Фоҷиаи хунин дар Ҳисор: Писари нохалаф ҳурмати модариро аз байн бибурд, меҳри бародаронро пушти по зад ва даст ба ҷинояте зад, ки инсоният мислашро надидаасту интизор ҳам надошт.
Ин фоҷиаи гушношунид амали дасти ҷавони 18- солаест, ки модар ва ду бародари мактабхонашро бо корди говкушӣ ба қатл расонда, сипас ҷасадҳояшонро оташ задааст.
Тавре ба хабарнигори сомонаи “Оила” Роҳила Рашидова ном сокини шаҳри Ҳисор хабар дод, ҳодиса ду рӯз пеш аз ҷониби ҷавонписари тақрибан 18 сола ба хотири маблағ ба вуқӯъ пайвастааст. Падарандари Юсуф дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Рӯзи сар задаи ҳодиса ин ҷавон аз модараш маблағ талаб кардааст, аммо модар ин хоҳиши фарзандро рад карда гуфтааст, ки пул надорад. Дар ҳамин ҳол ӯ оташин шуда, сари қаҳру ғазаб модар ва ду бародарашро бо корд кушта, аз хона баромада рафтааст. Пас аз як рӯзи баргашт ҷасади пайвандонашро дар ошхонаи манзилашон оташ задааст. Бо ин восита хостааст, ҷиноятро пинҳон нигоҳ дорад. Вале, ҳангоми таҳқиқи ҳодиса ҷиноят аз ҷониби шӯъбаи ташхиси шаҳри Ҳисор ошкор гардид.
Як нафар аз шӯъбаи ташхиси шаҳри Ҳисор хабари мазкурро тасдиқ карда, зикр намуд, ки аз рӯйи ҷасади нимсӯхтаи маҳрумон муайян шуд, ки онҳо дар асари корзанӣ кушта шудаанд. Ҷасадҳои кушташудагон дирӯз тақрибан соати 16:00 дар деҳаи Арбобии шаҳри Ҳисор ба хок супорида шудаанд.
Хабарнигорони сомонаи Oila.tj дар фурсати наздиктарин ҳодисаро пайгирӣ намуда, тафсилоти пурраи воқеаро бароятон баррасӣ мекунанд.