Arzon march 2024
Зан гӯшти шавҳарашро бирён карда хӯрд...
3072


Ин ҳодисаи даҳшатангез дар шаҳри Екатеринбурги Русия рӯй дода, тамоми сокинони ин шаҳрро ба ваҳшат андохтааст.

Як зани сокини кӯчаи Кӯйбишев 112-и ин шаҳр гӯшти бадани шавҳарашро хӯрда, боқимондаҳои ҷасадро дар майдончаи бозии кӯдакон партофтааст.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, зан мурдаи шавҳарашро ба як хилъати калон печонда, бо мақсади дар баки партовгоҳ партофтан аз манзили зисташ баровардааст, вале зӯраш нарасида, дар баромадгоҳи бино, аниқтараш дар майдончаи бозии кӯдакон ҷасад аз дасташ меафтад. Кӯдакон бо дидани ин манзара доду фиғон бардошта, калонсолонро ба ёрӣ мехонанд.
Бо дидани ҷасади мард, ки кайҳо бӯй гирифта, пойҳояш набуданд, хурду калон ба даҳшат афтиданд. Ҳайратовараш он аст, ки худи зан заррае ибову парво накарда, дар пеши чашми мардум либосҳояшро кашида, тамоми аъзои баданашро ҷунбондаю ларзонда рақсидааст. Кормандони мақомоти тафтиштӣ дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, боқимондаҳои ҷасадро барои ташхис ба экспертиза бурданд. Экспертҳо мегӯянд пайи тир, захми корд ва дигар нишонаҳои марги маҷбурӣ дар ҷасад дида намешавад, сар ва қисматҳои болоии тани мард мавҷуд буда, танҳо пойҳояш ба куҷое ғайб задаанд.
Ба саволи муфаттишон дар бораи куҷо шудани пойҳои мард ҳамсараш ҷавоби дақиқ надодааст. Аниқтараш вай худро ба нодонӣ зада, мегӯяд, ки шавҳараш зинда аст.

Ҳаққу ҳамсояҳои ин хонавода ин мавзуъи даҳшатангезро дар сомонаҳои иҷтимоӣ байни худ муҳокима карда, навишта истодаанд, ки ин зан гӯшти бадани шавҳараш, аниқтараш пойҳои ӯро хӯрда, баъдан бо сабаби бӯй гирифтани мурда боқимондаи ҷасадро аз хонааш баровардааст, то бурда ба партовгоҳ партояд.
Ҳамсояҳо ва ҳатто писари марҳум занро девона шумурда, талаб карда истодаанд, ки зани “шавҳархӯр” ба девонахона бурда шавад, аммо табибон дар ӯ ягон аломатӣ бемории рӯҳиро пайдо накардаанд.

Дар рафти тафтишот муайян гаштааст, ки ин марди бадбахт собиқ корманди милиса буда, соли 1996 ба нафақа баромада будааст.
Ҳамсояҳояшон мегӯянд, зану шавҳар зиндагии бисёр қашшоқона доштанд ва аз нодорию камбағалӣ мудом аз партговҳо пасмондаҳои ба ахлотқуттӣ партофтаи мардумро ба хонаашон оварда мехӯрданд. Аз ҳамин сабаб панҷ соли охир аз манзили ин пиракиҳо бӯйи ниҳоят бад ба машом расида, вақти аз назди дари онҳо гузаштан ҳамсояҳо даҳону биниашонро бо кафи дасташон дошта мегузаштанд.
Дар байни мардум миш-миш ҳаст, ки гӯё зан бо дасти худаш шавҳарашро ба он дунё фирисода, баъди марги мӯйсафед як қисми гӯшти бадани ӯро хӯрдааст, аммо то куҷо ҳақиқат доштани ин овоза ва сару садоҳо маълум нест. Азбаски зану шавҳар бо ҳаққу ҳамсояҳо тамоман рафта омад надоштанд, гуфтан душвор аст, ки байнашон нофаҳмӣ ва ҷангу ҷидол вуҷуд дошт ё не.
Тафтишоти ин қазияи вазшатангез аз ҷониби мақомоти тафтишотии ноҳияи Октябри шаҳри Екатеринбург идома дорад. Муфаттишон сабаби марги собиқ корманди милиса ва ба куҷо ғайб задани пойҳои ӯро муайян хоҳанд кард.

Фирӯза Сатторӣ,
(Мавод аз сомонаи znak.com гирифта шудааст)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД