарча доштам. Ба хонаи бародарам омадам, вале умедамро аз шавҳарам намекандам. Фикр мекардам, ки баъди ором шудани вазъ меояд, ҳақиқатро мефаҳмад ва ақаллан ба хотири фарзандаш маро бармегардонад.
Аммо ӯ наомад.
Рӯзе бо телефон гуфт, ки дигар зиндагии мо тамом шудааст. Дере нагузашта фаҳмидам, ки духтари ҷавонеро бо тӯю тамошо ба занӣ гирифтааст.
Ман бо кӯдаки хурдсол дар хонаи бародарам мондам. Янгаам ба ман дӯзандагиро ёд дод. Аввал барои ҳамсояҳо либос медӯхтам, баъдтар фармоишҳоям зиёд шуданд. Ҳамин ҳунар ба ман ёрӣ дод, ки худро нотавон эҳсос накунам.
Баъд як ҳамсояи янгаам маро барои писараш, ки аз ҳамсараш ҷудо шуда буд, хостгорӣ кард. Ростӣ, аввал метарсидам. Гумон мекардам, ки дигар ба касе бовар карда наметавонам.
Аммо имрӯз шукр мегӯям. Бо шавҳарам зиндагии хуб дорем ва соҳиби боз як духтарча шудем. Ӯ духтари калониамро ҳам мисли фарзанди худ дӯст медорад.
Бо вуҷуди ин, баъзан ҳамон туҳмати ноҳақ ба хотирам меояд ва оҳи сард мекашам...  
Худо ҳеҷ касро, ҳатто душмани одамро ҳам, гирифтори туҳмати ноҳақ нагардонад.
А., сокини шаҳри Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД