Formula novemver 2024
БАЪДИ БОЗИИ ГТА: ТАФСИЛОТИ КУШТОРИ ВАҲШИЁНАИ СУМАЯИ ШАШСОЛА ВА МОДАРАШ САНЪАТХОН (4 АКС)
5064

 

Санъатхон, Сумаяи ғӯррамарг ва Парвиз Сайфиддинов

Сумая духтарчаи шашсолаи Санъатхон буд, ки модараш дар синни сесолагӣ ӯро ҳамроҳ бо худ оварда буд. Ин кӯдаки маъсум замоне ки дар рӯйи ҳавлӣ бо лаҳни кӯдакӣ машғули бозӣ буд, ба чанги амакандараш афтод ва хуни бегуноҳаш атрофи ҳаммому ҳоҷатхона (ҷои ҳодиса)-ро лолагун кард. Вақте модари ҷавонмаргаш ба ҳимояи ӯ шитофт боз амакаш 11 корд ба бадани нозуки модари лоғарандомаш зада, ӯро ҳам қасдан аз ҳаёт маҳрум кард. Хоҳарчаи Сумая Саёҳат пас аз 5 рӯз зодрӯз дорад ва дусола мешавад. Ин тифл аз марги ваҳшиёнаи модару хоҳараш хабар надод ва рӯй-рӯйи хона ғелак зада бозӣ мекунад....

Парвиз хуни Санъатой ва Сумаяро рехт

Ҳодисаи ба таври ваҳшиёна янга ва ҷиянашро куштани ҷавони 27-сола дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баробари ҳаракатҳои террористӣ дар марз мардумро ба ҳолати шок овард. Зеро гулӯи духтарчаи 6-соларо бераҳмона буридан ва модари ӯро бо зарби 11 корд аз ҳаёт маҳрум кардан дар воқеъ ҷинояти даҳшатборест, ки ҳар касеро, ки дар дилаш заррае раҳму шафқат дорад, маҷбур ба гиребон гирифтан мекунад.

Парвизро баъди хизмати ҳарбӣ асабҳояш вайрон шуда буд

Шаҳзода Сайфиддинова, хоҳарбузурги гумонбар Парвиз Сайфиддинови 27-сола аст, ки рӯзи 7-ноябр ҷиян ва янгаашро кушт. Шаҳзода оид ба мушкили хонаводагӣ ва сабабҳои сар задани ҳодисаи хунин дар оилаашон чунин қисса кард:

-Фарзанди калонии оила манам ва мо 5 нафар, ду писар ва се духтар ҳастем. 19-сол боз дар шаҳри Москваи ФР кору зиндагӣ мекунам ва барои таъмини оилаамон кӯмак мерасонам. Додарам Парвиз 4-5 сол пеш бо хоҳиши худаш ба хизмати ҳарбӣ рафт ва ду сол дар Регар (шаҳри Турсунзода) хизмат кард. То дами ба хизмат рафтан хушчақчақ буд ва ҳамеша дар бари мо нишаста шӯхиҳо мекард, аммо баъди омаданаш аз сафи Қувваҳои мусаллаҳ рафтору характераш тамоман дигар шуд. Бадҷаҳл, бадгап, танҳоипараст ва одамгурез шуд, ҳатто хӯрокро бо мо якҷо намехӯрд. Модарам-Мӯҳтарам Сайфиддинова баъди ин дигаргуниҳои манфиро дарк кардан ба мақомоти зиёд шикоят кард, ки писари маро бемор кардед дар хизмат, аммо касе аҳамият ҳам надод.

Барои ба сафи инсонҳо аз нав пайваста ва дигар шуданаш маҷбур шудам ҳамроҳам ба Русия барам. Ду сол он ҷо кор кард ва дар мағозаҳо баркашону ҳаммол шуда нон ёфт. Аммо дидам, ки бо харидорон ва роҳгузарону корфармоён зиёд муноқиша мекунад ва ҳатто рафторҳое мекунад, ки инсони солимақл намекунад. Аз ин рӯ, зораю тавалло намуда ба Ватан гуселаш кардам.

1-декабри соли 2018 Парвиз (26 сола ҷавон)-ро мисли кӯдак бо харида додани телефони замонавӣ ва ноутбук алда кардаму ба пеши модару падарам фиристодам, зеро дар ҷои кор ҷанг мехезонд ва афташро гирянамуд карда "вой извини” гӯён ғаши мардуми русро меовард. Барои нохушӣ нашудан доим гапи хуб мегуфтам. Дар Русия нахушӣ нашавад гуфта гусел кардам, аммо аз миён сол нагузашта ин гуна нохушии калон шуд... – қисса мекунад Шаҳзода Сайфиддинова, апаи Парвиз.

Парвиз доруҳоро ба партов партофту...

Вақте аз Шаҳзода сабаби асосии сар задани фоҷиаи рӯзи 7-ноябрро пурсидем, гуфт:

-Ҳамон рӯзи наҳс ман бегоҳӣ, тахминан соатҳои 4 аз Русия ба хона омадам. Ин маротиба пешакӣ нагуфтам ва хостам сюрприз кунам. Аммо вақте ба пеши дар расидам, амакамро дар тан либоси мотам дидам, ки дар барашон як-ду марди ҳамсоя истода буданд.

Мани аз ҳодиса бехабар хандакунон "ҳа тинҷӣ, чаро ҳеҷ кас ба пешвози ман намебарояд?” гуфта суолкунон ба ҳавлӣ даромадам. Дар ҳавлӣ модар, падар ва холааму як ҳамсоя доду фарёду гиряву нола доштанд. Вақте чи шуданашро пурсидам, модарам гуфт: “Додарат Парвиз зани Илҳомро бо духтарчааш кушт!”

Қувват аз қалбам рафт ва дар ҷоям шок шуда шиштам. Вақте пурсидем, ки шояд байни янга ва додараш хусумат ё ҷанҷол шуда бошад?, ӯ гуфт:

- Дар дурӣ бошам ҳам, тез-тез занг зада бо воситаи видео гап мезадам. Парвиз аз келин шод буд, байни ҳевару янга дар давоми се соли зиндагӣ дар як ҳавлӣ ягон бор ҷанҷол нашудааст. Додарам касали руҳӣ буд ва ҳамин сабаби асосии куштор шуд, зеро одами солим раҳм ва ақл дорад. Худро идора мекунад ва ин амалро намекунад. Ду сол пеш вақте Парвизро ба пеши духтурони асаби шаҳри Маскав бурдам, онҳо доруву сӯзандоруҳо навиштанд. Вақте аз дорухона дорувориҳоро харида овардам, ҳамаашро ба партов партофту гуфт: “Акнун он доруҳоро худат ёфта хӯр!”

Марҳум зани панҷум буду ЗАГС надошт...

Марҳум Санъатхон (ДАР АКС) зани 5-уми Илҳом, бародари Парвиз Сайфиддинов буда, никоҳи расмӣ, яъне ЗАГС надоштааст. Санъатхон зодаи Исфара буда, баъди издивоҷаш бо Илҳом ҳамроҳи духтарчааш аз шавҳари қаблӣ ба Хистеварз кӯчида омада буд.

Вақте аз хоҳарбузурги Парвиз сабаби аз шаҳри Исфара бо духтарчааш зан гирифтани додараш Илҳомро пурсидем гуфт:

-Додарам Илҳом Сайфиддинов 34 сол дошта, бори 5-ум оиладор шуд ва раҳматии Санъатхон зани панҷумаш буд. Онҳо соли 2016 тариқи никоҳи мусулмонӣ оиладор шуданд, вале то ҳол ЗАГС надоштанд. Сабаби аз дигар минтақа зан гирифтани Илҳом ин буд, ки дигар касе аз ин атроф духтар надод, ҳато зани чорумаш ҳам аз деҳаи Чоркӯҳи Исфара буд ва ӯ ҳамагӣ як моҳ ҳам тоқат накарда, баромада рафт. Беҳона пеш овард, ки дар ҳавлии шумо нафасам буғз мешавад.

Сумаяи ғӯрамарг зодрӯзашро дар зери хоки сард пешвоз мегирад

Сумая духтарчаи шашсолаи Санъатхон буд, ки модараш дар синни сесолагӣ ӯро ҳамроҳ бо худ оварда буд. Ин кӯдаки маъсум замоне, ки дар рӯйи ҳавлӣ бо лаҳни кӯдакӣ машғули бозӣ буд, ба чанги амакандараш афтод ва хуни бегуноҳаш атрофи ҳаммому ҳоҷатхона (ҷои ҳодиса)-ро лолагун кард. Вақте модари ҷавонмаргаш ба ҳимояи ӯ шитофт, боз амакаш 11 корд ба бадани нозуки модари лоғарандомаш зада, ӯро ҳам қасдан аз ҳаёт маҳрум намуд. Ба гуфти аммаи Сумая, ӯ рӯзи 1-январ зодрӯз дошт ва шашсолагиро пур мекард. Хоҳарчааш Саёҳат бошад пас аз 5 рӯз зодрӯз дорад ва дусола мешавад. Ин тифл аз ҳодисаи ба сари модару хоҳараш омада бехабар асту рӯй-рӯйи хона ғелак зада бозӣ мекунад.

Парвиз шабу рӯз аз хона набаромада хоб мерафт

Сабрина Сайфиддинова, хоҳари хурдии Парвиз буда, ҳама дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекунанд. Рӯзи сар задани ҳодиса ӯ дар меҳмонӣ буд ва баъди баргаштанаш шоҳиди чӣ гуна ба хун оғӯшта шудани саҳни ҳавлиашон дар қисмати ҳаммому ҳоҷатхона шуд. Ӯ гуфт:

- Акоям баъди аз Русия омаданаш доимо дар хона хоб мерафт ва вақте бедор мешуд, бо ноутбук ГТА бозӣ карда менишаст. Бисёр вақт хӯрок ҳам намехӯрд ва бо кӯрпа рӯяшро маҳкам пӯшида мехобид. Телефонаш гоҳо 5-6 рӯз дар дасти ман меистод ва ҳатто суроғ намекард. Мо ҳам намефаҳмидем ки чӣ мехоҳад ва чаро ҳатто ба куҷо будани телефонаш аҳамият намедиҳад? Одамбезор буд ва танҳоиро дӯст медошт...

Ҳоло нисбати Парвиз Сайфиддинов, гумонбари куштори модару кӯдак бар асоси моддаи 104, қисми 2 и КҶ ҶТ парванда бо иттиҳоми куштори ду нафар бо бераҳмии махсус оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

ВКД ХАБАР МЕДИҲАД:

Ошкор шудани куштори бераҳмонаи  духтарчаи 6-сола ва модараш

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 7-уми ноябри соли 2019, тахминан соати 10:30-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиашон бинобар сабабҳои номаълум бо корди хоҷагӣ гулӯи ҷияни хурдсолаш, духтарчаи 6-соларо то рагҳои калони хунгард бурида, ба ҳалокат расонидааст, сипас, ҳамсари бародараш зани 27-соларо бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан бо корди хоҷагӣ 11-маротиба ба аъзои баданаш зада, ба ҳалокат расонидааст.

Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

ДАР АКС: Ҷои ҳодисаи куштори бераҳмонаи Санъатхон ва Сумая

Бознашр аз сомонаи Ахбор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД